ҲАДАФ САТҲИ НЕКУАҲВОЛИИ АҲОЛИСТ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ҳуҷҷате қабул кардан лозим аст, ки тамоми масъалаҳои мубрами рузро баррасӣ намуда, барои рушди минбаъдаи ҷомеа заминаи ҳалкунандаро мебозад. Аз Паёми навбатӣ бар меояд, ки дар муддати 30-соли Истиқлолият сатҳи некуаҳволии ҷомеа руз то руз афзоиш ёфта, баҳри боз ҳам беҳтар гардонидани зиндагии мардум сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас аст. Чуноне, ки дар Паём зикр гардид: «Сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад». Барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар Паёми мазкур солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуд. Мувофиқи лоиҳаи дурнамои «Солҳои рушди саноат» сатҳи камбизоатӣ боз то 15 фоиз коҳиш дода мешавад, ки ин  яке аз ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат марҳила ба марҳила ҷомаи амал пушида истодааст. Ҳамаи ин дастовардҳо ва созандагиву бунёдкорӣ маҳз аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату ҳукумат вобаста мебошад.

                                                  Судяи суди ноҳияи Шаҳринав:  Шерализода Орзу Шералӣ