АФЗАЛИЯТИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

                                                              АФЗАЛИЯТИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

          Таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрванд яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

        Равшан аст, ки аксар аз сабаби надонистани қонун ҷиноят рух медиҳад. Маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон имкон медиҳад, ки миқдори ҷиноят кам гардад, пеши роҳи он гирифта шавад. Бо ҳамин мақсад ҳануз аз 09.04.1997 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар такя бо санадҳои маъёрии ҳуқуқӣ ба тавсиб расида буд. Тарбияву таълими ҳуқуқии шаҳрвандон бо назардошти тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, фарҳангу суннатҳои миллӣ ҳамчун арзишҳои миллӣ ҷараён мегирад ва дар амалигардии чунин барнома ВАО, вохуриву баромадҳо байни аҳолӣ нақши арзанда дорад.

                                     Судяи суди ноҳияи Шаҳринав:  Шерализода Орзу Шералӣ