Қаллобӣ ҷазо дорад!

Парвандаи ҷиноятии №2-05/2020

 

 

ҲУКМ

АЗ  НОМИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН

 

Суди ноҳияи Шаҳринав

Дар ҳайати раисикунанда, судя                                                       Шерализода О.Ш.

Бо котибии                                                                                               Ҳамдамзода А.Т.

Бо иштироки  айбдоркунандаи давлатӣ                                          Иброҳимзода Н.

Дар маҷлиси ошкорои cайёри судӣ дар бинои Ҷамоати деҳоти Шаҳринави ноҳияи Шаҳринав «03»-юми марти 2020 сол парвандаи ҷиноятиро бо айбдории:

Ҳ.Ҳ.А, санаи таваллудаш 05.07.1962 сол, зодаи шаҳри Турсунзода, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олии омӯзгорӣ, оиладор соҳиби 6 нафар фарзанд, мувақатан бекор, қаблан суд нашудааст, аъзои ягон ҳизб нест, истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода, Ҷамоати деҳоти Қаратоғ, деҳаи Аршӣ

чораи пешгирияш аз 30.11.2019 сол дар намуди  забонхат дар бораи нарафтан аз маҳалли истиқомат татбик карда шудааст,

нусхаи хулосаи айбдориро рӯзи 28.01.2020 сол гирифтааст,

С.Ҳ.Ҷ, санаи таваллудаш 08.09.1949 сол, зодаи шаҳри Турсунзода, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ ӯзбек, таҳсилоташ олии омӯзгорӣ, оиладор соҳиби 9 нафар фарзанд, нафақахӯр, қаблан суд нашудааст, аъзои ягон ҳизб нест, истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода, Ҷамоати деҳоти Қаратоғ, деҳаи Гулбутта

чораи пешгирияш аз 30.11.2019 сол дар намуди  забонхат дар бораи нарафтан аз маҳалли истиқомат татбик карда шудааст,

нусхаи хулосаи айбдориро рӯзи 24.01.2020 сол гирифтааст,

дар содир намудани ҷиноят бо банди «а»-и қисми 3-и моддаи 247 ва бандҳои «а,б,в»-и қисми 2-и моддаи 340-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуда, суд:

 

МУАЙЯН   КАРД:

Судшаванда Ҳ.Ҳ.А. дар асоси фармоиши мудири Шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода аз 01 сентябри соли 2015 таҳти №670 ба вазифаи директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63-и шаҳри Турсунзода таъин гардида, бо истифодаи мақоми хизматӣ ва аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо С.Ҳ.Ҷ. дар чунин ҳолатҳо даст ба содир намудани ҷиноят задааст.

Чунончӯ, ӯ мобайнҳои моҳи ноябри соли 2019 дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бо шаҳрванд С.С.Д. вохӯрда, аз мақсади охирин дар хусуси барои ҷабрдида Т.М.А. дастрас намудани шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ огоҳ шуда, ба худ мақсади ғаразнок, яъне бо роҳи фиреб ба даст овардани фоидаи муфтро гузоштааст. Сипас, судшаванда Ҳ.Ҳ.А. баҳри бо роҳи қаллобӣ тасарруф намудани молу мулки ғайр, дарҳол бо шиносаш судшаванда С.Ҳ.Ҷ. дар ҳудуди шаҳри Турсунзода вохӯрда, ҷиҳати бо роҳи сохтакорӣ омода ва дастрас намудани аттестат дар бораи маълумоти миёна ва дар ин замина тасарруф намудани молу мулки ғайр маслиҳати пешакӣ намудаанд. Зимнан, судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. нархи чунин аттестатро ба маблағи 3000 сомонӣ муайян намудаанд.

Минбаъд, судшаванда С.Ҳ.Ҷ. аз рӯи маслиҳати пешакии бо судшаванда Ҳ.Ҳ.А. ҷойдошта амал намуда, дар яке аз нуқтаҳои хизматрасонии компютерии ҳудуди бозори марказии шаҳри Турсунзода аттестат дар бораи маълумоти миёна таҳти силсила ва рақамҳои АБ№231401-ро бо истифодаи техникаи компютерӣ, тариқи сканер нусхабардорӣ намудааст.

Санаи 19 ноябри соли 2019 судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. бо шаҳрванд С.С.Д. дар чойхонаи “Роҳатӣ”, воқеъ дар шаҳри Турсунзода, кӯчаи Чапаев, вохӯрда, аз охирин маблағи 3000 сомонӣ талаб карда гирифта, бар ивазаш ба номбурда як адад аттестати бо роҳи сохтакорӣ тартибдодашуда дар бораи маълумоти миёна таҳти силсила ва рақамҳои таҳрифшудаи АБ№237401-ро бидуни нишон додани ному насаби хатмкунанда ва дигар маълумотҳои зарурӣ дастрас намудаанд.

Судшаванда Ҳ.Ҳ.А. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, охирҳои моҳи ноябри соли 2019 аз шаҳрванд С.С.Д. дар хусуси ба ҷабрдида Т.М.А. лозим будани боз се адад шаҳодатномаи дигар дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ хабардор шуда, бо мақсади бо роҳи қаллобӣ ба даст овардани фоидаи муфт дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бо судшаванда С.Ҳ.Ҷ. вохӯрда, такроран дар бораи бо тарзу усули болозикр тасарруф намудани молу мулки ғайр маслиҳати пешакӣ намудаанд. Зимнан, судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ нархи се адад чунин шаҳодатномаро ба маблағи 12000 сомонӣ муайян намуда, ин маблағро аз ҷабрдида Т.М.А. ба воситаи С.С.Д. талаб кардаанд.

Ҳамин тариқ, 29 ноябри соли 2019 судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. аз рӯи маслиҳати пешакии ҷойдошта амал намуда, бо С.С.Д. ва ҷабрдида Т.М.А. дар ноҳияи Шаҳринав, кӯчаи Турсунзода, назди роҳи автомобилгарди самти Душанбе-Турсунзода вохӯрда, аз охирин маблағи 12000 сомонӣ талаб намуда гирифта, бар ивази он се адад шаҳодатномаҳои бо роҳи сохтакорӣ тартибдодашуда дар бораи маълумоти миёна таҳти силсила ва рақамҳои таҳрифшудаи АБ№231401, АБ№231407 ва БП№150293-ро бидуни нишон додани ному насаби хатмкунанда ва дигар маълумотҳои зарурӣ дастрас намудаанд, ки дар натиҷа, ба ҷабрдида Т.М.А. ба маблағи умумии 15000 сомонӣ зарари калони моддӣ расонидаанд.

Бо ин ҳаракатҳояш судшаванда Ҳ.Ҳ.А. такроран, аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, бо роҳи фиреб ва суйистифодаи боварӣ маблағи 15000 сомонии ҷабрдида Т.М.А.-ро тасарруф намуда, ба ӯ зарари моддии калон расонидаанд.

Ғайр аз ин, судшаванда Ҳ.Ҳ.А. бо мақсади бо роҳи қаллобӣ тасарруфи молу мулки ғайр мобайнҳои моҳи ноябри соли 2019 дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бо судшаванда С.Ҳ.Ҷ. вохӯрда, дар хусуси бо роҳи сохтакорӣ омода ва дастрас кардани аттестат дар бораи маълумоти миёна маслиҳати пешакӣ намудааст.

Минбаъд, судшаванда С.Ҳ.Ҷ. аз рӯи маслиҳати пешакии бо судшаванда Ҳ.Ҳ.А. ҷойдошта амал намуда, ба аттестат дар бораи маълумоти миёна таҳти силсила ва рақамҳои АБ№231401 худсарона дар қисмати баҳо ва ному насаби омӯзгорон маълумоти таҳрифшуда ворид карда, онро дар яке аз нуқтаҳои хизматрасонии компютерии ҳудуди бозори марказии шаҳри Турсунзода бо истифодаи техникаи компютерӣ, тариқи сканер нусхабардорӣ намудааст.

Санаи 19 ноябри соли 2019, судшаванда Ҳ.Ҳ.А. дар якҷоягӣ бо судшаванда С.Ҳ.Ҷ. бо шаҳрванд С.С.Д. дар чойхонаи “Роҳатӣ”, воқеъ дар шаҳри Турсунзода, кӯчаи Чапаев, вохӯрда, аз охирин маблағи 3000 сомонӣ талаб карда гирифта, бар ивазаш ба номбурда як адад аттестати бо роҳи сохтакорӣ тартибдодашуда дар бораи маълумоти миёна таҳти силсила ва рақамҳои таҳрифшудаи АБ№237401-ро бидуни нишон додани ному насаби хатмкунанда ва дигар маълумотҳои зарурӣ дастрас намудааст.

Судшаванда Ҳ.Ҳ.А. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, такроран, охирҳои моҳи ноябри соли 2019 бо мақсади бо роҳи қаллобӣ ба даст овардани фоидаи муфт дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бо судшаванда С.Ҳ.Ҷ. вохӯрда, дар бораи тариқи сохтакорӣ омода намудани се адад шаҳодатномаи дигар дар бораи маълумоти миёна маслиҳати пешакӣ намуда, нархи онҳоро ба маблағи 12000 сомонӣ муайян кардаанд.

Судшаванда С.Ҳ.Ҷ. тибқи маслиҳати пешакии бо судшаванда Ҳ.Ҳ.А. кардааш амал намуда, бо роҳи сохтакорӣ қисмати ному насаб ва соли додани шаҳодатнома дар бораи маълумоти миёна таҳти силсила ва рақамҳои БП№150293-ро, ки ба худи ӯ тааллуқ дошт, бо қоғазпораҳо рӯйпуш намуда, онро дар яке аз нуқтаҳои хизматрасонии компютерии ҳудуди бозори марказии шаҳри Турсунзода бо истифодаи техникаи компютерӣ, тариқи сканер нусхабардорӣ намуд.

Ҳамин тариқ, санаи 29 ноябри соли 2019, судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. аз рӯи маслиҳати пешакии ҷойдошта амал намуда, бо шаҳрванд С.С.Д. ва ҷабрдида Т.М.А. дар ноҳияи Шаҳринав, кӯчаи Турсунзода, назди роҳи автомобилгарди самти Душанбе-Турсунзода вохӯрда, аз охирин маблағи 12000 сомонӣ талаб карда гирифта, бар ивазаш се адад шаҳодатномаҳои бо роҳи сохтакорӣ тартибдодашуда дар бораи маълумоти миёна таҳти силсила ва рақамҳои таҳрифшудаи АБ№231401, АБ№231407 ва БП№150293-ро бидуни нишон додани ному насаби хатмкунанда ва дигар маълумотҳои зарурӣ дастрас намудаанд.

Бо ин ҳаракатҳояш судшаванда Ҳ.Ҳ.А. такроран, бо истифодаи техникаи компютерӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ бо судшаванда  С.Ҳ.Ҷ. шаҳодатнома, дигар ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиханда ё аз ӯҳдадорӣ озодкунандаро, бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани чунин ҳуҷҷат сохтакорӣ намудааст.

Судшаванда С.Ҳ.Ҷ. мобайнҳои моҳи ноябри соли 2019 дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бо шиноси худ судшаванда Ҳ.Ҳ.А. вохӯрдааст. Зимни суҳбат, судшаванда Ҳ.Ҳ.А. ӯро аз мақсади шаҳрванд С.С.Д. дар хусуси барои ҷабрдида Т.М.А. дастрас намудани шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ огоҳ намудааст.

Минбаъд, судшавандаҳо С.Ҳ.Ҷ. ва Ҳ.Ҳ.А. ба худ мақсади ғаразнок, яъне бо роҳи фиреб ба даст овардани фоидаи муфтро гузошта, ҷиҳати бо роҳи сохтакорӣ омода ва дастрас намудани аттестат дар бораи маълумоти миёна ва дар ин замина тасарруф намудани молу мулки ғайр маслиҳати пешакӣ намудаанд. Зимнан, судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. нархи чунин аттестатро ба маблағи 3000 сомонӣ муайян намудаанд.

Судшаванда С.Ҳ.Ҷ. аз рӯи маслиҳати пешакии бо судшаванда Ҳ.Ҳ.А. ҷойдошта амал намуда, дар яке аз нуқтаҳои хизматрасонии компютерии ҳудуди бозори марказии шаҳри Турсунзода аттестат дар бораи маълумоти миёна таҳти силсила ва рақамҳои АБ№231401-ро бо истифодаи техникаи компютерӣ, тариқи сканер нусхабардорӣ намудаанд.

Санаи 19 ноябри соли 2019, судшавандаҳо С.Ҳ.Ҷ. ва Ҳ.Ҳ.А. бо шаҳрванд С.С.Д. дар чойхонаи “Роҳатӣ”, воқеъ дар шаҳри Турсунзода, кӯчаи Чапаев, вохӯрда, аз охирин маблағи 3000 сомонӣ талаб карда гирифта, бар ивазаш ба номбурда як адад аттестати бо роҳи сохтакорӣ тартибдодашуда дар бораи маълумоти миёна таҳти силсила ва рақамҳои таҳрифшудаи АБ№237401-ро бидуни нишон додани ному насаби хатмкунанда ва дигар маълумотҳои зарурӣ дастрас намудаанд.

Судшаванда С.Ҳ.Ҷ. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, охирҳои моҳи ноябри соли 2019 аз судшаванда Ҳ.Ҳ.А. дар хусуси ба ҷабрдида Т.М.А. лозим будани боз се адад шаҳодатномаи дигар дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ хабардор шуда, бо мақсади бо роҳи қалобӣ ба даст овардани фоидаи муфт дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бо судшаванда Ҳ.Ҳ.А. вохӯрда, такроран дар бораи бо тарзу усули болозикр тасарруф намудани молу мулки ғайр маслиҳати пешакӣ намудаанд. Зимнан, судшавандаҳо С.Ҳ.Ҷ. ва Ҳ.Ҳ.А. нархи се адад чунин шаҳодатномаро ба маблағи 12000 сомонӣ муайян намуда, ин маблағро аз Т.М.А. ба воситаи шаҳрванд С.С.Д. талаб кардаанд.

Ҳамин тариқ, 29 ноябри соли 2019, судшавандаҳо С.Ҳ.Ҷ. ва Ҳ.Ҳ.А. аз рӯи маслиҳати пешакии ҷойдошта амал намуда, бо шаҳрванд С.С.Д. ва ҷабрдида Т.М.А. дар ноҳияи Шаҳринав, кӯчаи Турсунзода, назди роҳи автомобилгарди самти Душанбе-Турсунзода вохӯрда, аз охирин маблағи 12000 сомонӣ талаб намуда гирифта, бар ивази он се адад шаҳодатномаҳои бо роҳи сохтакорӣ тартибдодашуда дар бораи маълумоти миёна таҳти силсила ва рақамҳои таҳрифшудаи АБ№231401, АБ№231407 ва БП№150293-ро бидуни нишон додани ному насаби хатмкунанда ва дигар маълумотҳои зарурӣ дастрас намудаанд, ки дар натиҷа, ба ҷабрдида Т.М.А. ба маблағи умумии 15000 сомонӣ зарари калони моддӣ расонидаанд.

Бо ин ҳаракатҳояш судшаванда С.Ҳ.Ҷ. такроран, аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, бо роҳи фиреб ва суйистифодаи боварӣ маблағи 15000 сомонии ҷабрдида Т.М.А.-ро тасарруф намуда, ба ӯ зарари моддии калон расонидаанд.

Ғайр аз ин, судшаванда С.Ҳ.Ҷ. бо мақсади бо роҳи қаллобӣ тасарруфи молу мулки ғайр мобайнҳои моҳи ноябри соли 2019 дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бо судшаванда Ҳ.Ҳ.А. вохӯрда, дар хусуси бо роҳи сохтакорӣ омода ва дастрас кардани аттестат дар бораи маълумоти миёна маслиҳати пешакӣ намудаанд.

Минбаъд, судшаванда С.Ҳ.Ҷ. аз рӯи маслиҳати пешакии бо судшаванда Ҳ.Ҳ.А. ҷойдошта амал намуда, ба аттестат дар бораи маълумоти миёна таҳти силсила ва рақамҳои АБ№231401 худсарона дар қисмати баҳо ва ному насаби омӯзгорон маълумоти таҳрифшуда ворид карда, онро дар яке аз нуқтаҳои хизматрасонии компютерии ҳудуди бозори марказии шаҳри Турсунзода бо истифодаи техникаи компютерӣ, тариқи сканер нусхабардорӣ намудааст.

Санаи 19 ноябри соли 2019, судшаванда С.Ҳ.Ҷ.  дар якҷоягӣ бо судшаванда Ҳ.Ҳ.А. бо шаҳрванд С.С.Д. дар чойхонаи “Роҳатӣ”, воқеъ дар шаҳри Турсунзода, кӯчаи Чапаев, вохӯрда, аз охирин маблағи 3000 сомонӣ талаб карда гирифта, бар ивазаш ба номбурда як адад аттестати бо роҳи сохтакорӣ тартибдодашуда дар бораи маълумоти миёна таҳти силсила ва рақамҳои таҳрифшудаи АБ№237401-ро бидуни нишон додани ному насаби хатмкунанда ва дигар маълумотҳои зарурӣ дастрас намудааст.

Судшаванда С.Ҳ.А. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, такроран охирҳои моҳи ноябри соли 2019 бо мақсади бо роҳи қаллобӣ ба даст овардани фоидаи муфт дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бо судшаванда Ҳ.Ҳ.А. вохӯрда, дар бораи тариқи сохтакорӣ омода намудани се адад шаҳодатномаи дигар дар бораи маълумоти миёна маслиҳати пешакӣ намуда, нархи онҳоро ба маблағи 12000 сомонӣ муайян кардаанд.

Судшаванда С.Ҳ.Ҷ. тибқи маслиҳати пешакии бо судшаванда Ҳ.Ҳ.А. кардааш амал намуда, бо роҳи сохтакорӣ қисмати ному насаб ва соли додани шаҳодатнома дар бораи маълумоти миёнаи таҳти силсила ва рақамҳои БП№150293-ро, ки ба худи ӯ тааллуқ дошт, бо қоғазпораҳо рӯйпуш намуда, онро дар яке аз нуқтаҳои хизматрасонии компютерии ҳудуди бозори марказии шаҳри Турсунзода бо истифодаи техникаи компютерӣ, тариқи сканер нусхабардорӣ намудааст.

Ҳамин тариқ, санаи 29 ноябри соли 2019, судшавандаҳо С.Ҳ.Ҷ. ва Ҳ.Ҳ.А. аз рӯи маслиҳати пешакии ҷойдошта амал намуда, бо шаҳрванд С.С.Д. ва ҷабрдида Т.М.А. дар ноҳияи Шаҳринав, кӯчаи Турсунзода, назди роҳи автомобилгарди самти Душанбе-Турсунзода вохӯрда, аз охирин маблағи 12000 сомонӣ талаб карда гирифта, бар ивазаш се адад шаҳодатномаҳои бо роҳи сохтакорӣ тартибдодашуда дар бораи маълумоти миёна таҳти силсила ва рақамҳои таҳрифшудаи АБ№231401, АБ№231407 ва БП№150293-ро бидуни нишон додани ному насаби хатмкунанда ва дигар маълумотҳои зарурӣ дастрас намудаанд.

Бо ин ҳаракатҳояш судшаванда С.Ҳ.Ҷ. такроран, бо истифодаи техникаи компютерӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ бо судшаванда  Ҳ.Ҳ.А. шаҳодатнома, дигар ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиханда ё аз ӯҳдадорӣ озодкунандаро, бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани чунин ҳуҷҷат сохтакорӣ намудааст.

Судшаванда Ҳ.Ҳ.А. дар маҷлиси судӣхудашро дар содир намудани ҷиноят қисман гунаҳгор шуморида, пушаймонӣ изҳор намуда, чунин нишондод дод, ки дар ҳақиқат тахминан аввалҳои моҳи ноябри соли 2019 дар шаҳри Турсунзода бо С.С. шинос шудааст. С.С.Д. аз ӯ оиди нафароне, ки солҳои пеш мактабро бо сабабҳои узрнок ба итмом нарасонидаанд, инчунин оиди тартиби қонунии гирифитани шаҳодатнома аз тарафи чунин нафарон пурсон шудааст. Ӯ ба С.С.Д. гуфтааст, ки як шинос дорад ва он шиносаш метавонад оиди ин масъала кӯмак кунад. Ҳамин тариқ, баъд аз оне, ки бо С.С.Д. вохӯрда, дар хусуси ба ҳамсари шиноси номбурда лозим будани шаҳодатнома оиди хатми МТМУ огоҳ шудааст, ба судшаванда С.Ҳ.Ҷ. занг зада будааст. Тахминан соли 2013-2014 судшаванда С.Ҳ.Ҷ. ба ӯ гуфта будааст, ки як адад шаҳодатнома дар бораи маълумоти миёна дарёфт намудааст. Бинобар ин, ӯ ба номбурда занг зада, оиди шаҳодатномаи дар соли 2013-2014 дарёфтнамудааш пурсон шуда, ҳолати муроҷиати С.С.Д.-ро ба вай расонидааст. Зимни суҳбат ӯ бо судшаванда С.Ҳ.Ҷ. нархи шаҳодатномаро ба маблағи 5000 сомонӣ муайян намудаанд. Сипас, ӯ ба С.С.Д. расонидааст, ки метавонад ба вай шаҳодатнома дар бораи маълумоти миёна дастрас намояд ва ҷои вохӯриро чойхонаи “Роҳатӣ”-и шаҳри Турсунзода муайян намуда, баъди 1-2 рӯз дар якҷоягӣ бо судшаванда С.Ҳ.Ҷ. бо С.С.Д. дар он ҷой вохӯрдаанд. Зимни вохӯрӣ, маблағи шаҳодатномаро кам карда, онро ба маблағи 3000 сомонӣ муайян намуда будаанд. Ӯ дар хусуси бо роҳи қалбакӣ, яъне тариқи сканер тартиб дода шудани шаҳодатномае, ки бояд ба С.С.Д. дастрас мекардаанд, медонистааст. Ҳамин тариқ, зимни вохӯрӣ ва ҳамсуҳбат шудан ӯ аз С.С.Д. маблағи 3000 сомониро гирифта, бар ивазаш судшаванда С.Ҳ.Ҷ. ба номбурда як адад нусхаи қалбакии шаҳодатномаи тариқи сканер тартибдодашударо додааст. Баъди рафтани С.С.Д. ӯ бо судшаванда С.Ҳ.Ҷ. маблағи мазкурро баробар, яъне ба маблағи 1500 сомонӣ тақсим намудаанд. Маблағи худро ӯ дар эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст. Сипас, тахминан баъди якчанд рӯз С.С.Д. ба ӯ занг зада, қайд намудааст, ки ба се рафиқи дар хориҷи кишвар қарордоштаи он шиносаш, ки қаблан барои ҳамсараш шаҳодатнома дар бораи маълумоти миёна гирифта будааст, лозим шудааст. Ӯ баъд фаҳмидааст, ки номи он шиносаш, ки шаҳодатномаҳо ба вай лозим шудааст, “М” мебошад. Ин ҳолатро ӯ ба судшаванда С.Ҳ.Ҷ. фаҳмонида, дар якҷоягӣ бо С.С.Д. вохӯрдаанд ва дар он ҷой охирин хоҳиши худро дар бораи шаҳодатномаҳо такрор кардааст. Ӯ аз судшаванда С.Ҳ.Ҷ. хоҳиш намудааст, ки се адад шаҳодатнома омода намояд. Тибқи маслиҳат онҳо бояд ба С.С.Д. ду адад шаҳодатнома дар намуди варақи оддӣ ва як адад шаҳодатномаи намуди картонӣ медодаанд. Ҳамин тариқ, судшаванда С.Ҳ.Ҷ. тиқби маслиҳат се адад шаҳодатномаҳоро мутобиқи дархости С.С.Д. омода намудааст. Санаи 29 ноябри соли 2019 судшаванда С.Ҳ.Ҷ. се адад нусхаи шаҳодатномаҳоро гирифта, тибқи хоҳиши ӯ ба ноҳияи Шаҳринав омада, дар якҷоягӣ онҳо бо С.С.Д. ва «М» вохӯрда, ба автомашинаи С.С.Д. нишастаанд ва дар он ҷой баъди аз «М», ки баъд фаҳмидааст насабаш Т будааст, гирифтани маблағи 12000 сомонӣ судшаванда С.Ҳ.Ҷ. се адад шаҳодатномаҳои қалбакиро ба номбурда дастрас намудааст. Дар ин бланкаҳои шаҳодатномаҳо як қисматашон пур карда шуда, бо имзои шахсони дахлдор тасдиқ карда шуда, қисмати дигарашон холӣ будааст. Дар онҳо ному насаби хатмкунанда навишта нашуда будааст. Баъди ин, ӯ ва судшаванда С.Ҳ.Ҷ. аз автомашинаи С.С.Д. фаромадаанд ва дар ҳамин вақт аз ҷониби кормандони Агентии мубориза бо коррупсия боздошт шудаанд ва дар рафти гузаронидани амалҳои тафтишӣ аз сумкаи ӯ маблағи 12000 сомонии иборат аз 24 адад купюраҳои 500 сомонии аз Т.М.А. гирифиташуда дарёфт карда шудааст. Дар вақти азназаргузаронӣ ба ӯ маълум гардидааст, ки ин маблағҳои пулӣ коркарди кимиёвӣ карда шуда, дар болои ин купюрахо навиштаҷоти «ПОРА 2019» ва намунаи хокаи зардчатоб дида мешудааст. Сипас, ба воситаи пахтапораҳои алоҳидаи спирткардашуда ангуштони дастони чап ва рости ӯ ва судшаванда С.Ҳ.Ҷ. тоза карда гирифта шуда, дар лифофаҳои алоҳида ҷойгир карда шудаанд.

Аз кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон буда, зарари моддии ба ҷабрдида Т.М.А. расонидашударо ба андозаи 15000 сомонӣ пурра барқарор кардааст. Аз ин хотир аз суд хоҳиш намуд, ки нисбати ӯ ҷазои сабуктар таъин карда шавад.

Судшаванда С.Ҳ.Ҷ. дар маҷлиси судӣхудашро дар содир намудани ҷиноят қисман гунаҳгор шуморида, пушаймонӣ изҳор намуда, чунин нишондод дод, ки дар ҳақиқат тахминан соли 2013-2014 аз назди бозори марказии шаҳри Турсунзода ногаҳон як адад шаҳодатнома дар бораи маълумоти миёна силсилаи АБ№231401-ро дарёфт намудааст, ки дар он қисмате, ки бо забони тоҷикӣ бояд пур карда шавад, пур карда шуда, қисмати забони русии он бошад, пур карда нашуда будааст. Ҳамзамон, ному насаби хатмкунанда низ дарҷ нашуда будааст. Ин шаҳодатномаро ӯ ба хона бурда гузоштааст ва худи ҳамон вақт дар яке аз вохӯриҳо оиди дарёфти ин шаҳодатнома ба судшаванда Ҳ.Ҳ. гуфта будааст. Сипас, тахминан мобайнҳои моҳи ноябри соли 2019 ба ӯ судшаванда Ҳ.Х.А. занг зада, қайд намудааст, ки ба вай як нафар бо номи «С» муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки дар ба даст овардани шаҳодатнома барои ҳамсараш дар бораи маълумоти миёна кӯмак намояд. Ҳамин тариқ, судшаванда Ҳ.Ҳ. аз ӯ дар бораи шаҳодатномаи дар соли 2013-2014 дарёфтнамудааш пурсон шудааст. Ӯ ба судшаванда Ҳ.Ҳ.А. гуфтааст, ки он шаҳодатномаро дар хона нигоҳ медорад. Судшаванда Ҳ.Ҳ. аз ӯ хоҳиш намудааст, ки онро омода намояд. Сипас, ӯ ба бозори марказии шаҳри Турсунзода рафта, дар яке аз нуқтаҳои хизматрасонии компютерӣ шаҳодатномаи дар соли 2013-2014 дарёфтнамудаашро тариқи сканер нусхабардорӣ намудааст. Сипас, баъди як-ду рӯз яке аз нусхаҳои тариқи сканер нусхаборадорикардаро бо худ гирифта, тибқи хоҳиши судшаванда Ҳ.Ҳ. ба чойхонаи «Роҳатӣ»-и шаҳри Турсунзода ҳозир шудааст. Дар он ҷой, бо судшаванда Ҳ.Ҳ. ва «С» ном шахс вохӯрдааст. Зимни суҳбаташон, ӯ бо судшаванда Ҳ.Ҳ. нархи шаҳодатнома дар бораи маълумоти миёнаро ба маблағи 3000 сомонӣ муайян намудаанд. Ҳамин тариқ, дар ҳамон ҷой «С» ном шахс ба судшаванда Ҳ.Ҳ. маблағи 3000 сомонӣ дода, бар ивазаш ӯ ба «С» як адад шаҳодатномаи қалбакии тариқи сканер нусхабардоришударо додааст. Баъди рафтани «С» ӯ бо судшаванда Ҳ.Ҳ. маблағи 3000 сомонии додаро байни худ баробар, яъне ба маблағи 1500 сомонӣ тақсим намудаанд. Маблағи худро ӯ дар эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст. Сипас, тахминан баъди ду-се рӯз ӯ боз бо судшаванда Ҳ.Ҳ. тариқи телефонӣ ҳамсуҳбат шудааст ва дар рафти он охирин қайд намудааст, ки бо «С» ҳамсуҳбат шудааст ва ба охирин, барои дустони дар хориҷи кишвар қарордоштаи шиносаш се адад чунин намуди шаҳодатнома лозим шудааст. Ҳамин тариқ, ӯ як адад нусхаи шаҳодатнома дар бораи маълумоти миёнаи тариқи сканер нусхабардорикардаашро бо нусхаи аслии дарёфтнамудааш, инчунин шаҳодатномаи хатми МТМУ №1-и худро баъди бо қоғаз ширеш намудани қисмати ному насаб, соли дода шудани он ва дигар маълумотҳо гирифта, тибқи хоҳиши судшаванда Ҳ.Ҳ. ба ноҳияи Шаҳринав рафта, бо охирин, «С» ва як ҷавонписари дигар, ки баъд фаҳмидааст номаш «М» будааст, вохӯрдааст. Дар ҳамон ҷой фаҳмидааст, ки шаҳодатномаҳои зикршуда барои маҳз «М» лозим будаанд ва нусхаи шаҳодатномаи қалкабии қаблан додаашро низ «С» маҳз ба «М» дастрас намуда будааст. Ҳамин тариқ, дар якҷоягӣ бо судшаванда Ҳ.Ҳ. ба автомашинаи «С» нишастаанд ва дар он ҷой баъди аз «М» ном шахс гирифтани маблағи 12000 сомонӣ як адад шаҳодатномаи қалкабии тариқи сканер тартибдодашуда, як адад шаҳодатнома аслии дар соли 2013-2014 дарёфтнамудааш ва як адад шаҳодатномаи хатми МТМУ-и худро, ки дар ҷамъ се ададро ташкил медодааст, ба номбурда дастрас намудаанд. Дар ин бланкаҳои шаҳодатномаҳо як қисматашон пур карда шуда, бо имзои шахсони дахлдор тасдиқ карда шуда, қисмати дигарашон холӣ будааст. Дар онҳо ному насаби хатмкунанда навишта нашуда будааст. Судшаванда Ҳ.Ҳ.А. ба ӯ гуфтааст, ки бе кайди ному насаб онҳоро ба «С» диҳад. Ҳамин тариқ, ӯ ва судшаванда Ҳ.Х.А. аз автомошинаи «С» фаромадаанд ва «С» бошад, автомошинаро ронда рафтааст. Баъди рафтани «С» дар ҳамон ҷой ӯ ва судшаванда Ҳ.Ҳ.А. аз ҷониби кормандони Агентии мубориза бо коррупсия боздошт шудаанд ва дар рафти гузаронидани амалҳои тафтишӣ аз сумкаи судшаванда Ҳ.Ҳ.А. маблағи 12000 сомонии иборат аз 24 адад купюрахои 500 сомонӣ дарёфт карда шудааст. Дар вақти азназаргузаронӣ ба ӯ маълум гардидааст, ки ин маблағҳои пулӣ коркарди кимиёвӣ карда шуда, дар болои ин купюраҳо навиштаҷоти «ПОРА 2019» ва намунаи хокаи зардчатоб дида мешудааст. Сипас, ба воситаи пахтапораҳои алоҳидаи спирткардашуда ангуштони дастони чап ва рости ӯ ва судшаванда Ҳ.Ҳ. тоза карда гирифта шуда, дар лифофаҳои алоҳида ҷойгир карда шудааст, ки ӯ, судшаванда Ҳ.Ҳ., шахсони холис ва дигар иштирокчиён дар рӯи ҳар яке аз лифофаҳо имзо гузошта, баъди ба онҳо пурра хонда дода шудани протоколи амалҳои тафтишӣ дар он низ имзо гузоштаанд. Зимни додани нишондод ба сифати гумонбаршуда баъзе ҳолатҳои корро, ба монанди бо судшаванда Ҳ.Ҳ. тақсим намудани маблағи 3000 сомонӣ, бо номбурда доштани маслиҳати пешакӣ ва дигар ҳолатҳои нодуруст дарҷ намуда будааст, аммо зимни рӯбарӯкунӣ ҳолати воқеии корро қайд намудааст. Судшаванда Ҳ.Ҳ.А. аз ҳолати бо роҳи сохтакорӣ тартиб дода шудани аттестат ва шаҳодатномаҳои болозикр огоҳ ва хабардор буда, онҳо дар ин хусус маслиҳат намуда будаанд, зеро рафти омода намудани шаҳодатномаҳои қалбакӣ ва бар ивази маблағи пулӣ дастрас намудани он ба С.С.Д. ва ҷабрдида Т.М.А.-ро онҳо ҳар лаҳза мувофиқа мекардаанд.  Байни ӯ ва судшаванда Ҳ.Ҳ.А. дар хусуси бар ивази маблағи пулӣ бо роҳи сохтакорӣ омода намудан ва минбаъд дастрас намудани аттестат ва шаҳодатнома дар бораи маълумоти миёна маслиҳати пешакӣ ҷой доштааст, зеро ӯ аз ҳолати тариқи сканер омода намудани ин ҳуҷҷатҳо ба судшаванда Ҳ.Ҳ.А. хабар дода будааст ва номбурда ба ӯ ҳарчӣ зудтар омода намудани аттестат ва шаҳодатномаҳоро хоҳиш намуда будааст.

Аз кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон буда, зарари моддии ба ҷабрдида Т.М.А. расонидашударо ба андозаи 15000 сомонӣ пурра барқарор кардааст. Аз ин хотир аз суд хоҳиш намуд, ки нисбати ӯ ҷазои сабуктар таъин карда шавад.

Ба ғайр аз қисман  худиқрории судшаванда Ҳ.Ҳ.А. ва пурра худиқрории С.Ҳ.Ҷ. суд гуноҳи онҳоро дар содир намудани ин ҷиноятҳо бо маҷмӯи далелҳои зерини дар маҷлиси судӣ санҷидашуда, исботёфта мехисобад.

Аз ҷумла:

Ҷабрдида Т.М.А. дар маҷлиси судӣчунин нишондод дод, ки дар ҳақиқат ҳамсараш М.С.Қ. мактаби миёнаро то синфи 9 хонда хатм намудааст, аттестат дар бораи хатми мактаби миёнаро надоштааст. Ӯ дар пеши худ мақсад гузоштааст, ки ҳамсараш М.С.Қ.-ро ба ягон коллеҷи самти тибб дохил намояд. Бо ин мақсад, тахминан баъди 10 ноябри соли 2019 бо шиносаш С.С.Д. дар ҳудуди шаҳри Душанбе вохӯрда, номбурдаро аз мақсади худ оиди барои ҳамсараш М.С.Қ. дар доираи пешбинишудаи қонун ба даст овардани шаҳодатнома дар бораи хатми МТМУ огоҳ ва хабардор намудааст. Зимнан, ӯ ба С.С.Д. қайд намудааст, ки мақсади ба ягон МТМУ тариқи таҳсили шабона дохил намудани ҳамсараш М.С.Д.-ро дорад ва илова намудааст, ки агар дар ҳалли ин масъала ягон шинос дошта бошад, ба ӯ кӯмак кунад. Ҳамзамон, ба С.С.Д. қайд намудааст, ки баъди хатми МТМУ тариқи таҳсили шабона ва ба даст овардани шаҳодатнома дар бораи хатми МТМУ мақсади ба ягон коллеҷ дохил намудани ҳамсараш М.С.Қ.-ро дорад. Агар имконияти дохил намудани ҳамсараш ба ягон коллеҷ нашавад, мақсади ба Федератсияи Россия муҳоҷират намуданро бо аҳли оилааш дорад. Шиносаш С.С.Д. қайд намудааст, ки дар ин хусус пурсон мешавад ва агар ягон имконият пайдо шавад, ба ӯ хабар медиҳад. Баъди гузаштани якчанд рӯз С.С.Д. ба ӯ гуфтааст, ки бо як директори мактаб бо номи «Ҳ» шинос шудааст, ки он директор ба вай ваъда додааст, ки бар ивази маблағи пулии муайян ба воситаи як собиқ корманди шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода бо номи насаби С.Ҳ. дар доираи тартиби пешбинишудаи қонун бидуни таҳсили шабона ва ё рӯзона ба ҳамсараш ҳуҷҷати тасдиқкунанда оиди хатми МТМУ омода намуда медиҳад ва минбаъд нархи чунин ҳуҷҷатҳоро ба маблағи 3000 сомонӣ муайян намудаанд. Ӯ розӣ шуда, тахминан мобайнҳои моҳи ноябри соли 2019 ба шиносаш С.С.Д. маблағи 3000 сомониро барои гирифтани чунин ҳуҷҷат додааст. Сипас, С.С.Д. ба ӯ як аттестат оварда додааст, ки он дар шакли варақи оддӣ будааст. Аз суханони С.С.Д. ӯ фаҳмидааст, ки судшаванда Ҳ.Ҳ.А. дар ҳузури судшаванда С.Ҳ.Ҷ. аз С.С.Д. маблағи 3000 сомонӣ барои омода намуда додани як адад аттестат дар бораи маълумоти миёна талаб намуда гирифта, бар ивазаш охирин ба С.С.Д. ин аттестатро дастрас намудааст. Баъд аз оне, ки ба воситаи С.С.Д. як аттестат дар бораи маълумоти миёна барои ҳамсараш М.С.Қ. ба даст овардааст, худи ҳамон рӯз тариқи шабакаи интернетии “ИМО” бо “Р” ном шиносаш, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор доштааст, ҳамсуҳбат шудааст. Дар рафти суҳбат Р. ба ӯ иброз намудааст, ки мақсади ба даст овардани шаҳрвандии Федератсияи Россияро дорад ва баҳри амалӣ намудани ин нияти худ бояд ҳуҷҷатҳои лозимиро ҷамъоварӣ намояд. Зимнан, номбурда қайд намудааст, ки МТМУ-ро ба итмом нарасонидааст ва бояд омада таҳсилро анҷом дода, шаҳодатнома дар бораи хатми МТМУ-ро ба даст орад, зеро ба даст овардани шаҳрвандии Федератсияи Россия бидуни шаҳодатнома дар бораи хатми МТМУ ғайриимкон будааст. Дар ҳамин лаҳза ӯ ба Р. иброз намудааст, ки чанд муддате пеш чунин шаҳодатномаро барои ҳамсараш ба даст овардааст ва он тибқи гуфтаҳои шахсе, ки онро ба ӯ дастрас намудааст, дар доираи қонун мебошад. Шиносаш Р. ин суханони ӯро шунида, дарҳол қайд намудааст, ки модоме, ки қонун ҳолати ба даст овардани шаҳодатнома дар бораи хатми МТМУ-ро бидуни таҳсил иҷозат дода бошад, пас барои вай ва ду рафақаш, ки ному насабашонро қайд накардааст, чунин шаҳодатнома гирад. Ҳамин тариқ, ӯ дубора бо С.С.Д. ҳамсуҳбат шуда, аз номбурда хоҳиш намудааст, ки оё аз он шиносаш, ки қаблан як адад аттестат дар бораи маълумоти миёна барои ҳамсараш ба даст оварда будааст, метавонад боз се адади дигар ба даст орад, зеро ин ҳолатро шиноси дар хориҷи кишвар қарордоштааш хоҳиш намудааст. Ҳамин тариқ, С.С.Д. тибқи хоҳиши ӯ аз судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. дастрас намудани се адад шаҳодатнома дар бораи хатми МТМУ-ро хоҳиш кардааст. Баъди рафтани С.С.Д. ӯ аттестати барои ҳамсараш дастрасшударо азназар гузаронида, аслӣ будани онро зери шубҳа қарор додааст, зеро аттестати мазкур дар шакли варақаи оддӣ буда, он танҳо қисман пур карда шуда будааст, яъне қисмати ному насаби хатмкунанда, соли дода шудан ва аз ҷониби кадом МТМУ дода шудани он дарҷ нагардида будааст. Тибқи гуфтаҳои С.С.Д. ин аттестатро судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. барои ба ӯ нишон додан, додаанд ва ҳангоми аз ҷониби ӯ қобили қабул дониста шудани он, ному насаби хатмкунанда ва дигар маълумотҳои зарурии онро пур мекунанд. Сипас, С.С.Д. баргашта, қайд намудааст, ки судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. барои омода намуда додани се адад шаҳодатнома дар бораи хатми МТМУ маблағи пулии 12000 сомонӣ талаб намуда, бар ивази ин маблағ онҳоро омода намуда, ба онҳо дастрас мекунанд. Дар ҷавоб ӯ ба С.С.Д. дар хусуси шубҳаи худ вобаста ба аттестати дастрасшуда гуфтааст. Ҳамин тариқ, ба хулоса омадаанд, ки баҳри ҳуқуқ ва манфиатҳояш ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат мекунанд. Аммо ҳангоми омадан ба Агентӣ С.С.Д. бинобар пайдо шудани корҳои зарурӣ якҷоя бо ӯ ба Агентӣ ҳозир нашуда, баъди муроҷиати ӯ ва анҷом додани амалҳои дахлдор ва коркард, ба назди бинои Агентӣ ҳозир шудааст ва ӯ бо ҳамроҳии С.С.Д. ба назди судшавандаҳо Ҳ. Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. рафтаанд. Ҳамин тариқ, маротибаи дуюм дар якҷоягӣ бо С.С.Д. бо судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. дар ноҳияи Шаҳринав, назди роҳи автомилгарди самти Душанбе-Турсунзода вохӯрда, судшаванда Ҳ.Ҳ.А. аз ӯ дар дохили автомашинаи С.С.Д. барои омода намуда додани ду адад аттестат ва як адад шаҳодатнома дар бораи маълумоти миёна маблағи 12000 сомонӣ талаб намуда гирифта, бар ивазаш судшаванда С.Ҳ.Ҷ. ба ӯ ду адад аттестат ва як адад шаҳодатномаи болозикрро додааст. Айни замон зарари моддии ба ӯ расонидашуда ба андозаи 15000 сомонӣ аз ҷониби судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. пурра барқарор карда шудааст. Ӯ нисбати судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. ягон арзу даъво надоштааст, аз ин хотир аз суд хоҳиш намуд, ки нисбати судшавандаҳо ҷазои сабуктар таъин карда шавад.

Шоҳид С.С.Д. дар маҷлиси судӣ чунин нишондод дод, ки дар ҳақиқат тахминан 10-15 ноябри соли 2019, дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо шиносаш ҷабрдида Т.М.А. вохӯрдааст ва номбурда ӯро аз мақсади худ оиди барои ҳамсараш М.С.Қ. дар доираи пешбинишудаи қонун ба даст овардани шаҳодатнома дар бораи хатми МТМУ огоҳ ва хабардор намудааст. Ҷабрдида Т.М.А. ба ӯ гуфтааст, ки мақсади ба ягон МТМУ тариқи таҳсили шабона дохил намудани ҳамсараш М.С.Д.-ро дорад ва илова кардааст, ки агар дар ҳалли ин масъала ягон шинос дошта бошад, ба вай кӯмак кунад. Инчунин, ҷабрдида Т.М.А. ба ӯ қайд кардааст, ки баъди хатми МТМУ тариқи таҳсили шабона ва ба даст овардани шаҳодатнома дар бораи хатми МТМУ мақсади ба ягон коллеҷи ҷумҳурӣ дохил намудани ҳамсараш М.С.Қ.-ро дорад ва агар чунин имконият нашавад мақсади ба Федератсияи Россия муҳоҷират намуданро бо аҳли оилааш дорад. Дар ҷавоб ӯ ба ҷабрдида Т.М.А.  гуфтааст, ки дар ин хусус пурсон мешавад ва агар ягон имконият пайдо шавад, ба вай ҳатман хабар медиҳад. Ҳамин тавр, ҳангоми дар шаҳри Турсунзода буданаш бо директори яке аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Турснузода ба номи «Ҳ», ки баъд фаҳмидааст ному насабаш Ҳ.Ҳ. будааст, шинос шуда, оиди нафароне солҳои пеш мактабро бо сабабҳои узрнок ба итмом нарасонидаанд, инчунин оид тартиби қонунии гирифитани шаҳодатнома аз тарафи чунин нафарон пурсон шудааст. Судшаванда Ҳ.Ҳ. ба ӯ гуфтааст, ки як шинос дорад ва он шиносаш метавонад оиди ин масъала кӯмак кунад. Ба судшаванда Ҳ.Ҳ. гуфтааст, ки агар он шахсро дида дар ин бора ҳамсуҳбат шавад, ба ӯ занг занад ва рақамҳои телефониашро додааст. Баъди чанд вақте судшаванда Ҳ.Ҳ. ба ӯ занг зада, ба наздаш бо ҳамроҳии як марди калонсол омадааст. Судшаванда Ҳ.Ҳ. он мардро ба ӯ шинос кардааст ва ба ӯ маълум шудааст, ки ному насаби он мард С.Ҳ. мебошад. Баъди гуфтӯгӯи онҳо дар хусуси тариқи қонунӣ гирифтани шаҳодатнома, судшаванда С.Ҳ. гуфтааст, ки ба чунин нафарон мешавад, ки дар муҳлати кутоҳ шаҳодатнома дар бораи маълумоти миёна гирифта диҳад ва барои боварии ҳосил намудани ӯ аз ҷайби шими дар тан доштааш як адад шаҳодатнома дар бораи маълумоти миёна бароварда нишон дода, гуфтааст, ки шаҳодатномаҳо чунин мебошанд. Фақат маблағи муайян пардохт намудан лозим будааст. Ӯ ба онҳо гуфтааст, ки дар бораи ин ҳолатҳо ба шиносаш мегӯяд ва номбурда ҳуҷчатҳои ҳамсарашро гирифта меорад ва агар хондан лозим бошад, омада дарс мехонад. Сипас, ба ҷабрдида Т.М.А. дар хусуси судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. маълумот дода, гуфтааст, ки бо як нафар шинос шудааст ва он нафар, яъне судшаванда Ҳ.Ҳ.А. дар доираи қонун ба даст овардани чунин шаҳодатномаро бар ивази маблағи 3000 сомонӣ ба уҳда гирифтааст. Ҷабрдида Т.М.А. аз ӯ хоҳиш намудааст, ки дар ин масъала ҳушёр ва эҳтиёткор бошад. Ӯ рафти суҳбаташ бо судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ.-ро зимни додани маблағи 3000 сомонӣ ва бар ивазаш гирифтани як адад аттестат баҳри ҳимояи худ ба воситаи телефони мобилиаш сабт намудааст ва ҳангоми ба Агентӣ муроҷиат намудани ҷабрдида Т.М.А. ин сабтро дар як фитта ба охирин ҳамчун далел пешниҳод намудааст. Сабти мазкурро вай дар телефони мобилии худ гуш карда будааст ва он рафти суҳбати ӯ бо судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ.-ро дар бар мегирифтааст. Баъди ба фитта гузаронидани сабт ӯ онро аз телефони мобилии худ нобуд сохтааст. Ҷабрдида Т.М.А. розӣ шудааст, ки дар як муҳлати кутоҳ ва дар доираи тартиби пешбинишудаи қонун чунин шаҳодатномаро ба даст орад ва ба ӯ бароварда маблағи 3000 сомонӣ дода, гуфтааст, ки корҳои бисёр дорад ва хоҳиш кардааст, ки худаш рафта, маблағро супорад. Ҳамин тариқ, тахминан мобайнҳои моҳи ноябри соли 2019 ӯ бо судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. дар чойхонаи “Роҳатӣ”, воқеъ дар шаҳри Турсунзода вохӯрда, судшаванда Ҳ.Ҳ.А. дар ҳузури судшаванда С.Ҳ.Ҷ. аз ӯ маблағи 3000 сомонӣ барои омода намуда додани як адад аттестат дар бораи маълумоти миёна талаб намуда гирифта, бар ивазаш охирин ба ӯ як адад чунин аттестат дар бораи маълумоти миёна дастрас намудааст, ки дар он ному насаб ва дигар маълумотҳои зарурӣ дарҷ нашуда будааст. Зимни вохӯрӣ ва додугирифти маблағи мазкур ҳамроҳашон дигар ҳеҷ кас ҳузур надоштааст. Ӯ шаҳодатномаро гирифта, гуфтааст, ки онро бурда ба ҷабрдида Т.М.А. нишон медиҳад. Ба назди ҷабрдида Т.М.А. омада шаҳодатномаро додааст. Баъд аз оне, ки ӯ ба ҷабрдида Т.М.А. як аттестат дар бораи маълумоти миёна барои ҳамсараш М.С.Қ. дастрас намудааст, худи ҳамон рӯз ё пагоҳаш ҷабрдида Т.М.А. аз ӯ дар хусуси дастрас намудани боз се адад шаҳодатномаи дигар дар бораи хатми МТМУ хоҳиш намудааст. Ӯ аз ҷабрдида Т.М.А. пурсон шудааст, ки ин шаҳодатномаҳо ба вай барои чӣ лозим шудааст. Ҷабрдида Т.М.А. дар ҷавоб қайд намудааст, ки шиносҳои дар хориҷи кишвар, яъне дар Федератсияи Россия қарор доштааш аз вай дар ин хусус хоҳиш намудаанд. Баъди ин, ҳангоми дар шаҳри Турсунзода буданаш аз судшаванда Ҳ.Ҳ. дар хусуси дастрас намудани боз се адад шаҳодатномаи дигар дар бораи маълумоти миёна пурсон шудааст ва судшаванда Ҳ.Ҳ. дар ҷавоб ба ӯ гуфтааст, ки дар сурати пардохти маблағ, шаҳодатномаҳоро бо судшаванда С.Ҳ.Ҷ. омада карда медиҳанд ва нархи ҳар як шаҳодатномаро ба маблағи 4000 сомонӣ, ки дар ҷамъ маблағи 12000 сомониро ташкил медодааст, муайян кардааст. Доири ин ҳолат, ӯ ба ҷабрдида Т.М. гуфтааст ва охирин гуфтааст, ки мехоҳад бо судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. худаш шинос шавад ва шахсан ба онҳо маблағи 12000 сомониро пардохт намояд. Ҳамин тариқ, 29 ноябри соли 2019, дар якҷоягӣ бо ҷабрдида Т.М.А. бо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. дар ноҳияи Шаҳринав, кӯчаи Турсунзода, назди роҳи автомилгарди самти Душанбе-Турсунзода вохӯрда, судшаванда Ҳ.Ҳ.А. аз ҷабрдида Т.М.А. дар дохили автомашинаи ӯ барои омода намуда додани ду адад аттестат ва як адад шаҳодатнома дар бораи маълумоти миёна маблағи 12000 сомонӣ талаб намуда гирифта, бар ивазаш судшаванда С.Ҳ.Ҷ. ба ҷабрдида Т.М.А. ду адад аттестат ва як адад шаҳодатномаи болозикрро додааст.

Шоҳид Р.А.Ҳ. дар маҷлиси судӣ чунин нишондод дод, ки санаи 29 ноябри соли 2019 тахминан соати 13:10 дақиқа аз назди бинои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта истода будааст, ки як шахси ба ӯ ношинос ба наздаш омада, худро корманди Агентии мубориза бо коррупсия муаррифӣ намуда, аз ӯ хоҳиш намудааст, ки дар гузаронидани як амалиёти онҳо, ҳамчун шахсони холис иштирок намояд. Аз сабабе, ки ӯ бекор будааст ва ин ҳолат ба ӯ шавқовар менамудааст, ба ин таклифи корманди Агентӣ розӣ шуда, бо ҳамроҳии вай ба бинои Агентӣ, ки дар кучаи Деҳотӣ, бинои 50 ҷойгир мебошад, ба як утоқи корӣ рафтааст. Дар он ҷой боз як нафари дигар ҳамчун шахси холис ва як нафари дигари ба ӯ ношинос ҳузур доштааст ва номбурда дар он ҷой қайд намудааст, ки бо аризаи хаттӣ оиди ҳаракатҳои ғайриқонунии директори кадом як мактаби миёна муроҷиат кардааст ва илова кардааст, ки номбурда аз вай барои иҷрои кадом як амал маблағи 3000 сомонӣ қаблан гирифта, боз овардани додани маблағи 12000 сомонии дигарро талаб намуда истодааст. Сипас, корманди Агентӣ бори дигар ба онҳо ҳамчун шахсони холис ҳуқуқ ва вазифаҳояшонро фаҳмонидааст. Баъдан, он шахси аризадиҳанда ба кормандони Агентӣ дар ҳузури онҳо маблағҳои пулӣ, яъне 12000 сомонӣ барои коркард кардан, пешниҳод намудааст. Кормандони Агентӣ маблағи мазкурро азназар гузаронида, барои нишонагузорӣ бо қалами махсуси кимиёвӣ дар онҳо «Пора 2019» навишта, маблағҳои мазкурро нусхабардорӣ кардаанд, ки онҳо ҳамчун шахсони холис дар он имзоҳои худро гузоштаанд. Сипас, корманди Агентӣ дар асоси протокол маблағҳои мазкурро ба шахси аризадиҳанда барои ба шахси пулталабкунанда додан, бозпас гардонида додаанд. Инчунин, кормандони Агентӣ дар ҳузури онҳо ба шаҳрванд диктофон барои сабт кардани гуфтугӯи байни вай ва шахси пулталабкунанда дода, дар ин хусус протокол тартиб додаанд, ки онҳо ҳамчун шахсони холис дар протокол имзои худро гузоштаанд. Пас аз ин, онҳо ва дигар кормандони Агентӣ барои гузаронидани амалиёт, яъне дастгир намудани ашхоси пулталабкнанда, тахминан соати 13:30 аз бинои Агентӣ баромада, ба самти ноҳияи Шаҳринав раҳсипор шудаанд ва тахминан соатҳои 15:00 ба ҷои дахлдор расидаанд. Сипас, тахминан соати 15:00 дақиқа бо даъвати кормандони Агентӣ дар наздикии гардиши ноҳияи Шаҳринав дар роҳи автомобилгарди самти Душанбе-Турсунзода рафтаанд, ки кормандони Агентӣ ду шахси ба ӯ ношиносро боздошт намудаанд ва яке аз корманди Агентӣ худашро ҳамчун муфаттиши Агентӣ муаррифӣ карда, аз он шахсони боздоштшуда ному насаб ва дигар ҳолатҳои корро пурсидааст. Маълум гаштааст, ки шахсони боздоштшуда судшавандаҳо С.Ҳ.Ҷ. ва Ҳ.Ҳ.А. будаанд. Сипас, аз дастгиршудаҳо пурсида шудаанд, ки оё чанд муддате пеш аз ягон нафар маблағи пулӣ гирифтаанд ё не ва хоҳиш кардааст, ки агар гирифта бошанд, онро ихтиёран ба тафтишот пешниҳод намоянд. Судшаванда Ҳ.Ҳ.А. аз сумкаи сиёҳи дар дасташбуда як миқдор маблағҳои пулиро бароварда пешниҳод кардааст. Сипас, корманди Агентӣ маблағҳои мазкурро як ба як шуморидаанд, ки дар онҷо 24 адад купюраи 500-сомонӣ будааст, ки дар маҷмӯъ маблағи 12000 сомониро ташкил медодааст ва маблағҳои мазкур бо асбоби махсуси рӯшноидиҳандаи ултрабунафш азназар гузаронида шуда, маълум шудааст, ки дар болои ҳар як купюраҳои мазкур навиштаҷоти ғайричопии “ПОРА 2019” аён гардидааст. Баъди ин, корманди Агентӣ ҳамаи маблағҳои ёфташударо дар як лифофа ҷой карда, бо ширеш ва муҳри Агентӣ маҳкам кардаанд. Ангуштони дастони чап ва рости дастгиршудагон азназар гузаронида шудааст, ки дар ангушти рост ва чапи судшаванда Ҳ.Ҳ.А. намунаи хокаи махсуси кимиёвӣ маълум шудааст. Сипас, ангуштони дастони рост ва чап номбурдагон бо маҳлули спиртӣ ва пахтапора шуста шуда, дар лифофаҳои алоҳида гирифта шуда, муҳрбандӣ карда шудаанд ва дар охир ӯ ҳамчун шахси холис дар лифофаҳои мазкур имзои худро гузоштааст. Минбаъд, кофтукови шахсии судшаванда С.Ҳ. анҷом дода шудааст, ки аз номбурда маблағи 440 сомонӣ, ҳуҷҷатҳои ронандагӣ, шиносномаи хориҷӣ ба номи вай ва шиносномаи миллӣ ба номи С.Р.Ҳ., 4-адад шаҳодатномаи дигар дар бораи маълумоти миёна, ду адад телефони мобилӣ, қоғазпора ёфта гирифта шудааст. Аз судшаванда Ҳ.Ҳ.А. бошад, маблағи 665 сомонӣ, ду адад телефони мобилӣ ёфта гирифта шудааст. Баъдан боздоштшудагон оиди маблағи 12000 сомонии ёфташуда бори дигар дар протокол бо дастони худ қайд намудаанд, ки ин маблағро барои тайёр карда додани шаҳодатнома дар бораи хатми мактаби миёна гирифтаанд. Сипас, корманди Агентӣ дар ин хусус протокол тартиб дода, ба онҳо бо овози баланд хонда додааст. Баъди ин, ӯ ва дигар иштирокчиён дар протокол ва дар ҳуҷҷатҳои лозимӣ имзоҳои худро гузоштаанд. Инчунин, дар рафти амалиёт мутахассиси Агентӣ ҳамаи ин ҳолатҳоро ба навор гирифтааст.

Шоҳид Р.З.Г. дар маҷлиси судӣ нишондодҳои дар рафти тафтишоти пешакӣ додаашро тасдиқ намуда, айнан ба монанди шоҳид Р.А.Ҳ. нишондод дод.

Аз протоколи азназаргузаронӣ, нишонагузорӣ, баргардонидани маблағҳои пулӣ, инчунин гирифтани намунаи хокаи махсуси кимиёвӣ аз 29.11.2019 сол маълум мешавад, ки маблағҳои пулӣ ба миқдори 12000 сомонӣ иборат 24 адад купюраҳои 500 сомона азназар гузаронида шудааст. (в.к.8-9)

Аз протоколи стенограммаи сабти гуфтӯгӯи байни ҷабрдида Т.М.А., шоҳид С.С.Д. ва судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. аз 29.11.2019 сол маълум мешавад, ки фиттаи гуфтугӯи байни ҷабрдида Т.М.А., шоҳид С.С.Д. ва судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ., ки аз ҷониби ҷабрдида Т.М.А. пешниҳод гардидааст, шунида шудааст. (в.к.18-21)

Аз протоколи азаназаргузаронӣ, кофтуковӣ шахсӣ ва бақайдгирии далелҳо дар ҷои ҳодиса аз 29.11.2019 сол маълум мешавад, ки дар ҷои ҳодиса азназаргузаронӣ ва кофтукови шахсии судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. гузаронида шуда, далелҳои шайъӣ ба қайд гирифта шудаанд. (в.к.24-29)

Аз протоколи рӯбарӯкунӣ аз 29.11.2019 сол, ки байни судшавандаҳо Ҳ.Ҳ. ва С.Ҳ. гузаронида шудааст, маълум мешавад, ки судшаванда Ҳ.Ҳ. нишондоди судшаванда С.Ҳ.-ро ба пуррагӣ тасдиқ намудааст. (в.к.89-92)

Аз протоколи рӯбарӯкунӣ аз 30.11.2019 сол, ки байни судшаванда Ҳ.Ҳ. ва шоҳид С.С. гузаронида шудааст, ки маълум мешавад, ки судшаванда Ҳ.Ҳ. нишондоди шоҳид С.С.-ро ба пуррагӣ тасдиқ намудааст.(в.к.93-97)

Аз протоколи рӯбарӯкунӣ аз 30.11.2019 сол, ки байни судшаванда С.Ҳ. ва шоҳид С.С. гузаронида шудааст, маълум мешавад, ки судшаванда С.Ҳ. нишондоди шоҳид С.С.-ро ба пуррагӣ тасдиқ намудааст. (в.к.98-102)

Аз протоколи қабул намудани маблағҳои пулӣ, ки барои барқарор намудани зарари расонидашуда ихтиёран супорида шудаанд аз 30.11.2019 сол маълум мешавад, ки маблағи 1500 сомонӣ аз ҷониби судшаванда Ҳ.Ҳ.А. ихтиёран барқарор карда шудааст. (в.к.103)

Аз протоколи қабул намудани маблағҳои пулӣ, ки барои барқарор намудани зарари расонидашуда ихтиёран супорида шудаанд аз 30.11.2019 сол маълум мешавад, ки маблағи 1500 сомонӣ аз ҷониби судшаванда С.Ҳ.Ҷ. ихтиёран барқарор карда шудааст. (в.к.104)

Бо протоколи азаназаргузаронӣ аз 27.12.2019 сол маълум мешавад, ки фитаи сабти гуфтӯгӯй байни ҷабрдида Т.М.А., шоҳид С.С.Д. ва судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. азназар гузаронида шудааст. (в.к.217-220)

Аз протоколи азаназаргузаронӣ аз 30.12.2019 сол маълум мешавад, ки 6 адад атестат ва шаҳодатномаҳо дар бораи маълумоти миёна, ки аз ҷониби судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. бо роҳи сохтакорӣ тартиб дода шудаанд, азназар гузаронида шудааст. (в.к.227-229)

Аз протоколи азаназаргузаронӣ аз 02.01.2020 сол маълум мешавад, ки фитаи зангҳои содиротӣ ва воридотии рақамҳои телефонҳои мобилии судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. барои давраи аз 01 то 29.11.2019 сол азназар гузаронида шудааст ва иқтибоси зангҳо ба он замимагардидааст. (в.к.242-253)

Аз қарор дар бораи далели шайъӣ эътироф кардан аз 14.01.2020 сол маълум мешавад, ки маблағи 12000 сомонии аз судшаванда Ҳ.Ҳ.А. ёфта гирифташуда, пахтапораҳое, ки бо онҳо ангуштони дастони чап ва рости охирин ва С.Ҳ.Ҷ. тоза карда шудаанд бо намунаи хокаи кимиёвӣ, як адад фитаи сабтҳои гуфтӯгӯй байни ҷабрдида Т.М.А., шоҳид С.С.Д. ва судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. оиди аз ҷониби номбурдагон барои омода намуда додани се адад шаҳодатнома дар бораи маълумоти миёна талаб намудани гирифтани маблағи 12000 сомонӣ, табуляграммаҳои зангҳои содиротӣ ва воридотии рақамҳои телефонҳои мобилии судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. барои давраи аз 01 то 29.11.2019 сол дар шакли электронӣ, дар як фита, инчунин 6 адад аттестатҳо ва шаҳодатнома дар бораи маълумоти миёна, ки аз ҷониби судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. бо истифодаи техникаи компютерӣ, тариқи сканер сохтакорӣ карда шудаанд, бо парвандаи мазкур ҳамчун далели шайъӣ эътироф карда шудаанд.

Аз забонхати ҷабрдида Т.М.А. маълум гардид, ки  зарари аз ҷониби судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва  С.Ҳ.Ҷ. (в.к. 257) ба маблағи 15000 сомонӣ расонида шуда дар рафти тафтишоти пешакӣпурра ба ҷабрдида Т.М.А., баргардонида шудааст.

Аз хулосаи экспертизаи комплексии судӣ-кимиёвӣ ва техникӣ таҳти №09-02/4005/2019с. аз 11.12.2019 сол мешавад, ки намунаи хокаи кимиёвии аз ангуштони дасони чап ва рости судшаванда Ҳ.Ҳ.А. тоза карда гирифташуда ба намунаи хокаи кимиёвӣ, ки бо он маблағи 12000 сомонӣ коркард шуда буданд, мувофиқ (якхела) мебошанд.

Аз хулосаи экспертизаи комплексии судӣ-хатшиносии ҳуҷҷатҳо ва техникӣ таҳти №1:1/1428/19 аз 13.01.2020 сол маълум мешавад, ки аттестат ва шаҳодатномаҳои ба экспертиза пешниҳодшуда бо роҳи сохтакорӣ тартиб дода шудаанд.

Ҳамин тариқ дар асоси далелҳои ҷамъовардашуда суд ба хулоса омад, ки судшаванда Ҳ.Ҳ.А. мобайнҳои моҳи ноябри соли 2019 дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бо шаҳрванд С.С.Д. вохӯрда, аз мақсади охирин дар хусуси барои ҷабрдида Т.М.А. дастрас намудани шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ огоҳ шуда, ба худ мақсади ғаразнок, яъне бо роҳи фиреб ба даст овардани фоидаи муфтро гузоштааст. Сипас, судшаванда Ҳ.Ҳ.А. баҳри бо роҳи қаллобӣ тасарруф намудани молу мулки ғайр, дарҳол бо шиносаш судшаванда С.Ҳ.Ҷ. дар ҳудуди шаҳри Турсунзода вохӯрда, ҷиҳати бо роҳи сохтакорӣ омода ва дастрас намудани аттестат дар бораи маълумоти миёна ва дар ин замина тасарруф намудани молу мулки ғайр маслиҳати пешакӣ намудаанд. Зимнан, судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. нархи чунин аттестатро ба маблағи 3000 сомонӣ муайян намудаанд.

Минбаъд, судшаванда С.Ҳ.Ҷ. аз рӯи маслиҳати пешакии бо судшаванда Ҳ.Ҳ.А. ҷойдошта амал намуда, дар яке аз нуқтаҳои хизматрасонии компютерии ҳудуди бозори марказии шаҳри Турсунзода аттестат дар бораи маълумоти миёна таҳти силсила ва рақамҳои АБ№231401-ро бо истифодаи техникаи компютерӣ, тариқи сканер нусхабардорӣ намудааст.

Санаи 19 ноябри соли 2019 судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. бо шаҳрванд С.С.Д. дар чойхонаи “Роҳатӣ”, воқеъ дар шаҳри Турсунзода, кӯчаи Чапаев, вохӯрда, аз охирин маблағи 3000 сомонӣ талаб карда гирифта, бар ивазаш ба номбурда як адад аттестати бо роҳи сохтакорӣ тартибдодашуда дар бораи маълумоти миёна таҳти силсила ва рақамҳои таҳрифшудаи АБ№237401-ро бидуни нишон додани ному насаби хатмкунанда ва дигар маълумотҳои зарурӣ дастрас намудаанд.

Судшаванда Ҳ.Ҳ.А. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, охирҳои моҳи ноябри соли 2019 аз шаҳрванд С.С.Д. дар хусуси ба ҷабрдида Т.М.А. лозим будани боз се адад шаҳодатномаи дигар дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ хабардор шуда, бо мақсади бо роҳи қаллобӣ ба даст овардани фоидаи муфт дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бо судшаванда С.Ҳ.Ҷ. вохӯрда, такроран дар бораи бо тарзу усули болозикр тасарруф намудани молу мулки ғайр маслиҳати пешакӣ намудаанд. Зимнан, судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ нархи се адад чунин шаҳодатномаро ба маблағи 12000 сомонӣ муайян намуда, ин маблағро аз ҷабрдида Т.М.А. ба воситаи С.С.Д. талаб кардаанд.

Ҳамин тариқ, 29 ноябри соли 2019 судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. аз рӯи маслиҳати пешакии ҷойдошта амал намуда, бо С.С.Д. ва ҷабрдида Т.М.А. дар ноҳияи Шаҳринав, кӯчаи Турсунзода, назди роҳи автомобилгарди самти Душанбе-Турсунзода вохӯрда, аз охирин маблағи 12000 сомонӣ талаб намуда гирифта, бар ивази он се адад шаҳодатномаҳои бо роҳи сохтакорӣ тартибдодашуда дар бораи маълумоти миёна таҳти силсила ва рақамҳои таҳрифшудаи АБ№231401, АБ№231407 ва БП№150293-ро бидуни нишон додани ному насаби хатмкунанда ва дигар маълумотҳои зарурӣ дастрас намудаанд, ки дар натиҷа, ба ҷабрдида Т.М.А. ба маблағи умумии 15000 сомонӣ зарари калони моддӣ расонидаанд.

Ғайр аз ин, судшаванда Ҳ.Ҳ.А. бо мақсади бо роҳи қаллобӣ тасарруфи молу мулки ғайр мобайнҳои моҳи ноябри соли 2019 дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бо судшаванда С.Ҳ.Ҷ. вохӯрда, дар хусуси бо роҳи сохтакорӣ омода ва дастрас кардани аттестат дар бораи маълумоти миёна маслиҳати пешакӣ намудааст.

Минбаъд, судшаванда С.Ҳ.Ҷ. аз рӯи маслиҳати пешакии бо судшаванда Ҳ.Ҳ.А. ҷойдошта амал намуда, ба аттестат дар бораи маълумоти миёна таҳти силсила ва рақамҳои АБ№231401 худсарона дар қисмати баҳо ва ному насаби омӯзгорон маълумоти таҳрифшуда ворид карда, онро дар яке аз нуқтаҳои хизматрасонии компютерии ҳудуди бозори марказии шаҳри Турсунзода бо истифодаи техникаи компютерӣ, тариқи сканер нусхабардорӣ намудааст.

Санаи 19 ноябри соли 2019, судшаванда Ҳ.Ҳ.А. дар якҷоягӣ бо судшаванда С.Ҳ.Ҷ. бо шаҳрванд С.С.Д. дар чойхонаи “Роҳатӣ”, воқеъ дар шаҳри Турсунзода, кӯчаи Чапаев, вохӯрда, аз охирин маблағи 3000 сомонӣ талаб карда гирифта, бар ивазаш ба номбурда як адад аттестати бо роҳи сохтакорӣ тартибдодашуда дар бораи маълумоти миёна таҳти силсила ва рақамҳои таҳрифшудаи АБ№237401-ро бидуни нишон додани ному насаби хатмкунанда ва дигар маълумотҳои зарурӣ дастрас намудааст.

Судшаванда Ҳ.Ҳ.А. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, такроран, охирҳои моҳи ноябри соли 2019 бо мақсади бо роҳи қаллобӣ ба даст овардани фоидаи муфт дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бо судшаванда С.Ҳ.Ҷ. вохӯрда, дар бораи тариқи сохтакорӣ омода намудани се адад шаҳодатномаи дигар дар бораи маълумоти миёна маслиҳати пешакӣ намуда, нархи онҳоро ба маблағи 12000 сомонӣ муайян кардаанд.

Судшаванда С.Ҳ.Ҷ. тибқи маслиҳати пешакии бо судшаванда Ҳ.Ҳ.А. кардааш амал намуда, бо роҳи сохтакорӣ қисмати ному насаб ва соли додани шаҳодатнома дар бораи маълумоти миёна таҳти силсила ва рақамҳои БП№150293-ро, ки ба худи ӯ тааллуқ дошт, бо қоғазпораҳо рӯйпуш намуда, онро дар яке аз нуқтаҳои хизматрасонии компютерии ҳудуди бозори марказии шаҳри Турсунзода бо истифодаи техникаи компютерӣ, тариқи сканер нусхабардорӣ намуд.

Ҳамин тариқ, санаи 29 ноябри соли 2019, судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. аз рӯи маслиҳати пешакии ҷойдошта амал намуда, бо шаҳрванд С.С.Д. ва ҷабрдида Т.М.А. дар ноҳияи Шаҳринав, кӯчаи Турсунзода, назди роҳи автомобилгарди самти Душанбе-Турсунзода вохӯрда, аз охирин маблағи 12000 сомонӣ талаб карда гирифта, бар ивазаш се адад шаҳодатномаҳои бо роҳи сохтакорӣ тартибдодашуда дар бораи маълумоти миёна таҳти силсила ва рақамҳои таҳрифшудаи АБ№231401, АБ№231407 ва БП№150293-ро бидуни нишон додани ному насаби хатмкунанда ва дигар маълумотҳои зарурӣ дастрас намудаанд.

Судшаванда С.Ҳ.Ҷ. мобайнҳои моҳи ноябри соли 2019 дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бо шиноси худ судшаванда Ҳ.Ҳ.А. вохӯрдааст. Зимни суҳбат, судшаванда Ҳ.Ҳ.А. ӯро аз мақсади шаҳрванд С.С.Д. дар хусуси барои ҷабрдида Т.М.А. дастрас намудани шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ огоҳ намудааст.

Минбаъд, судшавандаҳо С.Ҳ.Ҷ. ва Ҳ.Ҳ.А. ба худ мақсади ғаразнок, яъне бо роҳи фиреб ба даст овардани фоидаи муфтро гузошта, ҷиҳати бо роҳи сохтакорӣ омода ва дастрас намудани аттестат дар бораи маълумоти миёна ва дар ин замина тасарруф намудани молу мулки ғайр маслиҳати пешакӣ намудаанд. Зимнан, судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. нархи чунин аттестатро ба маблағи 3000 сомонӣ муайян намудаанд.

Судшаванда С.Ҳ.Ҷ. аз рӯи маслиҳати пешакии бо судшаванда Ҳ.Ҳ.А. ҷойдошта амал намуда, дар яке аз нуқтаҳои хизматрасонии компютерии ҳудуди бозори марказии шаҳри Турсунзода аттестат дар бораи маълумоти миёна таҳти силсила ва рақамҳои АБ№231401-ро бо истифодаи техникаи компютерӣ, тариқи сканер нусхабардорӣ намудаанд.

Санаи 19 ноябри соли 2019, судшавандаҳо С.Ҳ.Ҷ. ва Ҳ.Ҳ.А. бо шаҳрванд С.С.Д. дар чойхонаи “Роҳатӣ”, воқеъ дар шаҳри Турсунзода, кӯчаи Чапаев, вохӯрда, аз охирин маблағи 3000 сомонӣ талаб карда гирифта, бар ивазаш ба номбурда як адад аттестати бо роҳи сохтакорӣ тартибдодашуда дар бораи маълумоти миёна таҳти силсила ва рақамҳои таҳрифшудаи АБ№237401-ро бидуни нишон додани ному насаби хатмкунанда ва дигар маълумотҳои зарурӣ дастрас намудаанд.

Судшаванда С.Ҳ.Ҷ. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, охирҳои моҳи ноябри соли 2019 аз судшаванда Ҳ.Ҳ.А. дар хусуси ба ҷабрдида Т.М.А. лозим будани боз се адад шаҳодатномаи дигар дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ хабардор шуда, бо мақсади бо роҳи қалобӣ ба даст овардани фоидаи муфт дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бо судшаванда Ҳ.Ҳ.А. вохӯрда, такроран дар бораи бо тарзу усули болозикр тасарруф намудани молу мулки ғайр маслиҳати пешакӣ намудаанд. Зимнан, судшавандаҳо С.Ҳ.Ҷ. ва Ҳ.Ҳ.А. нархи се адад чунин шаҳодатномаро ба маблағи 12000 сомонӣ муайян намуда, ин маблағро аз Т.М.А. ба воситаи шаҳрванд С.С.Д. талаб кардаанд.

Ҳамин тариқ, 29 ноябри соли 2019, судшавандаҳо С.Ҳ.Ҷ. ва Ҳ.Ҳ.А. аз рӯи маслиҳати пешакии ҷойдошта амал намуда, бо шаҳрванд С.С.Д. ва ҷабрдида Т.М.А. дар ноҳияи Шаҳринав, кӯчаи Турсунзода, назди роҳи автомобилгарди самти Душанбе-Турсунзода вохӯрда, аз охирин маблағи 12000 сомонӣ талаб намуда гирифта, бар ивази он се адад шаҳодатномаҳои бо роҳи сохтакорӣ тартибдодашуда дар бораи маълумоти миёна таҳти силсила ва рақамҳои таҳрифшудаи АБ№231401, АБ№231407 ва БП№150293-ро бидуни нишон додани ному насаби хатмкунанда ва дигар маълумотҳои зарурӣ дастрас намудаанд, ки дар натиҷа, ба ҷабрдида Т.М.А. ба маблағи умумии 15000 сомонӣ зарари калони моддӣ расонидаанд.

Ғайр аз ин, судшаванда С.Ҳ.Ҷ. бо мақсади бо роҳи қаллобӣ тасарруфи молу мулки ғайр мобайнҳои моҳи ноябри соли 2019 дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бо судшаванда Ҳ.Ҳ.А. вохӯрда, дар хусуси бо роҳи сохтакорӣ омода ва дастрас кардани аттестат дар бораи маълумоти миёна маслиҳати пешакӣ намудаанд.

Минбаъд, судшаванда С.Ҳ.Ҷ. аз рӯи маслиҳати пешакии бо судшаванда Ҳ.Ҳ.А. ҷойдошта амал намуда, ба аттестат дар бораи маълумоти миёна таҳти силсила ва рақамҳои АБ№231401 худсарона дар қисмати баҳо ва ному насаби омӯзгорон маълумоти таҳрифшуда ворид карда, онро дар яке аз нуқтаҳои хизматрасонии компютерии ҳудуди бозори марказии шаҳри Турсунзода бо истифодаи техникаи компютерӣ, тариқи сканер нусхабардорӣ намудааст.

Санаи 19 ноябри соли 2019, судшаванда С.Ҳ.Ҷ.  дар якҷоягӣ бо судшаванда Ҳ.Ҳ.А. бо шаҳрванд С.С.Д. дар чойхонаи “Роҳатӣ”, воқеъ дар шаҳри Турсунзода, кӯчаи Чапаев, вохӯрда, аз охирин маблағи 3000 сомонӣ талаб карда гирифта, бар ивазаш ба номбурда як адад аттестати бо роҳи сохтакорӣ тартибдодашуда дар бораи маълумоти миёна таҳти силсила ва рақамҳои таҳрифшудаи АБ№237401-ро бидуни нишон додани ному насаби хатмкунанда ва дигар маълумотҳои зарурӣ дастрас намудааст.

Судшаванда С.Ҳ.А. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, такроран охирҳои моҳи ноябри соли 2019 бо мақсади бо роҳи қаллобӣ ба даст овардани фоидаи муфт дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бо судшаванда Ҳ.Ҳ.А. вохӯрда, дар бораи тариқи сохтакорӣ омода намудани се адад шаҳодатномаи дигар дар бораи маълумоти миёна маслиҳати пешакӣ намуда, нархи онҳоро ба маблағи 12000 сомонӣ муайян кардаанд.

Судшаванда С.Ҳ.Ҷ. тибқи маслиҳати пешакии бо судшаванда Ҳ.Ҳ.А. кардааш амал намуда, бо роҳи сохтакорӣ қисмати ному насаб ва соли додани шаҳодатнома дар бораи маълумоти миёнаи таҳти силсила ва рақамҳои БП№150293-ро, ки ба худи ӯ тааллуқ дошт, бо қоғазпораҳо рӯйпуш намуда, онро дар яке аз нуқтаҳои хизматрасонии компютерии ҳудуди бозори марказии шаҳри Турсунзода бо истифодаи техникаи компютерӣ, тариқи сканер нусхабардорӣ намудааст.

Ҳамин тариқ, санаи 29 ноябри соли 2019, судшавандаҳо С.Ҳ.Ҷ. ва Ҳ.Ҳ.А. аз рӯи маслиҳати пешакии ҷойдошта амал намуда, бо шаҳрванд С.С.Д. ва ҷабрдида Т.М.А. дар ноҳияи Шаҳринав, кӯчаи Турсунзода, назди роҳи автомобилгарди самти Душанбе-Турсунзода вохӯрда, аз охирин маблағи 12000 сомонӣ талаб карда гирифта, бар ивазаш се адад шаҳодатномаҳои бо роҳи сохтакорӣ тартибдодашуда дар бораи маълумоти миёна таҳти силсила ва рақамҳои таҳрифшудаи АБ№231401, АБ№231407 ва БП№150293-ро бидуни нишон додани ному насаби хатмкунанда ва дигар маълумотҳои зарурӣ дастрас намудаанд.

Аз ин рӯ суд ҳаракатҳои судшаванда Ҳ.Ҳ.А.-ро бо банди «а»-и қисми 3-и моддаи 247, бандҳои “а,б,в”-и қисми 2-и моддаи 340-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо аломатҳои такроран, аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ бо роҳи фиреб ва суйистифодаи боварӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ тасарруф намудани амволи ғайр ба миқдори калон, сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ё аз уҳдадорӣ озодкунанда, бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани чунин ҳуҷҷат, такроран аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ бо истифодаи техникаи компютерӣ, ҳаракатҳои судшаванда С.Ҳ.Ҷ.-ро бо банди «а»-и қисми 3-и моддаи 247, бандҳои “а,б,в”-и қисми 2-и моддаи 340-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо аломатҳои такроран, аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ бо роҳи фиреб ва суйистифодаи боварӣ тасарруф намудани амволи ғайр ба миқдори калон, сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ё аз уҳдадорӣ озодкунанда, бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани чунин ҳуҷҷат, такроран аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ бо истифодаи техникаи компютерӣ, банду даст менамояд.

Дар вақти таъин намудани ҷазо нисбати судшаванда Ҳ.Ҳ.А. суд хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятро, ки бадқасдона содир карда шудааст, принсипи фардикунонии ҷазоро, пеш суд нашуданашро, бори авввал ҷиноят содир намуданашро, ба гуноҳаш пурра иқрор буда, пушаймонӣ изҳор намуданашро, ба тафтишоти пешакӣ ва судӣ барои ҳалли объективонаи кор ёрӣ доданашро, пурра барқарор намудани зарари моддии оид ба парвандаро, аз ҷои кораш ахлоқномаи мусбӣ доштанашро ба назар гирифта, лозим донист дар доираи раводиди қисми 3-и моддаи 247, қисми 2-и моддаи 340-и КҶ Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҷазо таъин намояд.

Дар вақти таъин намудани ҷазо нисбати судшаванда С.Ҳ.Ҷ. суд хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятро, ки бадқасдона содир карда шудааст, принсипи фардикунонии ҷазоро, пеш суд нашуданашро, ба гуноҳаш қисман иқрор буда пушаймонӣ изҳор намуданашро, ба тафтишоти пешакӣ ва судӣ барои ҳалли объективонаи кор ёрӣ доданашро, соҳиби 9 фарзанд буданашро, пурра барқарор намудани зарари моддии оид ба парвандаро ба назар гирифта, лозим донист дар доираи раводиди қисми 3-и моддаи 247 ва қисми 2-и моддаи 340-и КҶ Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҷазо таъин намояд.

Ҳамзамон суд ҷазои иловагиро нисбати судшаванда С.Ҳ.Ҷ. дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияи муайян, мавриди муҳокима қарор дода, лозим донист, ки ҷазои иловагиро нисбати ӯ дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияи муайян таъин накунад, зеро судшаванда С.Ҳ.Ҷ. дар рафти тафтишоти пешакӣ ва рафти мурофиаи судӣ ба гуноҳаш пурра иқрор буда аз кардааш сидқан пушаймон аст,  санаи таваллудаш 8.09.1949-сол буда нафақахур аст ва дар ҳеҷ куҷо кор намекунад.

Гарчанде, ки тибқи талаботи моддаи 23-и Қонуни Ҷумҳурии Точикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” аз 26.11.2019 сол таҳти №1650 андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, дар ҳаҷми 58 сомонӣ муқаррар карда шуда бошад ҳам, суд лозим донист, ки ҷаримаро нисбати судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. аз рӯи нишондиҳандае, ки дар лаҳзаи содиршавии ҷиноят амал мекард, таъин намояд.

Зеро мутобиқи талаботи қисми 1-и моддаи 12-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят ва сазовори ҷазо будани кирдор  бо қонуне, ки  дар вақти  содир намудани он  кирдор амал мекунад, муайян карда мешавад.

Суд бо дастрасии моддаи 78-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири далелҳои шайъиро ҳал намуд.

Бинобар асосҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 332-335,338, 339,341-344,347-348-и КМҶ Ҷумҳурии  Тоҷикистон  суд,-

 

ҲУКМ    КАРД:

 

Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. бо банди «а»-и қисми 3-и моддаи 247, бандҳои “а,б,в”-и қисми 2-и моддаи 340-и  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шаванд.

Нисбати Ҳ.Ҳ.А. бо банди «а»-и қисми 3-и моддаи 247 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи нуҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба панҷоҳ ҳазору яксаду шаст сомонӣ ба фоидаи давлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар соҳаи маориф ба муҳлати 2 сол таъин карда шавад.

Нисбати Ҳ.Ҳ.А. бо бандҳои “а,б,в”-и қисми 2-и моддаи 340-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима ба андозаи сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба бист ҳазору ҳафтоду панҷ сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шавад.

Бо дастрасии қисми 3-и моддаи 67-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо, ҷазои ниҳоӣ нисбати Ҳ.Ҳ.А. ҷарима ба андозаи нуҳсаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба панҷоҳу ду ҳазору дусаду панҷоҳ сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар соҳаи маориф ба муҳлати 2 сол таъин карда шавад.

Чораи пешгирии Ҳ.Ҳ.А. забонхат дар бораи нарафтан  аз маҳалли истиқомат баъди ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукм бекор карда шавад.

Нисбати С.Ҳ.Ҷ. бо банди «а»-и қисми 3-и моддаи 247 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи нуҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба панҷоҳ ҳазору яксаду шаст сомонӣ ба фоидаи давлат бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян, таъин карда шавад.

Нисбати С.Ҳ.Ҷ. бо бандҳои “а,б,в”-и қисми 2-и моддаи 340-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима ба андозаи сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба бист ҳазору ҳафтоду панҷ сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шавад.

Бо дастрасии қисми 3-и моддаи 67-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо, ҷазои ниҳоӣ нисбати С.Ҳ.Ҷ. ҷарима ба андозаи нуҳсаду чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба панҷоҳу як ҳазору ҳафтсад сомонӣ ба фоидаи давлат, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин карда шавад.

Чораи пешгирии С.Ҳ.Ҷ. забонхат дар бораи нарафтан  аз маҳалли истиқомат баъди ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукм бекор карда шавад.

Далелҳои шайъӣ: пахтапораҳое, ки бо онҳо ангуштони дастони чап ва рости Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. тоза карда шудаанд бо намунаи хокаи кимиёвӣ,  ки дар қабати парвандаи ҷиноятии мазкур нигоҳ дошта мешаванд, баъди ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми мазкур маҳв карда шаванд.

Шаш адад аттестатҳо ва шаҳодатнома дар бораи маълумоти миёна, як адад фитаи сабтҳои гуфтӯгӯй байни ҷабрдида Т.М.А., шоҳид С.С.Д. ва судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. оиди аз ҷониби номбурдагон барои омода намуда додани се адад шаҳодатнома дар бораи маълумоти миёна талаб намудани гирифтани маблағи 12000 сомонӣ ва  табуляграммаҳои зангҳои содиротӣ ва воридотии рақамҳои телефонҳои мобилии судшавандаҳо Ҳ.Ҳ.А. ва С.Ҳ.Ҷ. барои давраи аз 01 то 29.11.2019 сол дар шакли электронӣ дар як фита, ки дар қабати парвандаи ҷиноятӣ мавҷуданд, дар қабати маводҳои парвандаи ҷиноятӣ нигоҳ дошта шаванд.

Аз болои ҳукм дар муддати 10 (даҳ) шабонарӯз, аз лаҳзаи эълони он ба воситаи ҳамин суд ба Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ва ё эътирози кассатсионӣ баён намудан мумкин аст.

 

 

Судяи суди

ноҳияи Шаҳринав:                                                                   Шерализода О.Ш.

 

Нусха ба аслаш баробар  аст:

Судяи суди ноҳияи Шаҳринав:                                               Шерализода О.Ш.