АЗ ОЯНДАИ ХУД ДИЛПУРЕМ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти беназир дар ақсои ҷаҳон маҳсуб ёфтааст. Маҳз бо туфайли талошу ҷаҳонбозиҳои ӯ орзуву омолҳои ҳазорсолаи халқи тоҷик ҷомаи амал пӯшида, Тоҷикистон ба давлати ягонаи соҳибистиқлол табдил гардид.

Бахту иқболи миллат аст, ки чунин роҳбари оқилу далерро сарнавишт ба мо ато кард. Аз сиёсати бохирадонаи ин шахсияти бузург аст, ки имрӯз дар ҷомеаи мо сатҳи зиндагӣ боло рафта, иқтисодиёти кишвар бемайлон рушд дорад. Таҳти сарварии Пешвои миллат давоми 30-сол мардуми меҳнатқарини диёрамон бомаром корҳои созандагиву ободониро пешаи худ қарор дода, имрӯз натиҷаи ҳамин иқдомро метавонем дар намуди тамоми шаҳру навоҳиҳои ҷумҳурӣ мушоҳида созем.

Халқу миллати Тоҷикистон ҳамеша бо ному пайкори сарвари худ тавъамият дошта, дар атрофаш сарҷамъ гаштанд. Аз ин сабаб бо боварӣ гуфта метавонем, ки оянда мамлакатамон боз ҳам ба тараққиёту пешравиҳои дучандон ноил хоҳад шуд.

                                             Судяи суди ноҳияи Шаҳринав:  Шерализода Орзу Шералӣ