Ҷазо барои таҳқири намояндаи ҳокимият
Мутобиқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошад.
Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Шаъну шараф ва эътибори корӣ аз зумраи неъматҳое мебошанд, ки бегонашаванда ва муқаддасанд. Имруз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи Конститутсия инсон ҳамчун арзиши олӣ эътироф гаштааст, масъалаи шаъну шараф ва эътибори корӣ боз ҳам мароқангез ва ҷолиби диққат гаштааст.
Аз ин рӯ қонунгузор дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳқири намояндаи ҳокимият ҷавобгариро пешбинӣ намудааст, ки он дар моддаи 330-и Кодекси мазкур мустаҳкам карда шудааст.
Таҳқири намояндаи ҳокимият ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ин аз ҷиноятҳое мебошад, ки ба муқобили тартиби идоракунӣ равона карда шуда, ба монеъ шудани фаъолияти мӯътадили намояндаи ҳокимият бо роҳи паст задани шаъну шарафи он мебошад.
Имрӯзҳо ҳастанд нафароне, ки ба фаъолияти муътадили намояндаи ҳокимият монеагӣ эҷод намуда, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон шаъну шарафи онҳоро паст мезананд.
Чунончӣ, санаи 16 апрели соли 2019 тахминан соатҳои 0630-0700 дақиқа нозири роҳи ШБДА ШВКД дар н.Шаҳринав прапоршики милитсия Рустамов Усмонали Исанович бо ёрдамчиёни амалии кормандони ШБДА ШВКД дар н.Шаҳринав сержанти калони милитсия Ризвонзода Шараф Рузиқул ва прапоршики милитсия Бобомуродов Нурулло Сайфуллоевич аз рӯи нақшаи дохилии ШБДА ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав, дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав дар назди гардиши бозори чорво адои хизмат мебурдаанд, ки дар онҷо автомашинаи судшаванда Салимов Усмон дар канори роҳ нодуруст таваққуф карда шудааст. Ҳангоми азназаргузаронии ҳуҷҷатҳои ронандагии судшаванда Салимов Усмон охирин ба ғазаб омада, дидаю дониста, ки Рустамов У. ва Ризвонов Ш.Р. нозирони роҳ буда, дар тан либоси низомӣ доранд ва ҳангоми иҷрои вазифа мебошанд, тарафи онҳо дарафтода, Рустамов У.И.-ро бо алфозҳои қабеҳ дашном ва Ризвонов Ш.Р. таҳқиру бо истифодаи зуроварӣ лату кӯб намудааст, ки бо ин кирдораш шаъну шарафи намояндаҳои давлат Рустамов У. ва Ризвонов Ш.Р.-ро дар назди мардум паст задааст.
Ғайр аз ин судшаванда Салимов Усмон ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, дидаю дониста, ки Рустамов У. ва Ризвонов Ш.Р. нозирони роҳи ШБДА ШВКД дар н.Шаҳринав буда, дар тан либоси низоми доранд ва ҳангоми иҷрои вазифа мебошанд, онҳоро бо алфозҳои қабеҳ дашному ҳақорат карда, шаъну шарафашонро дар назди мардуми дар онҷо ҷамъ омада паст зада, обрӯ ва нуфузашонро поймол намудааст.
Дар рафти мурофияи судӣ судшаванда Салимов Усмон ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, сидқан пушаймонӣ изҳор намуда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.
Бо ҳукми суди ноҳияи Шаҳринав аз санаи 14 августи 2019 сол судшаванда Салимов Усмон бо моддаҳои 328 қисми 1 ва 330 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо моддаи 328 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 200 (дусад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба маблағи 11 000 (ёздаҳ ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
Нисбати судшаванда Салимов Усмон бо моддаи 330 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба маблағи 27 500 (бисту ҳафт ҳазору панҷсад) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
Бо дастрасии қисми 2-и моддаи 67-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо, ҷазои ниҳоӣ нисбати Салимов Усмон дар намуди ҷарима ба андозаи 550 (панҷсаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба маблағи 30 250 (си ҳазору дусаду панҷоҳ) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.