Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

ҲУКМ

АЗ НОМИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

«03»-уми июли 2024-ум сол                                           ноҳияи Шаҳринав

Суди ноҳияи Шаҳринав

Дар ҳайати раисикунанда                                                                                      Аюбзода Н.С.

Бо котибии                                                                                                                   Шарофиддинзода К.Ш.

Бо иштироки айборкунандаи давлатӣ                                                                  Ҳасанзода А.

Дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ дар бинои Ҷамоати деҳоти  Шаҳринав, парвандаи ҷиноятиро бо айбдории С.И.Б., соли таваллудаш 31 марти соли 1977, зодаи шаҳри Кулоб, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, маълумот олии муҳандисӣ, ҷойи кор директори Литсейи касбии техникӣ ноҳияи Шаҳринав, оиладор соҳиби 3 нафар фарзанд, пеш суд шудааст, доғи судиаш барҳам хурдааст, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Карин Манн хонаи 12\1 ҳуҷраи 1, нусхаи фикри айбдориро аз суди ноҳияи Шаҳринав гирифтааст, чораи пешгириаш аз 05 апрели соли 2024 бо забонхат аз маҳалли зист баромада нарафтан татбиқ карда шудааст, дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 245 қисми 2 банди «г»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, ба далелҳои дар маҷлиси судӣ санҷидашуда баҳо дода суд чунин,-

                                                                   Муайян кард:

Судшаванда С.И.Б., дар асоси фармоиши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 10 октябри соли 2019, №162 ҳк дар вазифи директори Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳринав”таъин гардида, шахси масъули моддӣ дошта ба ҳисоб рафта дар давоми фаъолияти кориаш бо истьифода аз ваколатҳои мансабдорӣ дар чунин ҳолатҳо даст ба содир намудани ҷинояти азонихудкунӣ задааст. Чунончӣ санаи 1 июли соли 2023 байни директори муассисаи давлатии таълими Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳринав дар шахсияти директори муассиса С.И.Б., ҳамчун “Харидор” ва ҶДММ “Султон-2014” дар шахсияти директори он А.М.Ф. ҳамчун “Таъминотчӣ” оиди тартиби дурусти харидорӣ даромад ва хароҷот намудани таҷҳизотҳои идоравӣ дар давоми соли 2023 ба маблағи 29859 сомонӣ оиди ворид намудани 2 адад принтер ба маблағи 4400 сомонӣ, таҷҳизоти обкашонӣ ба маблағи 3000 сомонӣ, ангиштсанг ба маблағи 9902 сомонӣ, мизу курсии омузгорӣ ба маблағи 12000 сомонӣ ба имзо расонида шудааст. Сипас С.И.Б., ҳамчун шахси масъулияти моддӣ дошта қасдан ва бо мақсади тасарруфӣ маблағҳои буҷетӣ дар асоси супоришномаи пулӣ №0701424 аз 04 июли соли 2023 маблағи 29859 сомониро ба суратҳисобӣ ҶДММ “Султон-2014”воридот намуда баъди ба муассиса ворид гардидани таҷҳизоти обкашонӣ ба маблағи 3000 сомонӣ ва ангиштсанг ба маблағӣ 9902 сомонӣ ба суратҳисобӣ ҶДММ “Султон-2014” гузаронида С.И.Б., қайд намудааст, ки 2 адад принтер ба маблағи 4400 сомонӣ ва 15 адад мизу курсии омӯзгорӣ ба маблағи 12000 сомониро худаш харидори менамудааст. Дар ҳамин замина аз сармуҳосибӣ ҷамъияти мазкур С.И.Б., боқимонда маблағи 16400 сомониро нақди гирифта ба муассиса таҷҳизотҳои болозикрро ворид накарда, маблағи мазкурро тасаруф намуда дар натиҷа бо ин кирдорҳои худ ба давлат зарари молиявӣ расонидааст.

Ҳамин тариқ С.И.Б., бо кирдори ҷинояткоронаи худ ҷинояти дар моддаи 245 қисми 2 банди “г”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарӣ ҷиноятиро барои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр, ки ба гунаҳгор бовар карда супурда шудааст ё дар ихтиёраш аст, бо истифода аз ваколдатҳои мансабӣ содир намудааст.

Судшаванда С.И.Б., дар маҷлиси судӣ худашро дар содир намудани ҷиноят пурра гунаҳгор шуморида, пушаймонӣ изҳор намуда, чунин нишондод дод, ки  аз 10 октябри соли 2019 то инҷониб дар вазифаи директора муассиси давлатии таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳринав кор ва фаъолият мекардааст ва ба вазифаҳои хизматиаш назорат аз боло кормандони зерботеъ, самарнок истифода намудани маблағҳои муассиса, ба кор таъин ва озод намудани кормандон ва ғайраҳо дохил мешудааст. Оиди ҳолати кор чунин қайд намуд,  ки байни муассисаи онхо дар шахсияти ӯ ҳамчун директор “Харидор” ва ҶДММ “Султон-2014″ дар шахсияти директора он А.М.Ф. ҳамчун «Таъманотчӣ» оада тартиби дурусти харадорӣ, даромад ва хароҷот намудани тачхизотхои идоравӣ дар давоми соли 2023 тибқи 2 адад шартнома ба маблаги 29859 сомонӣ ба имзо расонида шудааст, ки шартномаи мазкур санаи 1 июли соли 2023 оиди харидории таҷҳизот, ангишсанг, молҳои конселярӣ ва хоҷагидорӣ будааст. Дар асоси шартномаи мазкур ҶДММ «Султон-2014» уҳдадор будааст, ки ба муассисаи онхо 2 адад принтер ба маблаги 4400 сомонӣ, таҷҳизоти обкашонӣ ба маблаги 3000 сомонӣ, ангиштсанг ба маблағи 9902 сомонӣ ва мизу курсии омӯзгорӣ ба маблағи 12000 сомонӣ ҷамъ ба маблаги 29859 сомонӣ ворид кунад.

Сипас, вай ба сармуҳисиби ҷамъияти мазкур М.А. қайд намудааст, ки молу тачхизотхои дар боло зикргардидаро дар асоси хисоб- фактура ба даромад гирифта, аз он 2-адад принтер ба маблаги 4400 сомонӣ ва 15 адад мизу курсии омӯзгорӣ ба маблаги 12000 сомониро таъмин накарда маблаги онхоро, ки 16400 сомониро ташкил медихад ба вай дихад ва ӯ худаш ин молу маводҳоро харидорй мекардааст. Баъдан номбурда ба пешниҳоди вай розӣ шуда, дар асоси борхати б/р аз 10 июли соли 2023 ба муассисаи онхо 2 адад принтер ба маблаги 4400 сомонй, тачхизоти обкашонй ба маблаги 3000 сомонй, ангишт санг ба маблаги 9902 сомонӣ ва мизу курсии омӯзгорӣ ба маблаги 12000 сомонй ҷамъ ба маблаги 29302 сомонӣ пешниҳод намуда, дар асл 2-адад принтер ба маблаги 4400 сомонӣ ва 15 адад мизу курсии омӯзгорӣ ба маблаги 12000 сомониро таъмин накарда маблаги онро, ки 16400 сомониро накди намуда, ба С.И.Б., додааст ва охирин маблағӣ мазкурро гирифта, бо ин маблаг тачхизотхои боло зикрро харидорӣ накарда, маблагхои мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Аз суд хоҳиш кард, ки нисбати вай ҷазои сабук дар доираи қонун таъин карда шавад.

Ба ғайр аз пурра худро гунаҳгор шуморидани судшаванда суд гуноҳи ӯро дар содир намудани ҷиноят бо маҷмӯи далелҳои зерини дар маҷлиси судӣ санҷидашуда, исботёфта меҳисобад. Чунончӣ:

Намояндаи ҷабрдида Ҳ.Р.Ҳ. дар маҷлиси судӣ пурсида шуда чунин нишон дод, ки ки дар хақиқат вай аз моҳи июни соли 2022 то инҷониб дар Раёсати молияи ноҳияи Шаҳринав ба хайси мудири бахши даромадҳои давлатӣ кор ва фаъолият мекардааст. Ба вазифаҳои хизматии ӯ ҳамчун мудири бахши мазкур банақашгирии андозҳои маҳаллӣ, иҷрои дастуру супоришҳои рохбарият ва гайрахо дохил мешудааст.

Доир ба ҳолати кор ҳаминро қайд кард, ки моҳи марти соли 2024 санҷиши фаъолияти молиявии МДТ “Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳринав” гузаронида шудааст. Зимни санчиш муайян гардидааст, ки байни Муассисаи мазкур дар шахсияти директор С.И.Б., “Харидор” ва ҶДММ “Султон-2014” дар шахсияти директори он А.М.Ф. хамчун “Таъминотчӣ” оиди тартиби дурусти харидорӣ, даромад ва харочот намудани таҷхизотхои идоравӣ дар давоми соли 2023 тибки 2 адад шартнома ба маблати 29859 сомонӣ ба имзо расонида шудааст, ки шартномаи мазкур санаи 1 июли соли 2023 оиди харидории тачхизот, ангишсанг, молхои конселярӣ ва хоҷагидорӣ будааст. Дар асоси шартномаи мазкур ҶДММ “Султон-2014” ухдадор будаст, ки ба муассисаи мазкур 2 адад принтер ба маблати 4400 сомонӣ, таҷҳизоти обкашонӣ ба маблати 3000 сомонӣ, ангиштсанг ба маблати 9902 сомонӣ ва  мизу курсии омӯзгорӣ ба маблати 12000 сомонӣ чамъ ба маблати 29302 сомонӣ ворид ме кардааст. Сипас моҳи июли соли 2023 аз чониби ҶДММ “Султон-2014″ ба муассисаи мазкур таҷхизоти обкашонӣ ба маблати 3000 сомонӣ ва ангиштсанг ба маблати 9902 сомонӣ таъмин карда шудааст, аммо дар борхати ба вай пешниҳодгардида 2 адад принтер ба маблати 4400 сомонӣ, таҷҳизоти обкашонӣ ба маблати 3000 сомонӣ, ангиштсанг ба маблати 9902 сомонӣ  ва мизу курсии омӯзгорӣ ба маблати 12000 сомонӣ чамъ ба маблати 29302 сомонӣ нишон дода шудаааст, ва аз сабаби он, ки 2 адад принтер ба маблати 4400 сомонӣ ва 15 адад мизу курсии омӯзгорӣ ба маблати 12000 сомонй чамъ ба маблати 16400 сомонӣ дар асл ба муассиса аз чониби ин ҷамъият таъмин карда нашуда будаст, ки зимни санҷиш холати мазкур, яъне маблати 16400 сомонй дар зимаи директори муассиса С.И.Б., хамчун маблати тасарруф ошкор гардидааст. Айни ҳол зарари расонида шуда аз ҷониби директори муассисаи мазкур С.И.Б., ба маблағи 16400 сомонӣ ба пуррагӣ барқарор карда шудааст. Аз суд хоҳиш намуд, ки нисбати судшаванда ҷазо сабук таъин карда шавад.

Шоҳид М.А.М. дар маҷлиси судӣ пурсида шуда, чунин нишондод дод, ки ӯ аз соли 2022 то инҷониб дар вазифаи сармуҳосиби ҶДММ “Султон-2014″ кор ва фаъолият мекардааст ва ба вазифахои хизматияш аз пеш бурдани самти молиявии ҷамъият, ҳисобу китоб намудани маблағхои андоз ва гайраҳо дохил мешудааст. Аслан ҷамъияти онҳо ба фаъолияти сохтмонӣ таъминотӣ машғул буда, дар нозироти андози андози ноҳияи Темурмалиқ ба қайд гирифта шуда, дар асоси Шаходатнома кору фаъолият менамояд.

Оиди ҳолати кор илова намуда қайд кард, ки байни муассиси давлатии таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳринав дар шахсияти директори он С.И.Б., “Харидор» ва ҶДММ «Султоп-2014» дар шахсияти директор А.М.Ф. ҳамчун «Таъминотчӣ» оиди тартиби дурусти харидорӣ, даромад ва хароҷот намудани тачхизотхои идоравӣ дар давоми соли 2023 тибқи 2 адад шартнома ба маблаги 29859 сомонӣ ба имзо расонида шудааст, ки шартномаи мазкур санаи 1 июли соли 2023 оиди харидории таҷҳизот, ангиштсанг, молхои конселярӣ ва хоҷагидорӣ будааст. Дар асоси шартномаи мазкур ҷамъияти онҳо уҳдадор будааст, ки ба муассисаи мазкур 2 адад принтер ба маблати 4400 сомонӣ, тачхизоти обкашонӣ ба маблати 3000 сомонӣ, ангиштсанг ба маблаги 9902 сомонӣ ва мизу курсии омӯзгорӣ ба маблағи 12000 сомонӣ ҷамъ ба маблаги 29302 сомонӣ ворид мекардааст.

Сипас директори Мауссисаи мазкур С.И.Б., ба вай хамчун сармуҳисиби ҷамъияти мазкур қайд намудааст, ки молу тачхизотхои дар боло зикргардидаро дар асоси хисоб-фактура ба даромад гирифта, аз он 2-адад принтер ба маблағи 4400 сомонӣ ва 15 адад мизу курсии омӯзгорӣ ба маблағи 12000 сомониро таъмин накардааст ва маблағи онхоро, ки 16400 сомониро ташкил медодааст ба ӯ диҳад ва ӯ худаш ин таҷҳизотҳоро харидорӣ мекардааст. Баъдан ба пешниҳоди ӯ розӣ шуда, дар асоси борхати б/р аз 10 июли соли 2023 ба муассисаи онхо 2 адад принтер ба маблаги 4400 сомонӣ, тачхизоти обкашонӣ ба маблаги 3000 сомонӣ, ангиштсанг ба маблаги 9902 сомонӣ ва мизу курсии омӯзгорӣ ба маблаги 12000 сомонӣ ҷамъ ба маблаги 29302 сомонӣ пешниход намуда, дар асл 2-адад принтер ба маблаги 4400 сомонӣ ва 15 адад мизу курсии омузгорӣ ба маблаги 12000 сомониро таъмин накарда, маблағи онҳоро, ки 16400 сомониро накди намуда, ба С.И.Б., додааст ва номбурда ба ӯ ваъда дода будааст. ки рафта худаш таҷхизотҳои болозикрро харидорӣ намуда ба муассиса таъмин менамудааст. Ҳолати мазкур моҳи марти соли 2024 аз тарафи мутахассисиони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумхурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шуда, муайян гардидааст, ки С.И.Б.,  маблаги 16400 сомонии аз ӯ гирифтаашро ба муассиса тачхизотхои болозикрро ворид накарда маблағи болозикрро ба маифиати шахсиаш сарф намудааст, ки ӯ оиди ин холат дар рафти санҷиш огохӣ пайдо намудааст.

Шоҳидон А.М.Ф. ва К.С.С. аз вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ ба таври дахлдор огоҳ будаанд, бинобар сабабҳои ба суд номаълум ба маҷлиси судӣ ҳозир нагардиданд. Нишондодҳои дар рафти тафтишоти пешакӣ додаи шоҳидон А.М.Ф. (в.к.52-54), К.С.С.(55-57) мутобиқан ба маводҳои парвандаи ҷиноятӣ хонда эълон карда шуданд, ки судшаванда С.И.Б., нишондодҳои зикргаштаро тасдиқ кард.

Аз нусхаи расид аз санаи 14 марти соли 2024 маълум мешавад, ки маблағи пулӣ зарар ба андозаи 16400 сомонӣ аз ҷониби судшаванда С.И.Б., пурра барқарор карда шудааст.(в.к.7).

Ҳамин тариқ суд дар асоси далелҳои ҷамъовардашуда ба хулоса омад, ки судшаванда С.И.Б., дар асоси фармоиши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 10 октябри соли 2019, №162ҳк дар вазифи директори муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳринав”таъин гардида, шахси масъули моддӣ дошта ба ҳисоб рафта дар давоми фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколатҳои мансабдорӣ дар чунин ҳолатҳо даст ба содир намудани ҷинояти азонихудкунӣ зщадааст. Чунончӣ санаи 1 июли соли 2023 байни директори муассисаи давлатии таълими Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳринав дар шахсияти директори муассиса С.И.Б., ҳамчун “Харидор” ва ҶДММ “Султон-2014” дар шахсияти директори он А.М.Ф. ҳамчун “Таъминотчӣ” оиди тартиби дурусти харидорӣ даромад ва хароҷот намудани таҷҳизотҳои идоравӣ дар давоми соли 2023 ба маблағи 29859 сомонӣ оиди ворид намудани 2 адад принтер ба маблағи 4400 сомонӣ, таҷҳизоти обкашонӣ ба маблағи 3000 сомонӣ, ангиштсанг ба маблағи 9902 сомонӣ, мизу курсии омузгорӣ ба маблағи 12000 сомонӣ ба имзо расонида шудааст. Сипас С.И.Б., ҳамчун шахси масъулияти моддӣ дошта қасдан ва бо мақсади тасарруфӣ маблағҳои буҷетӣ дар асоси супоришномаи пулӣ №0701424 аз 04 июли соли 2023 маблағи 29859 сомониро ба суратҳисобӣ ҶДММ “Султон-2014”воридот намуда баъди ба муассиса ворид гардидани таҷҳизоти обкашонӣ ба маблағи 3000 сомонӣ ва ангиштсанг ба маблағӣ 9902 сомонӣ ба суратҳисобӣ ҶДММ “Султон-2014” гузаронида С.И.Б., қайд намудааст, ки 2 адад принтер ба маблағи 4400 сомонӣ ва 15 адад мизу курсии омӯзгорӣ ба маблағи 12000 сомониро худаш харидори менамудааст. Дар ҳамин замина аз сармуҳосибӣ ҷамъияти мазкур С.И.Б., боқимонда маблағи 16400 сомониро нақди гирифта ба муассиса таҷҳизотҳои болозикрро ворид накарда, маблағи мазкурро тасаруф намуда дар натиҷа бо ин кирдорҳои худ ба давлат зарари молиявӣ расонидааст.

Аз ин рӯ суд ҳаракатҳои судшаванда С.И.Б.-ро бо банди “г”-и қисми 2-и моддаи 245-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр, ки ба гунаҳгор бовар карда супурда шудааст ё дар ихтиёраш аст, бо истифода аз ваколдатҳои мансабӣ банду баст менамояд.

Дар вақти таъин намудани ҷазо нисбати судшаванда С.И.Б., суд хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятро, ки қасдона содир карда шудааст, принсипи фардикунонии ҷазоро, шахсияти судшавандаро, ки худашро дар содир намудани ҷиноят пурра гунаҳгор шуморида, пушаймонӣ изҳор намуданашро, ба тафтишоти судӣ барои ҳалли объективонаи парванда ёри доданашро, соҳиби 3 фарзанди хурдсол буданашро, пурра барқарор намудани зарари расонидашударо, ба назар гирифта, лозим донист, ки дар доираи раводиди қисми 2-и моддаи 245-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима таъин намояд.

Гарчанде, ки тибқи талаботи моддаи 23-и Қонуни Ҷумҳурии Точикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” аз 18.11.2023 сол таҳти №2012 аз 01.01.2024 сол як нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 72 сомонӣ муқаррар карда шуда бошад ҳам, суд лозим донист ҷазои ҷаримаро нисбати судшаванда С.И.Б., аз рӯи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки баробар ба 68 сомонӣ дар вақти содир намудани ҷиноят муқаррар карда шуда буд, таъин намояд, зеро мутобиқи талаботи қисми 1-и моддаи 12-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят ва сазовори ҷазо будани кирдор бо қонуне, ки дар вақти содир намудани он кирдор, амал мекунад, муайян карда мешава.

Бинобар асосҳои болоӣ бо дастрасии моддаҳои 332-335, 338, 339, 341-344, 347-348-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд чунин,-

      Ҳукм кард:

С.И.Б., бо моддаи 245 қисми 2 банди “г”-и  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин кисми модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 550 (панҷсаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 37400 (сиву ҳафт ҳазору чорсад) сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабӣ роҳбарикунанда ва масъулияти моддӣ дошта дар Литсейи касбии техникӣ ба муҳлати 1 (як) сол таъин карда шавад.

Чораи пешгирии С.И.Б., бо забонхат аз маҳалли зист баромада нарафтан баъди ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукм бекор карда шавад.

Далели шайъӣ: Супоришномаи пулии МДТ Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳринав, ҳисоб фактураи ҶДММ “Султон-2014” ва борхати №б\р аз 10 июли соли 2023 бо парвандаи мазкур нигоҳ дошта шавад.

Нисбати ҳукми суд аз лаҳзаи эълони он дар муҳлати даҳ шабонарӯз ба Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳамин  суд  шикоят ва ё эътирози кассатсионӣ овардан мумкин  аст.

 

Раисикунанда:                                        /Имзо/                                 Аюбзода Н.С.

Нусха бо аслаш    баробар аст:

Судяи суди ноҳияи Шаҳринав:                                                       Аюбзода Н.С.