БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ ОЯНДА

Истиқлолияти бадастовардаи мо, Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшидааст. Дарвозаҳои чаҳор самти оламро ба рўи Тоҷикистон  боз намуд. Танҳо бо шарофати истиқлолияти давлатӣ  ва заҳмату талошҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки кишварамонро ба оламиён муаррифӣ  намоем ва ба сўи фардои дурахшон сарбаландона пеш рафта  истодаем.  Боиси хушнудист, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба маҷрои куллан нав ворид гардида, сол аз сол беҳтар мешавад.

Бо ташаббуси Раиси суди ноҳияи Шаҳринав бинои суди ноҳия пурра аз таъмир бароварда шуд, ки бинои суди ноҳияи Шаҳринав ба муносибати 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ ҳусни идона гирифтааст.

Бинои суди ноҳияи Шаҳринав пеш аз таъмир.