БАХШИДА БА ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2024 “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Бахшида ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ судяҳо ва кормандони суди ноҳияи Шаҳринав баҳри воқеан баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудан ва худдорӣ намудани шаҳрвандон аз амалҳои номатлуб дар Ҷамоатҳо бо аҳоли мунтазам дар маҷлисҳои сайёри судӣ корҳои тарғиботию ташвиқотиро вобаста ба риоя ва эҳтироми Контитутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рох мондаанд.