Беамалӣ дар иҷрои вазифа

ҲУКМ

АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Суди ноҳияи Шаҳринав

Дар ҳайати раисикунанда                                                                                                                Шерализода О.Ш.

Бо котибии                                                                                                                                             Ҳамдамзода А.Т.

Бо иштироки айборкунандаи давлатӣ                                                                                           Ҳасанзода А.

Дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Шаҳринав санаи «16» августи соли 2024 парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Б.О.Ҷ. санаи таваллудаш 19.07.1971 сол, зодаи ноҳияи Шаҳринав, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ-омӯзгорӣ, оиладор соҳиби 2 фарзанд, пеш суд нашудааст, мувақатан бекор, ҷойи истиқоматаш ноҳияи Шаҳринав, Ҷамоати деҳоти Чуст, деҳаи Чузӣ, нусхаи хулосаи айбдориро гирифтааст, чораи пешгирияш аз 3.05.2024 сол бо забонхат дар бораи аз маҳалли истиқомат баромада нарафтан татбиқ карда шудааст, дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 315-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, ба далелҳои дар маҷлиси судӣ санҷидашуда баҳо дода суд чунин,-

М У А Й Я Н   К А Р Д:

Судшаванда Б.О.Ҷ. дар асоси фармоиши шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав аз 11.08.2014 сол таҳти №72/7 то 29.12.2022 сол дар вазифаи китобдори ҳамин шуъба фаъолият намуда, шахси масъулияти моддидошта оид ба тақсимоти китобу дигар маводҳои таълимӣ ва назорати истифодабарии минбаъдаи онҳо аз ҷониби муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Шаҳринав ба ҳисоб рафта, дар ҳолати зерин ҷинояти беамалӣ дар иҷрои вазифаро содир намудааст.

Чунончӣ, вай ҳангоми дар вазифаи номбурда фаъолият карданаш, дар асоси борхатҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз санаи 30.03.2022 таҳти №46, аз 16.08.2022 сол таҳти №169, аз 1.09.2022 сол таҳти №196 ва аз 16.10.2022 сол таҳти №245, теъдоди умумии 40641 адад китобҳои дарсӣ ва маводҳои таълимиро ба маблағи 83258,83 сомонӣ ҷиҳати тақсимот ва назорати истифодабарии минбаъдаи онҳо аз ҷониби масъулини муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Шаҳринав қабул намудааст. Минбаъд вай дидаю дониста оид ба теъдоди китобу маводҳои таълимии қабулнамудаи худ шахси масъулияти моддидошта ба ҳисоб меравад ва тибқи талаботи тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ  ва маблағҳои гардони он дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.02.2013 сол таҳти №471 тасдиқ карда шудааст, онҳо бояд дар асоси ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунанда ба чунин муассисаҳо тақсим карда шаванд, аз рӯи манфиатдории шахсӣ амал карда, бо мақсади беҳтар кардани нишондиҳандаҳои фаъолияти хизматии худ дар давоми соли 2022 давра ба давра 1442 китобҳои дарсӣ ва маводҳои таълимиро ба маблағи 28839,8 сомонӣ бидуни ҳуҷҷатгузории онҳо, яъне тартиб додани борхат ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдори муҳосибӣ бо мақсади ғайр хароҷот кардааст.

Бо ин ҳаракатҳояш судшаванда Б.О.Ҷ. ҷинояти дар моддаи 315 -и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои беамалӣ дар иҷрои вазифа, яъне аз тарафи хизматчии давлатӣ, ки шахси мансабдор намебошад бо мақсади ғаразнок ё дигар манфиати шахсӣ агар ин кирдор ба таври ҷиддӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии давлатро поймол карда бошад, муқарар мекунад содир намудааст.

Дар рафти мурофияи судӣ судшаванда Б.О.Ҷ. ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, сидқан пушаймонӣ изҳор намуда, ба тарики хаттӣ дархост пешниҳод намуда, пурсид, ки тафтишоти судӣ ба тариқи соддакардашуда бе таҳқиқи далелҳо баррасӣ карда шавад. Ин эътирофи ӯ маҷбурӣ нест. Ҳамчунин намояндаи ҷабрдида С.Г.С. ва айбдоркунандаи давлатӣ низ дархости зикрнамударо дастгирӣ намуда, пурсиданд, ки он қонеъ карда шавад.

Мутобиқи талаботи қисми 1-и моддаи 310-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати ба гуноҳаш иқрор шудани судшаванда, ки аз ҷониби тарафҳо мавриди баҳс қарор нагирифтааст ва судро низ таҳти шубҳа намегузорад, суд, судя бо мувофиқаи тарафҳо баъди аз судшаванда муқаррар кардани он ки оё эътирофи ӯ маҷбурӣ нест, ҳуқуқ дорад, танҳо бо таҳқиқи далелҳое маҳдуд шавад, ки тарафҳо онҳоро зикр кардаанд ё тафтиши судиро хатмшуда эълон карда ба музокираи судӣ гузарад.

Айни ҳол суд муқаррар намуд, ки эътирофи судшаванда Б.О.Ҷ. дар содир намудани ҷиноят маҷбурӣ набуда, аз ҷониби тарафҳо он мавриди баҳс қарор нагирифта, намояндаи ҷабрдида С.Г.С. ва айбдоркунандаи давлатӣ, барои ба тариқи соддакардашуда гузаронидани тафтиши судӣ зид нестанд. Аз ин рӯ суд тибқи талаботи қисми 1-и моддаи 310-и КМҶ Тоҷикистон амал намуда, лозим донист, ки дархости номбурдаро қонеъ намуда, тафтишоти судиро ба тартиби соддакардашуда гузаронад.

Ҳамзамон суд тибқи талаботи қисми 2-и моддаи 310-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарафҳо фаҳмонид, ки даст кашидан аз таҳқиқи далелҳо боиси бо ин асосҳо имконнопазир шудани арзи шикоят ё эътироз ба ҳукм мегардад.

Судшаванда Б.О.Ҷ. дар маҷлиси судӣ худашро дар содир намудани ҷиноят пурра гунаҳкор шуморида пушаймонӣ изҳор намуд.

Суд ҳаракатҳои ӯро бо моддаи 315-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аломатҳои аз тарафи хизматчии давлатӣ, ки шахси мансабдор намебошад бо мақсади ғаразнок ё дигар манфиати шахсӣ агар ин кирдор ба таври ҷиддӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии давлатро поймол карда бошад, банду баст менамояд.

Дар вақти таъин намудани ҷазо нисбати судшаванда Б.О.Ҷ. суд хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятро, ки қасдона содир карда шудааст, принсипи фардикунонии ҷазоро, шахсияти судшавандаро, ки худашро дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор шуморида, пушаймонӣ изҳор намуданашро, ба тафтишоти пешакӣ ва судӣ барои халли объективонаи кор ёрӣ доданашро, пурра барқарор намудани зарари моддии оид ба парвандаро ба назар гирифта лозим донист, ки нисбаташ ҷазои ҷарима таъин намояд.

Суд ҳолатеро, ки судшаванда Б.О.Ҷ. ба тафтишоти пешакӣ ва судӣ барои ҳалли объективонаи кор ёрӣ доданашро,ҷинояти содирнамудааш дараҷаи хавфнокияш начандон вазнин буданашро, барқарор кардани зарари моддии оид ба парвандаро, ҳамчун холатҳои мустасно эътироф намуда, лозим донист, ки нисбати ӯ моддаи 63-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ намуда дар ҳаққаш ҷазоро аз ҳадди каме, ки қонун барои ҷинояти содирнамудаи ӯ пешбинӣ мекунад, камтар таъин намояд.

Гарчанде, ки тибқи талаботи моддаи 23-и Қонуни Ҷумҳурии Точикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” аз 18.11.2023 сол таҳти №2012 аз 01.01.2024 сол як нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 72 сомонӣ муқаррар карда шуда бошад ҳам, суд лозим донист ҷазои ҷаримаро нисбати судшаванда Б.О.Ҷ. аз рӯи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки баробар ба 64 сомонӣ дар вақти содир намудани ҷиноят муқаррар карда шуда буд, таъин намояд, зеро мутобиқи талаботи қисми 1-и моддаи 12-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят ва сазовори ҷазо будани кирдор бо қонуне, ки дар вақти содир намудани он кирдор амал мекунад, муайян карда мешавад.

Суд бо дастрасии моддаи 78-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири далелҳои шайъиро ҳал намуд.

 

Бинобар асосҳои болоӣ бо дастрасии моддаҳои 310,332-335,338, 339,341-344,347-349-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд чунин,-

Ҳ У К М           К А Р Д :

Б.О.Ҷ. бо моддаи 315-и  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шавад.

Нисбати ӯ бо ҳамин модда бо дастрасии моддаи 63-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 200 (дусад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 12 800 (дувоздаҳ ҳазору ҳаштсад) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шавад, бо маҳрум кардан аз ҳуқуки ишғоли мансабҳои дорои масъулияти моддӣ дошта оид ба китобу дигар маводҳои таълимӣ дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯхлати 1 (як) сол.

Чораи пешгирии Б.О.Ҷ. дар намуди забонхат дар бораи нарафтан аз маҳалли истиқомат баъди ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукм бекор карда шавад.

Далелҳои шайъӣ: нусхаҳои борхатҳои №1, №4, №7, №8, №18, №21 ва 34, ки бо парвандаи ҷиноятӣ ҳамроҳ карда шудаанд, дар қабати маводҳои парвандаи ҷиноятӣ нигоҳ дошта шаванд.

Нисбати хукм дар муддати 10 (даҳ) шабонарӯз ба воситаи ҳамин суд ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ва ё эътирози кассатсионӣ баён намудан мумкин аст, ба истиснои асосҳои яктарафа ё нопурра будани тафтиши судӣ ва мувофиқат накардани хулосаи суд, ки дар ҳукм баён шудаанд ба ҳолатҳои воқеии парванда.

 

Раисикунанда:                                      /имзо/                  Шерализода О.Ш.

Нусха ба аслаш баробар аст:

Судяи суди ноҳияи Шаҳринав:                                          Шерализода О.Ш.