Фарзандро аз қайди сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ нагузаронидан, ҷавобгарӣ дорад.
Оила яке аз рукнҳои асосии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Агар оила солиму тифоқ бошад, ҷомеа низ обод аст. Оила маконест, ки дар он арзишҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои иҷтимоӣ аз як насл ба насли дигар интиқол мешавад. Устувории оила пеш аз ҳама ба тавлиди тифл пайванди ногусастанӣ дорад. Бо ба дунё омадани тифл дар оила зиндагонии падару модар ранги дигар гирифта, масъулияти онҳо дар тарбияи ин тифли навзод бештар мегардад.
Бо мақсади ба танзим даровардани масъалаи зикргашта моҳи августи соли 2011-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул гардид. Гарчанде, аз қабули Қонуни зикргашта муддати 8 сол сипарӣ шуда бошад, ҳам бархе аз шаҳрвандон дар риояи ин Қонун беэътиноӣ зоҳир намуда, даст ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мезананд.
Чунончӣ, рӯзи 08 июли соли 2019 Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав санҷиши вазъи риояву иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав мавриди санҷиш қарор додааст.
Дар рафти санҷиш муайян гаштааст, ки ҳуқуқвайронкунанда Т.М.Ф. талаботи сархати 2-и моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки тибқи он падару модар ӯҳдадоранд пас аз таваллуд фарзандро дар мӯҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд, вайрон намуда, фарзандонаш Бибиоиша, ки санаи таваллудаш 15.09.2012 сол аст, аз лаҳзаи таваллудаш то инҷониб яъне муддати 6 солу 10 моҳ ва Меҳрубон, ки санаи таваллудаш 09.02.2018 сол аст, аз лаҳзаи таваллудаш то инҷониб яъне муддати 1 солу 5 моҳ аз қайди сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ нагузаронида, ба онҳо шаҳодатномаи таваллуд нагирифтааст.
Дар натиҷа бо қарори Раиси суди ноҳияи Шаҳринав Саидзода М.Ш. аз санаи 23.07.2019 сол ҳуқуқвайронкунанда Т.М.Ф. бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбати ӯ бо ҳамин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 3 (се) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 165 (яксаду шасту панҷ) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
Аз ин рӯ сокинони ноҳияро зарур аст, ки дар тарбияи фарзандони худ беаҳамиятӣ зоҳир накарда, дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” фарзандони худро саривақт аз қайди давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронида, ба онҳо шаҳодатномаи таваллуд бигиранд.
Саидзода М.Ш.
Раиси суди н.Шаҳринав
Мирзозода М.Ҳ.
Мушовири суди н.Шаҳринав