ГУВОҲИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ
ГУВОҲИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассумгари ҷанбаҳои муҳими масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буда, дар он пешбурду муваффақиятҳои як соли сипаришуда баррасӣ гардидааст. Чи тавре, ки аз нуқтаҳои паём бармеояд таъмини рушду устувори иқтисодӣ ва баробари он баланд бурдани сатҳу сифати зиндагии мардум, беҳбудонии ҷиҳати иҷтимоиёт ва баҳри ин ҳадаф фароҳам овардани шароити мусоид яке аз самтҳои асоситарини сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб хоҳад ёфт.
Сарфи назар аз омилҳои манфӣ ба мисли ангезаи “Ковид-19”, низоъҳои тиҷоративу муноқишаҳои минтақавӣ ба мо муяссар гашт, ки иқтисоди миллиро бо низом нигоҳ дошта, нишондиҳандаҳои хубро ноил гардем. Масалан, таи ҳафт соли ахиран рушди иқтисодӣ миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил кардааст, ки ин албатта боиси сарфарозии мост. Дар маҷмӯъ Паёми Пешвои миллатамон шаҳодат ба ояндаи дурахшони миллату давлат ва ҳаёти пурсаодати халқи кишвар аст.
Раҷабзода С.А.
Раиси суди ноҳияи Шаҳринав