ХИЗМАТҲОИ ПЕШВОРО АРҶ МЕНИҲЕМ

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи муҳиме мебошад. Чунки он бо назардошти хизматҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёи давлат, таъмини сулҳу осоиш ва чун муаррифгари миллату забони ноби тоҷикӣ дар арсаи байналхалқӣ қабул гардидааст.

Равшан аст, ки ин сиёсатмадори варзида кафили ваҳдати миллӣ, бунёдгари давлати Истиқлол ва эҳёгари фарҳанги миллии мо буда, ҳидоятҳояшон моро ба осоиштагиву ободӣ раҳнамоӣ дорад.

Барои зиндагии шоистаи мардум бо вуҷуди душвориҳо сохтмони НБО Роғунро оғоз намуданаш мисоли ватандӯстиву ҳалқпарвариаш мебошад.

Ҳамчун наҷотбахши миллат месазад, ки ӯро арҷгузор бошем, дастурҳояшро бо ҷидду ҷаҳд амалӣ гардонем ва бо ҳамин дар пойдории давлати соҳибихтиёру озодамон ҳисса гузорем.

Судяи суди ноҳияи Шаҳринав:  Идрисзода Балаҷон Алиҷон