Истиқлолият-муҳимтарин дастоварди миллат

Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон яке аз рўйдоди бузурги таърихӣ ва барои миллати тоҷик сарнавиштсоз ба шумор меравад. Истиқлолияти давлатӣ, ки Тоҷикистон бисту ҳашт сол пеш ба даст овард, натиҷаи кӯшишу талошҳои тӯлонии халқи тоҷик дар роҳи пурпечутоби таърихи худ мебошад. Зеро андешаи истиқлолият ва талоши расидан ба давлатдории худ дар ниҳоди миллати мо дар давоми беш аз ҳазор сол ҳамеша зинда буд.

Миллати тоҷик дар охири асри бистум, ки он вақт Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт, бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рў ба рў омад. Он замон Тоҷикистон ба шахсияти наҷотбахш ва тавоно ниёз пайдо намуда буд. Ҳазорон шукр, ки аз миёни фарзандони миллати куҳанбунёди мо чунин шахс пайдо шуд. Ва ин шахс Президенти имрўзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд. Агар шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсии ин марди наҷиб намебуд, аз даст додани истиқлолияти давлатӣ як амри воқеӣ буд. Зеро он замон дар мамлакат беҳокимиятӣ ва бесарусомонии сиёсӣ ҳукмрон буд. Минтақаҳои ҷанубӣ ва пойтахти мамлакат аслан дар дасти гурўҳҳои ғоратгари мусаллаҳ қарор доштанд. Мардум ба сабаби даргириҳои байни гурўҳҳои мусаллаҳ дар тарсу ҳарос ва изтироб ба сар мебурданд. Ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ ва вазъи ҷиноии кишвар, ки Тоҷикистонро ба як сарзамини доғ табдил дода буд, аз ин обрўи миллати тоҷик коста мегардид ва мо бо номи нангини як миллати ҷангҷў вориди саҳнаи сиёсати байналмилалӣ мешудем. Лекин бо шарофати хиради фитрии миллати тоҷик ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа ба мо муяссар шуд, ки ҳамдигарфаҳмиву ҳамдигарбахшӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро барқарор намуда, хатари парокандагии миллат ва ҳамчун давлати мустақил аз байн рафтани Тоҷикистонро бартараф созем.

Дар натиҷа, бо гузашти муддати начандон тӯлонӣ дар Тоҷикистон фарҳанги сиёсии шакли нав ва низоми давлатдории ҷавобгӯ ба ормонҳои деринаи миллӣ ба вуҷуд омад, ки минбаъд барои рушди муназзам ва устувори кишвари мо тамоми шароити заруриро фароҳам овард. Истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили рукнҳои давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум буданд.

Албатта, барои пешбурди ин ҷараёни созанда ба мо лозим омад, ки аз фарҳангу маънавиёти ниёгони худ сабақ омӯзем, аз таҷрибаи ҷаҳони мутамаддин баҳра бардорем ва муҳимтар аз ҳама, мардумро ба роҳи хештаншиносиву худогоҳӣ ҳидоят ва сафарбар намоем. Мусаллам аст, ки таърихи қадима, фарҳанги бою рангоранг, забон ва адабиёти пурғановати миллӣ, хештаншиносиву худогоҳӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва дигар муқаддасот асоси ҳастӣ ва бақои миллат буда, ҳар як миллати воҳид маҳз тавассути ҳамин арзишҳо ба тамаддун ва таърихи башарӣ ворид мешавад. Миллати тоҷик дар тӯли таърихи деринааш худро маҳз ба шарофати афкору андеша, забон, илму фарҳанг, расму оин ва дигар арзишҳои ғоявӣ ба оламиён ҳамчун халқи фарҳангсозу башардӯст, сулҳпарвару озодихоҳ ва хайрхоҳу таҳаммулгаро муаррифӣ кардааст. Фарҳангу маънавиёти гузаштаи мо, ки дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ нақши амиқе гузоштааст, бояд дар замони истиқлолият низ ба хотири рушди тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ояндаи боэътимоди кишвар ба ҷомеа нерӯи тоза бахшанд. Зеро эҳёи тафаккури миллӣ, фарҳангу тамаддуни ниёгон воситаи муассири худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии нави миллӣ буда, халқу миллатро аз тариқи вахдату ягонагӣ ба пешрафтҳои азим хоҳад расонд.

Имрӯз Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти сангини рӯз ба марҳалаи сифатан нави тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии худ ворид гардидааст, ки вазифаҳои асосии ин давраи рушд аз вусъатбахшии пайгиронаи ислоҳот, самаранокии натиҷаҳои татбиқи он, рушди устувори иқтисодӣ ва бо ҳамин роҳ тадриҷан паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардуми кишвар иборатанд.

Ин амр тақозои рӯз ва талаби замонаи нав мебошад, зеро дар ибтидои асри XXI, ки садсолаи ҷаҳонгароист, миллати тоҷик ба иқтисоду истеҳсолоти замонавии ҷавобгӯи манфиатҳои давлатдории миллӣ, татбиқи дастовардҳои тамаддуни башарӣ ва илму технологияи нав, ҳамчунин ба ташаббускорӣ ва заҳмати фарзандони бонангу номус ва насли дорои тафаккури созанда, донишу ҷаҳонбинии муосир, ихтисоси баланд, зираку соҳибмаърифат ва миллатдӯсту ватанпараст ниёз дорад, ки барои тараққиёту ободии ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол содиқона хизмат намоянд ва дар арсаи ҷаҳонӣ аз давлату миллати худ пуштибонӣ  карда тавонанд.

Аз ин рў моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми азму талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тахрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо, бахусус ҷавонон нуфуз пайдо кунанд.

 

Саидзода М.Ш.

Раиси суди ноҳияи Шаҳринав

 

Мирзозода М.Ҳ.

Мутахассис-мушовири суди ноҳияи Шаҳринав