Конститутсия-бахтномаи миллат

Санаи, 6 ноябри соли 1994 бори нахуст дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии халқи тоҷик тавассути райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул гардид, ки он дар саҳифаи таърихи халқи тоҷик бо хати зарин ҳамчун рузи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардид.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқиии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад.

Бо қабули конститутсия муносибатҳои муҳими давлатию ҷамъияти танзими ҳуқуқии худро ёфта, барои таҳия ва қабули қоунунҳо ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр заминаи воқеӣ гузошта шуд.

Конститутсияи ба давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки дар муддати хеле кӯтоҳ ба комёбиҳои назаррас ноил гарданд. Халқи тоҷик бо такя ба мероси фарҳангӣ ва маънавии миллат, ба кишваре табдил ёфт, ки дар он ҳуввияти миллӣ боло рафта, мардуми шарафманди он аз захираи маънавии хеш баҳра гирифта побарҷо ва устувортар гардид. Инчунин дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикситон эълон гардид, ки Тоҷикистон давлати демократию ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озоданаро фароҳам меорад. Ҳамчунин инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф гардида, ҳаёт қадр номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии ӯ дахлнопазир эълон карда шуданд.

Баҳри шафофу самаранок ва дар фазои боздориву мувозинат иҷро гардидани салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ бори нахуст дар конститутсия ғояи ҳокимиятдорӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар гардид.

Дар баробари танзими ҳуқуқи вазъ ва фаъолияти дигар мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ дар боби алоҳида яъне боби 8-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъ ва мақоми ҳокимияти судӣ мавриди танзим қарор дода шудааст.

Дар моддаи 84-и Контститутсия эълон гардидааст, ки «Ҳокимияти судӣ мустақил буда аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амали мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат,ташкилоту муасиссаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар пайдоиш ва ташаккули як қатор падида ва ниҳодҳои нави ҷомеаи демократӣ, аз қабили таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳамчун мақоми махсуси назорати конститутсиони шароити мусоиди ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дебоча 10 боб ва 100 модда иборат мебошад, ки ҳуҷҷати муътабару муътамади тақдирсози миллати тоҷик мебошад.

Бояд фаромуш насохт, ки дар таҳия ва омадасозии Конститутсияи даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ниҳоят зиёд аст. Инак мо дар арафаи 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва мардуми тоҷик бо камоли ифтихор 6 ноябрро ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикиситон ҳамасола қайд менамоянд.

Боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардид. Вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат мебошад, ки Конститутсияро эҳтиром ва риоя намояд.

Саидзода М.Ш.

Раиси суди ноҳияи Шаҳринав

 

Ҳамдамзода А.Т.

Котиби маҷлиси судии суди н.Шаҳринав

Аюбов Н.С.

Котиби маҷлиси судии суди н.Шаҳринав