Конститутсия шаҳодатномаи миллат аст
Конститутсия шаҳодатномаи миллат аст
Мо дар пеш 29-умин солагарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешвоз мегирем. Бо гузашти 29 сол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷриба нишон дод, ки маҳз ин санади олӣ асосҳои ҳуқуқии рушди муносибатҳои ҷамъиятиро фароҳам оварда, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷиро муайян сохт. Ҷой додани принсипҳои демократӣ, арзишҳои умумибашарӣ аз ҷумла арзиши олӣ эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидани халқ, гуногунандешӣ, таҷзияи ҳокимият ба шохаҳо, эътирофи гуногуншаклии моликият ва дигар меъёрҳои ҷавобгӯ ба низоми ҳуқуқии ҷаҳони муосир дар Конститутсия буд, ки он аз сӯи коршиносони байналмилалӣ бахусус ҳуқуқшисони Федератсияи Русияву Амрико ва кишварҳои Аврупо ба сифати яке аз конститутсияҳои демократиӣ асос шинохта шуд. Зимнан ин санади олӣ дар қатори панҷ конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.
Агар ба мафҳуми Конститутсия назар афканем ин худ истилои лотинӣ буда, маънояш сохт ва муқаррар кардан мебошад. Чӣ тавре асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд “Конститутсия ин шаҳодатномаи давлат аст”. Гуфтаи зерини Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беасос нест. Зеро маҳз Конститутсия тарзи давлату давлатдорӣ, сохторҳои асосии давлатӣ, низоми идоракунии давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими давлативу сиёсиро ба танзим медарорад. Таввассути Конститутсия тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ танзим гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд кафолат дода мешаванд. Доштани Конститутсияи ягона яке аз аломатҳои давлатӣ ягона ба шумор меравад. Чунки дар қаламрави давлат аз Конститутсия дида ягона санади ҳуқуқии дигари баробар эътибор вуҷуд надорад.
Тавре маълум аст, дар Конститутсия мавқеъи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад. Бахшидани аз се як ҳиссаи Конститутсия аз моддаи 14 то 47 ба ин масъала баёнгари мазмуну моҳияти ҷомеъаи шаҳрвандӣ буда, пуштибони амиқи давлат аз манофеи шаҳрвандонро бозгӯ менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ҳуҷҷати расмии навишташуда мебошад, ки санаи 06 ноябри соли 1994 бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул карда шуда, бо он санаҳои 26 сенябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва ниҳоят санаи 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.
Дар татбиқи меъёрҳои конститутсия бахусус таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҷавҳари аслии низоми демократист, нақши мақомоти судӣ низ назаррас аст. Ин дар ҳолест, ки Конститутсия барои ислоҳоти системаи судии мамлакат, ки дар саргаҳи ҳалли одилонаи баҳсу мунозираҳо ва барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшудаи шаҳрвандон қарор дорад, заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳокимияти судӣ дар баробари ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор яке аз рукунҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ муайян гардид.
Дар моддаи 84-и Конститутсия омадааст, ки “Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амали мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Аз ин нуқта бармеояд, ки дар ниҳоят суд қодир аст адолати иҷтимоиро ба амал барорад. Феълан мақомоти судии кишвар ҷиҳати таъмини адолати томи иҷтимоӣ ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ҷомеа муассисаю корхонаҳо ва ташкилоту созмонҳо ба пешрафтҳо мушараф шудаанд.
Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даврони ташкилшавии худ, аниқтараш дар ҳайати ИҶШС Конститутсияҳои худро қабул намуд, ки онҳо барои давлатӣ тоҷикон ва пойдориву устувории ҳокимияти давлатӣ ва сохтори конститутсионӣ аҳамияти махсусро ишѓол менамуд. Баъд аз ба дастоварии истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи худро дар ин даврон қабул намуд, ки дар ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин як навъ саҳифаи таърихӣ ба шумор меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷистон қайд намуда буд, ки «Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъда пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд. Воқеан, Конститутсия дар рушду тараққиёти давлат ва ҷомеа нақши муаасир мебозад ва асос барои инкишофи тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ мегардад.
Дар замони ҳозира Конститутсия барои пайдо ва фаъолияти давлатӣ ҳуқуқбунёд таъсири муҳим дорад. Тибқи талаботи моддаи 10 Конститутсия Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надорад.
Эътибори олии ҳуқуқӣ доштани Конститутсия маънои онро дорад, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз он ҷумла қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои ҷорӣ, кодексҳо аз Конститутсия сарчашма мегирад ва набояд хилофи талаботҳои Конститутсия бошад.
Мустақиман амал намудани меъёрҳои Конститутсия маънои онро дорад, ки меъёрҳои конститутсия барои дар амал татбиқ шудан ба қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ниёз надорад. Ҳангоми пайдо шудани муносибатҳое, ки Конститутсия ба танзим даровардааст, мақомоти татбиқи ҳуқуқ, ҳуқуқ доранд, ки меъёрҳои Конститутсияро бевосита татбиқ намояд.
Бояд тазаккур дод, ки Конститутсия пеш аз ҳама санади меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Зери мафҳуми санади меъёрии ҳуқуқӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” санади меъёрии ҳуқуқӣ — ҳуҷҷати расмии шакли муқарраршудаест, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ё аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё шахси мансабдори ваколатдори давлатӣ қабул гардида, хусусияти умумиҳатмӣ дорад ва меъёрҳои ҳуқуқиро муқаррар менамояд, тағйир медиҳад ва ё бекор мекунад.
Агар назар афканем Дар ҷаҳони имруза тамоми конститутсияҳоро вобаста ба шаклашон ба ду гуруҳ ҷудо мекунанд: 1. Конститутсияҳои навишташуда ва 2. Конститутсияҳои нонавишта. Конститутсияи навишташуда ҳуҷҷати расмӣ мебошад, ки бо тартиби муқарраргардида қабул карда шуда, ба он тағйироту иловаҳо ворид карда мешавад.
Конститутсияҳои нонавишта бошад он маҷмуи одатҳо ва таҷрибаи судии ҷамъшудае мебошад ва дар қонунҳои ҷорӣ таҷассум карда мешавад. Ин намуди конститутсия ҳоло дар Британияи Кабир ва Зенландияи нав амал мекунад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ҳуҷҷати расмии навишташуда мебошад, ки санаи 06 ноябри соли 1994 бо роҳи райъпурсии умумихалкӣ қабул карда шуда, бо он санаҳои 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва ниҳоят санаи 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.
Масъалаҳои муҳиме, ки ба Конститутсияи ҶТ санаи 22.05.2016 сол ворид гардид аз инҳо иборат буд:
- Бо мақсади таъмини мустақилияти пурраи ҳокимияти судӣ Шурои адлияи ҶТ аз байн бурда шуд, ки ин имконият медиҳад ҳокимияти судӣ бе дахолати дигар ҳокимиятӣ давлатӣ кадрҳои арзандаро ба вазифаҳои маъмурии хизматӣ давлати дар дастгоҳҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо, Суди иқтисодии вилоят ва суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва судҳои ҳарбӣ таъин намуда, номзадҳои арзандаро ба вазифаи судягӣ ба Президенти ҶТ пешниҳод намоянд.
- Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва диннидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсии аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ карда шуд. Мақсади асосии пешбини намудани маҳдудияти мазкур ин аз пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандони ҶТ ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстрамистӣ дошта ба шумор меравад.
- Шакли идоракунии ҶТ шакли идоракунии президентӣ дар сатҳи конститутсионӣ муқаррар карда шуд.
- Бо мақсади ба мансабҳои роҳбарикунанда таъин ва интихоб шудани ҷавонон талаботҳои синну солии баъзе аз мансабҳои олии давлатӣ тағйир дода шуд. Чунончӣ синну сол барои ба вазифаи Президентӣ интихоб шудан 30 сола, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудан 30 солагӣ, ба вазифаи Раис, муовин ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ интихоб шудан 30 солагӣ муқаррар карда шуд.
- Халқи Тоҷикистон хизматҳои шоистаи Президенти амалкунандаи ҶТ-ро ба назар гирифта, ба эшон унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро тақдим намуданд ва тибқи талаботи қисми 5 моддаи 65 Конститутсияи ҶТ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ҳуқуқ дорад ба вазифаи Президентӣ бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шавад.
- Синни ниҳоии дар вазифаи судягӣ будан аз конститутсия хориҷ карда шуда, муқаррар намудани он ба ваколати қонуни конститутсионӣ ҳавола карда шуд. Акнуни тибқи талаботи қисми 3 моддаи 12 Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи судҳои ҶТ” барои занҳо 58 солагӣ ва барои мардҳо 63 солагӣ мебошад.
Инчунин ба Конститутсияи ҶТ тағйиротҳои имлои ворид карда шуд.
Бо ифтихор шукр аз давлату миллати худ менамоям, ки ин ҳама бо шарофатии истиқлолияти давлатӣ ва оромию суббот дар ҷомеаи навини мо бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳукмфармо гардидааст ва хоҷагии халқи мамалакат равнақу ривоҷ ёфта, мардуми сарбаланди Тоҷикистон озодона кору зиндагӣ карда, барои ободу зеботар намудани ватани азизи худ меҳнати софдилона намуда истодаанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳаряки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фарорасии 29-умин солагарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба ҳамаи Шумо тансиҳатӣ ва ба корҳоятон муваффақиятҳо тамано дорам.
Раҷабзода С.А.
Раиси суди ноҳияи Шаҳринав.