Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар бинои Кумитаи кор бо Ҷавонон ва Варзиши ноҳияи Шаҳринав

Санаи 31-марти соли 2026 дар бинои Кумитаи кор бо Ҷавонон ва Варзиши ноҳияи Шаҳринав Раиси суди ноҳияи Шаҳринав Раҷабзода С.А. бо иштироки кормандони мақомти ҳифзи ҳуқуқ, ходимони расмии дин, муллоҳо ва руҳониён ва имомхатибон корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва суҳбатҳо оиди масъалаҳои мубрами руз Ҷиҳати пешгири аз таълими ғайриқонунии диннӣ аз ҷониби ходимони расмии дин, муллоҳо ва руҳониён аз ҷумла имомхатибон ба ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ва амалҳои бадахлоқона бо истифода аз боварии диннии шаҳрвандон, ки хилофи таълимоти дини мубини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ мебошанд ва “Оиди шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои гуруҳҳои ифротгароӣ”, “Таълимоти ғайриқонунии диннӣ” гузаронида шуд.

Инчунин дар ин сана парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Ҷ.Ш.Х. бо моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд, ки ҳуқуқвайронкунанда дар манзили истиқоматии шаҳрвандон ба дуохонӣ дар маҳсулотҳои хурока, об ба шаҳрвандони корафтода машғул гардида, сеҳргарӣ менамудааст, ки нисбати номбурда ҷазои сазовор ба кирдораш таъин карда шуд.