Маҷлиси сайёри судӣ дар Ҷамоати деҳоти А.Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав
Санаи 21-апрели соли 2025 дар МТМУ №8-и ноҳияи Шаҳринав маҷлиси сайёри судӣ бо парвандаи ҷиноятӣ нисбати Шуҳратхода Сардорбек Шуҳратҷон, Юлбоев Сарварбек Раҳматҷонович ва Абдулҳақов Фазлиддин Камолиддинович бо моддаи 237 қисми 2 банди “б”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Раиси суди ноҳияи Шаҳринав Раҷабзода С.А. гузаронида шуд. Ҳамзамон аз ҷониби Раиси суди ноҳияи Шаҳринав Раҷабзода С.А. бо омузгорону хонандагони мактаб корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва суҳбатҳо оиди масъалаҳои мубрами руз гузаронида шуд.