МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои суди ноҳияи Шаҳринав маҷлиси тантанавӣ гузаронида шуд. Дар ҷорабинии мазкур Раиси суд Раҷабзода С.А.,  судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Шаҳринав иштирок доштанд. Зимни гузаронидани маҷлиси мазкур Раиси суди ноҳияи Шаҳринав Раҷабзода С.А., тамоми кормандонро бо ин ҷашни бузург табрику тахният намуданд. Аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Шаҳринав бахшида бо ин ҷашни бузург маърузаҳо хонда шуд. Дар навбати худ Раиси суди ноҳияи Шаҳринав Раҷабзода С.А., кулли кормандон ва ҳамватанони азизамонро бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбошу муборакбод гуфтанд.

                                                                 суратлавха аз рафти маҷлис: