МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

             МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ   ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар бинои суди ноҳияи Шаҳринав маҷлиси тантанавӣ гузаронида шуд. Дар ҷорабинии мазкур Раиси суд Раҷабзода С.А.,  судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Шаҳринав иштирок доштанд. Зимни гузаронидани маҷлиси мазкур Раиси суди ноҳияи Шаҳринав Раҷабзода С.А., тамоми кормандонро бо ин рузи бузург табрику тахният намуда, ҳамватанони азизамонро бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, шодбошу муборакбод гуфтанд.

Ҳамзамон дар назди даромадгоҳи суд шиору овезаҳои ҷашнӣ ба таври муносиб оро дода шуда, парчамҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шуда, бинои суди ноҳия ба таври идона ороста шудааст. Бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштан судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд дохил ва беруни бинои суди ноҳияро аз таъмири ҷорӣ гузарониданд, ки бинои суд ба худ ҳусни идона гирифтааст.