МАЪНАВИЁТРО БОЛО НАМУД

                                                                              МАЪНАВИЁТРО БОЛО НАМУД        

          Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” имкон дод, ки пеши роҳи бесару сомониҳои маъракаву азодориҳои аҳолӣ гирифта шавад. Масалан маросими хатна бе тую сур дар муассисаҳои табобатӣ гузаронида шуданаш на фақат харҷи барзиёд, балки солимии тифлро кафолат медиҳад. Ё ин, ки дар мавриди гузаронидани ҷашнвораҳо пеши роҳи бенизомиҳо гирифта шуд.

         Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ҳини қабули қонуни мавҷуда то ба ҳол на фақат буҷаи аҳолӣ аз масрафи зиёдатӣ пешгирӣ шудааст, инчунин дар маънавиёти шаҳрвандон тағиротро ба вуҷуд овард, яъне ки аҳли оилаҳо мақсаднок истифода бурдани қисми даромади худро омӯхтанд.

                                     Судяи суди ноҳияи Шаҳринав:  Шерализода Орзу Шералӣ