МАВОДИ МУХАДДИР ВА ЗАРАРИ ОН БАР ҶОМЕА

Пӯшида нест, ки маводи мухаддир яке аз муносибатҳои фоҷиаовари аср барои миллатҳои гуногуни сайёра ба шумор меравад. Ба ин вабои аср бештар ҷавонон мубтало гашта, худро гирифтори мушкилоти даҳшатангез намудаанд. Ин падидаи шум, бештари одамонро ба бемориҳои гуногуни ҷисмониву рӯҳӣ гирифтор намуда, шумораи зиёди онҳо ҳатто пушти панҷара рафтаанд. Дар ин ҷодаи ноҳамвору хатарнок қисме ҳатто аҳли хонаводаи худро дар хатар гузошта ҷони худро аз даст додаанд. Ҳамчунин баъд аз вобастагӣ аз маводи мухаддир, шахси гирифторшуда то ба ҳадди девонагӣ мерасад, зеро баъд аз ин дигар барои ӯ дар зиндагӣ ягон чизи дигаре вуҷуд надорад,  ба ҷуз ҳолати гирифторшудаи худи ӯ.

        Аз андешаҳои мутахассисони соҳа ва коршиносону равонпизишкон хулоса баровардан мумкин аст, ки маводи мухаддир на танҳо шахси истифодабаранда, балки нафарони наздик ба ӯро низ гирифтори мушкилоти сангини ҳалталаб месозад. Аз шахси мубтало ба ин вабо ба дунё омадани фарзандони носолим аз эҳтимол дур нест.

                                        Судяи суди ноҳияи Шаҳринав:  Шерализода Орзу Шералӣ