НАҚШИ КОНСЕПСИЯ ДАР ТАЪМИНИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

                                        НАҚШИ КОНСЕПСИЯ ДАР ТАЪМИНИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

          Чуноне, ки дар Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин қайд шудааст сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” татбиқ мегардад. Санадҳои зерин ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои динии инсон ва шаҳрванд, эҳтироми дину мазҳаб мусоидат менамояд ва албатта бо назардошти таъмини амнияту миллат низ мувофиқат дорад.

          Мавриди тазаккур аст, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар шароитро баҳри ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ фароҳам овардааст, ки далели ин гуфтаҳо фазои орому осудаи кишвар дар вазъӣ кунунӣ мебошад.

                                   Судяи суди ноҳияи Шаҳринав: Идрисзода Балаҷон Алиҷон