НАВРӮЗ ИДИ БАҲОР

                                                                                  НАВРӮЗ ИДИ БАҲОР

       Баҳор фасли дилафрузи сол аст. Онро бетоқатона интизор мешавем. Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадими мардуми тоҷик аст. Онро ҳар сол ба муносибати расидани баҳор ва ибтидои кишту кор 21-уми март ҷашн мегиранд. Навои карнаю сурнай халқро ба ид даъват мекунад. Хурсандии мардум ҳадду канор надорад. Ҳама аз омадани баҳор хурсанд, либосҳои зебову ороста дар тан, ба ҳамдигар хушнудиву хушбахтӣ орзу мекунанд. Наврӯз таърихи бештар аз шашҳазорсола дорад. Расму суннатҳои наврӯзи ҳануз пеш аз дини ислом аз давраи зардуштиён барои ояндаҳо ёдгор мондаанд. Ҳоло дар замони мо бо фарорасии Наврӯз мардум хонаҳоро аз чангу ғубор тоза мекунанд ва ҳама ин идро хурсандона ҷашн мегиранд. Аз Наврӯзи ҳазорсолаи нав мардуми тоҷик умеду орзуҳои зиёд дорад. Бигзор ин ҷашни қадимаву ҳамешаҷавон барои мардуми мо бахту саодат, ҳамдигарфаҳмӣ, рузгори нек ва сулҳу салоҳ биёрад.

                                                    Судяи суди ноҳияи Шаҳринав:  Шерализода Орзу Шералӣ