Оқибати дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт

Судяи суди ноҳияи Шаҳринав Раҷабзода С.А. дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ дар бинои Ҷамоати деҳоти Шаҳринави ноҳияи Шаҳринав санаи 23-уми июли соли 2019, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Ҷонов Умедҷон Файзалиевич, санаи таваллудаш 09.10.1995 сол, зодаи ноҳияи Шаҳринав, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муҷаррад, муваққатан бекор, сокини ноҳияи Шаҳринав, Ҷамоати деҳоти Шаҳринав, кӯчаи М.Хоҷамов, бо моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, муайян кард, ҳуқуқвайронкунанда Ҷонов У. санаи 27-уми июни 2019-ум сол тахминан соатҳои 03-50 дақиқа автомашинаи тамғаи «Опель-Астра » рақами давлатиаш 47-48 АН 07-ро дар Ҷамоати деҳоти Шаҳринав, кӯчаи И.Сомонии ноҳияи Шаҳринав дар ҳолати мастӣ идора намудааст, ки аз тарафи кормандони  ШБДА ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав дастгир карда шудааст.

Бо ин ҳаракатҳояш ҳуқуқвайронкунанда Ҷонов У. кирдори дар м.332-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастиро пешбинӣ менамояд, содир намудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Ҷонов У. дар мурофиаи судӣ ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, чунин нишондод дод, ки дар ҳақиқат вай санаи 27-уми июни 2019-ум сол тахминан соатҳои 03-50 дақиқа дар кӯчаи И.Сомонии Ҷамоати деҳоти Шаҳринави ноҳияи Шаҳринав бо автомашинаи тамғаи «Опель-астра» рақами давлатиаш 47-48 АН07-ро дар ҳолати мастӣ идора намудааст, ки аз тарафи кормандони ШБДА ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав боздошт карда шудааст. Аз кирдори содирнашмудааш пушаймонӣ изҳор намуда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабуктар таъин карда шавад.

Ба ғайр аз худиқрории ҳуқуқвайронкунанда Ҷонов У. гуноҳи ӯ боз бо маводҳои дар қабати маводҳои парванда мавҷудбуда  исботи пурраи  худро ёфт.

Раводиди моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ҷарима ё ҳабси маъмурӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол пешбинӣ кардааст.

Суд таъини ҷазои ҷаримаро нисбати ҳуқуқвайронкунанда Ҷонов У. муҳокима намуда, лозим донист, ки ин намуди ҷазоро нисбати ӯ таъин накунад, зеро таъини ҷазои ҷарима ноил шудан ба мақсади ҷазо намегардад.

Суд ҳолатҳои болоӣ, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазои ҳуқуқвайронкунанда Ҷонов У.-ро ба назар гирифта, зарур шуморид, ки нисбати ӯ бо ҳамин модда ҷазоро дар намуди ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати 15 (понздаҳ) шабонарӯз бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати 5 (панҷ) сол таъин намояд.