ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД МАСЪУЛАНД

ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД МАСЪУЛАНД

 

Дар тарбияи ҳамаҷонибаи фарзандон масъулияти падару модарон басо бузург аст. Волидон набояд вазифаи худро танҳо дар доираю ҳудуди муайян иҷрошуда ҳисобанд, балки ба онҳо лозим аст, ки ба ҷанбаҳои рӯҳию равонӣ ва вазъи саломатии фарзандон низ таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намоянд.

Фарзанд тавре бояд тарбия ёбад, ки нахуст дорои адабу хулқи неку ва фаросати баланди инсонӣ бошад. Пасон, вай меҳру муҳабати зиёд ба мутолиа дошта, пурхонда ва соҳибфазилат ба камол расад. Инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ бештар хусусияти маънавӣ доранд ва он дар тафаккури инсон дар давоми ҳаёташ муттасил ташаккул меёбад. Дар раванди ташаккул додани чунин тафаккур таъсири муҳит низ нақши калидӣ мебозад.

Яке аз беҳтарин усули тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ рафтори намунавии худи падару модар мебошад. Ҷалб намудани диққати фарзандон ба дастовардҳои миллӣ ва огоҳӣ аз қаҳрамонони миллӣ ба рушди ҳисси ватандӯстӣ мусоидат менамояд. Барои он ки дар тафаккури фарзандон ақидаи ғаразноки ҷиноӣ, аз ҷумла, террористӣ роҳ наёбад, онҳоро бояд тарбия  намуд, то ки ба муқобили падидаҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир бошанд.

Фарзанд дар хона ба омӯзиш машғул гардида, ҳамвора дар ҷустуҷӯю талош бошад ва назди худ мақсад  гузорад, ки доир ба ҳамаи соҳаҳои илм маълумоту дониши бештар  ба даст орад. Падару модар масъуланд, ки китобҳои бадеии писанду мақбул ва дӯстдоштаи фарзанди худро аз фурӯшгоҳҳои китоб харида ба вай дастрас намоянд. Ба мактаб рафта на танҳо бо омӯзгорони фаннӣ, роҳбари синф, директор ва ҷонишини бахши таълимӣ ва  тарбиявӣ суҳбат ороста, аз вазъи саводомӯзию дарсазхудкунии фарзандаш бохабар гарданд, балки вазифадоранд, ки ҳатман дар дарсҳои  омӯзгорон иштирок варзида, фаъолияти фарзандашонро амалан ба мушоҳида гирифта, таҳлил, арзёбӣ ва хулосабарорӣ намоянд.

Дар сархати 8-уми моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омадааст, ки падару модар ҳуқуқ доранд бо раванди таълиму тарбия, мазмуни таҳсилот, давомот ва сатҳу сифати донишандӯзии фарзанд шинос шаванд.

Дар қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст, ки дар ҳолати аз тарафи падару модар, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳо иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳо вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд, ки дар қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Боиси дастгирист, ки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва арҷгузории фарзандон ба заҳматҳои шаборӯзии волидон пайваста андешаҳои ҷолибу омӯзанда баён менамояд.

Аз ин рӯ, саъю талош бояд кард, ки дар ҳамбастагию иртибот бо муассисаи таълимӣ ва аҳли ҷомеа падару модарон рисолати хешро дар тарбияи ҳамаҷонибаи фарзанд сарбаландона иҷро намуда, наслеро ба воя расонанд, ки дар рушду тараққии кишвар саҳми созандаи худро гузоранд.

 

Раиси суди ноҳияи Шаҳринав                                                                                                                                                                                                           Раҷабзода С.А.