ПАЁМ РУҲБАЛАНДӢ МЕДИҲАД

                                                                           ПАЁМ РУҲБАЛАНДӢ МЕДИҲАД

          Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ қайд карданд, ки бо вуҷуди мушкилиҳо мардуми кишвар соли тайшударо бо дастовардҳои меҳнатӣ ҷамъбаст карда, махсусан баҳри истиқболи 30-солагии Истиқлолияти миллӣ ҷаҳди беназир доштанд, ки ин албата баҳои баланд аст.

       Дар ҳар Паёми худ Пешвои муаззами мо иқдомеро пешниҳод мекунанд, ки баҳри рушди ояндаи кишвар нигаронида шудааст. Чорсолаи саноатикунонии мамлакат (2022-2026) аз ҷумлаи ҳамин гуна пешравиҳо маҳсуб хоҳад ёфт, ки он баҳри боз ҳам боло бурдани сатҳи зиндагонии мо боис мегардад.

                                                       Судяи суди ноҳияи Шаҳринав: Идрисзода Балаҷон Алиҷон