ПАРЧАМИ ОРЗУВУ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

Парчам рамзи сидқу муҳаббати ҳар фарди ватандӯст аст. Зери мафҳуми парчам арзишҳои олии ҳар сарзамину халқҳои соҳибтамаддун нақш ёфтааст.

Парчами миллии мо, низ нишоне аз маданияту фарҳанги ҳазорсолаҳои давлатдории аҷдодони миллати тоҷдори тоҷик буда, ифодагари орзуву ормонҳои гузаштагон мебошад. Он маҳсули даврони мустақилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидааст.

Боиси тафохур аст, ки он чун ливои сулҳу осоиштагӣ дар фазои кишвари азизи мо парафшонӣ менамояд.

Рӯзи Парчами миллӣ барои ҳамдиёрони азиз муборак бод.

Судяи суди ноҳияи Шаҳринав:  Шерализода Орзу Шералӣ