ПОЯНДА БОД ВАҲДАТ

                                                                                   ПОЯНДА БОД ВАҲДАТ

          Аз он лаҳзае, ки санади сулҳпарварона, яъне 27-уми июни соли 1997 баста шуд, 25 сол сипарӣ шудааст. Дар ин муддат халқи ранҷбару меҳнатдусти моён ба рӯзҳои нек расида, дастовардҳои баланди меҳнатиро комёб гардиданд. Дар бахши сиёсӣ бошад оромии ҷомеа мустаҳкам ва Ваҳдат ба пуррагӣ таъмин ёфт.

        Натиҷаи сулҳу якдигарфаҳмӣ имрӯз дар ҳама самтҳо ба назар мерасад. Масалан бо шарофати мароми ободониву бунёдкориҳо таи бист соли ахиран рушди миёнсолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гашта, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат ба миллиардҳо сомонӣ расонида шудааст, ки инҳо бузургтарин дастоварди халқу давлат метавон арзёбӣ намуд. Ин ҳама таҳти ҳидояти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба моён даст додааст. Орзу дорам, ки чунин муваффақиятҳо ҳамеша халқи моро ҳамсафар бошад.

                                                                              Судяи суди ноҳияи Шаҳринав:  Шерализода Орзу Шералӣ