Рӯзи истиқлолият — Ҷашни Миллӣ !
Рӯзи истиқлолият — Ҷашни Миллӣ !
Дар ҳақиқат мо дар пеш 34 (сиву чорум) солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии тоҷикистонро пешвоз мегирем.
Ба даст овардани Истиқлолият тӯҳфаи бебаҳо ва деринтизори мардуми тоҷик буд ва дар шоҳроҳи зиндагии миллати тоҷик роҳи рушди комилан навро кашф намуд. Пас аз ҳазор соли парешонӣ, ҷангу ихтилоф ва қурбониҳо, миллати куҳанбунёди тоҷик боз соҳиби давлати соҳибихтиёри худ гашт. Агар мо ба таърих назар афканем, зиёданд дар дунё миллатҳое, ки шумораашон ба чандин миллион нафар мерасанд ва солҳои тулонӣ барои ба даст овардани Истиқлолият мубориза мебаранд, вале таърих нисбати онҳо меҳрубонӣ зоҳир накардааст. Бо қабули Конститутсияи нав Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, мустақилияти он амри зарурӣ ва таъхирнопазир дониста шуда, маҳз дар даврони Истиқлолият барои амалӣ шудани ин мақсадҳо қадамҳои устувор гузошта шуд.
Ҳокимияти судии имрӯзаи кишвар аз мақомоти судии даврони Шуравӣ ба куллӣ фарқ дошта, ба ҳам қиёс намудани онҳо дастовардҳои назаррасеро дар даврони соҳибихтиёрӣ нишон медиҳад.
Гузаштан ба сохти дигари давлатдорӣ ва ҳамқадами ҷаҳони муосир будан, баробар ба давлатҳои мутарақӣ будан аз мо ҳокимияти судии мустақил ва беғаразро талаб мекард. Дар ҳамин радиф зарурияти ташаккулёбии ҳокимияти судӣ дар радифи меъёрҳои ҷаҳонӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба мисли Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, паймонаҳои байналхалқӣ ва ғайра, ки қисми таркибии низоми ҳуқуқии Ҷумҳуриро ташкил медиҳанд, ба миён омад. Арзиши аз ҳама воло эътироф кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва эълон доштани бунёди давлати ҳуқуқбунёд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо қонунияту адолат, зарурият таҳким ва густариш додани ҳокимияти судиро тақозо намуд. Меъёрҳои умумиэътирофшудаи давлатҳои демократӣ бори дигар исбот намуданд, ки пойдории давлат ва бақои он ба адолати судӣ эҳтиёҷ ва пайвастагии ногустастанӣ дорад. Тамоми дастовардҳои ҳокимияти мустақили судӣ самараи даврони Истиқлолият буда, бо ташаббус ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодаанд.
Дар ҳақиқат дар ҳар як вохури Сарвари давлат бо судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таҳкид менамоянд, ки «фаъолияти судяҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқадастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангарию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амри норавост».
Мақомоти судии кишвар ин рисолати басо муҳимро, ки ба души онҳо вогузор карда шудааст, ба таври аниқ дарк карда, мунтазам барои амал заҳмат мекашанд.
Суди ноҳияи Шаҳринав низ чун қисми таркибии ҳокимияти судии кишвар барои иҷро намудани ин вазифаи муҳим ва бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ дода, нақшаву чорабиниҳои муайянеро тартиб додааст. Дар баробари амалӣ намудани адолати судӣ, мунтазам барои пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқи шаҳрвандон мурофиаҳои сайёри судӣ ва вохуриҳоро барпо намуда, нашри мақолаҳо ва баромадҳо дар воситаҳои ахбори омма ба роҳ монда шудаанд. Бинои суд ва саҳни он таъмир ва тозаву озода карда шуда, ташкили ҳарҳафтаинаи корҳои ободонӣ таъмин карда шудааст. Ҷашни мубораки дар пешистодаи 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбуб аз ҳар фарди баномуси кишвар таҷлили арзандаи он ва баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва эҳтироми арзишҳои миллиро тақозо менамояд. Самараҳои ин истиқлолият моро ба ояндаи босаодат ва дурахшон наздик мекунад ва боиси рушди кишвар ва пайвастани он ба ҷомеаи шаҳрвандӣ мегардад.
Ҷашни истиқлолияти Давлатии Тоҷикистон барои тамоми мардуми кишвари азизамон муборак бошад.
Раиси суди ноҳияи Шаҳринав: Раҷабзода С.А.