РАМЗИ ВАҲДАТИ ҶОВИДОНАИ МИЛЛӢ

                                    РАМЗИ ВАҲДАТИ ҶОВИДОНАИ МИЛЛӢ

          Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушди ҳамарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин баъд ҳамасола 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии мамлакат таҷлил карда мешавад.

       Эҳтироми хоса ба Парчами давлатӣ дар замони Истиқлоли Тоҷикистон имкон дод, ки дар баробари дигар рӯзҳои таърихӣ Рӯзи Парчами давлатӣ имрӯз аз боарзиштарин муқаддасоте мебошад, ки боло аз ҳама дастовардҳо ва сарватҳои миллӣ, дар баландии 165 метр қад афрохтааст. Дар ҳақиқат боло бардоштани Парчами давлатӣ ба боло рафтани ҳисси миллӣ ва худшиносӣ мусоидат менамояд.

         Бояд зикр намуд, ки бо ҳама ифтихору имтиҳони таърихӣ мо аз он шукрона дорем, ки парчами мо рамзи ҳувияту ҳушёрист, ки барои таҷассуми таҷрибаи давлатдории миллӣ ва ваҳдату бунёдкорӣ заминаи бузурге эҷод менамояд. Шоиста аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар фарди миллат қарор бигирад.

        Парчам ба сифати рамзу давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод. Ниёгони мо ҳамчунин ба маънии “парчам” бештар аз калимаи дирафш ё дирафши ковиёнӣ истифода кардаанд. Дирафши ковиёнӣ-парчами давлатии шоҳони қадими эронинажод, аз Пешдодиён то Сосониён буд.

       Парчами нави давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи телевизионӣ аз 24-уми ноябри соли 2010 ба шарафи Парчами Тоҷикистон моҳияти рангҳои онро чунин маънидод намуда будаанд” “Рангҳои парчами миллии мо роҳи тайкардаи таърихии халқи Тоҷикистон, арзиши маданияти миллӣ ва сиёсати онро ифода мекунад.Ранги сурх-рамзи мубориза барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед-ранги хушбахтӣ, орзу ормон ва умед, ранги сабз-рамзи гулгулшукуфӣ, ифтихор ва абадиятро ифода мекунад. Дар мобайни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шуда, он нишонаи решаҳои таърихии истиқлоли Тоҷикистон мебошад.”

       Парчами давлатии Тоҷикистон бояд барои ҳар як сокини ҷумҳуриамон азиз бошад ва ҳар кас бояд маҳбубият ва садоқати худро ба он, яъне ба миллати тоҷик нишон диҳад.

                                     Раҷабзода Суҳроб Абдулсаид:

                                                                              Раиси суди ноҳияи Шаҳринав