РУКНИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қавле рукну устуни давлатдорӣ буда, дар ҳар бобу моддаҳояш сарнавишту меъёрҳои ҳуқуқи шаҳрвандонро муайян менамояд.

Дар мундариҷоти он омадааст: «Мо халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарваррро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».

Ин ҷо орзуву омоли чандин асраи халқи мо бо кишвари соҳибихтиёри ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи адолатпарвар баён шуда, роҳи ояндаи он чун ҳамқадами ҷаҳони мутараққии муосир интихоб ва муайян гардидааст. Месазад, ки бо чунин Конститутсияи давраи истиқлолӣ фахр намуда, дар амалисозии он фаъолона ширкат варзем.

Судяи суди ноҳияи Шаҳринав: Идрисзода Балаҷон Алиҷон