СУБОТИ ҶОМЕАРО ТАЪМИН БОЯД КАРД

Имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ талошҳои зиёде дар самти мубориза зидди терроризм-экстремизм ба анҷом расонида мешавад. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, низ пайгири ин ҳадаф буда, бо ибтикори Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешгирии он роҳу воситаҳои гуногуне андешида шудааст. Масъалан, дар баромади паёмии худ сарвари давлат дар баробари таҳлили вазъи ҷаҳони имрӯза оиди падидаҳои номатлуб аз қабили терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки аҳли башарро ба таҳлука овардааст ҳарф зада, таъкид кардаанд, ки зидди онҳо муборизаи дастаҷамъона зарур аст. Воқеан ҳам дар муқовимат зидди ин амали хатарзо бо дастгирии ҷомеаи давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон амнияту осоиштагии миллӣ таъмин карда мешавад. Дар ин самт моро зарур аст, ки байни мардум, хусусан ҷавонон корҳои ташвиқӣ-тарғибиро афзун созем, онҳоро аз амалҳои ношоям нигоҳ дорем, дар онҳо ҳисси ватанпарастиро бедор намоем.

                                                       Судяи суди ноҳияи Шаҳринав: Идрисзода Балаҷон Алиҷон