Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ

Ҳозирини гиромӣ!

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде пеш мардуми мо  25-солагии қабули онро ҷашн гирифтанд, амалӣ гардидани ҳокимияти давлатиро дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ пешбинӣ менамояд. Дар асоси ин принсип шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ба таври мустақил ва дар ҳамкории байниҳамдигарӣ фаъолият мекунанд.

Нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеа хеле муҳим мебошад, зеро ҳокимияти судӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Вазифаҳои ҳокимияти судӣ ва таъмини адолат дар асоси принсипу меъёрҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, баробарҳуқуқии тарафҳо дар ҷараёни баҳсу мунозира ва ба тарзи ошкоро гузаронидани мурофиаи судӣ сурат мегирад, ки ин меъёрҳои қонун кафили воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад.

Судяҳо дар фаъолоияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба кори онҳо манъ аст.

Конститутсия барои ҳама ҳифзи судиро кафолат додааст, яъне шахсони воқеъиву ҳуқуқӣ ва ташкилоту муассисаҳо ҳангоми халалдор шудани ҳуқуқу озодиҳояшон метавонанд бевосита ба суд муроҷиат намоянд ва суд дар асоси меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо бояд ҳуқуқу озодиҳои онҳоро ҳимоя кунад ва дар сурати вайрон шудани онҳо ҳуқуқу озодиҳои худро барқарор намоянд.

Ин муқаррароти Конститутсия барои пешрафти ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон хеле муҳим буда, эътимоди шаҳрвандонро барои таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии онҳо таҳким мебахшад.

Кафолати зикршуда, инчунин, ба рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ кишвар низ таъсири бевосита мерасонад, зеро соҳибкор бовар дорад, ки ҳангоми халалдор шудани ҳуқуқҳо ва зарарҳои ба ӯ расонидашуда аз тарафи суди босалоҳият ва беғараз барқарор карда мешаванд.

Бинобар ин, зарур аст, ки бо мақсади таъмин намудани ин кафолати конститутсионӣ тамоми чораҳо андешида шаванд.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлололии кишвар дар самти ташкилу таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини қонуният ва адолати судӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.

Аз ҷумла, барои рушду таҳкими мақомоти судӣ чор барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд.

Тибқи ин барномаҳо чандин қонун, аз ҷумла қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ, қонунҳо «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» аз нав таҳия ва қабул карда шуданд, ки барои такмили сохтори судӣ, фаъолияти судяҳо ва дар маҷмӯъ, барои таҳкими ҳокимияти судӣ дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд оварданд.

Дар ин замина, иҷозати ба ҳабси пешакӣ гирифтани шахсони гумонбаршуда ва айбдоршаванда, тавассути дастгоҳҳои алоқа гӯш кардан ва сабти гуфтугӯҳои чунин шахсон, ҳабси муросилот ва хабарҳои телеграфӣ ба салоҳияти судҳо вогузор гардида, дар Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ ва суди шаҳри Душанбе коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва маъмурӣ ташкил карда шуданд, ки барои баррасии пурра ва ҳаматарафаи парвандаҳои судӣ ва пеш аз ҳама, ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд муҳим мебошанд.

Барои ҳамаҷониба омода кардани номзадҳо ба мансаби судягӣ вазифаи коромӯз-судя ҷорӣ карда шуд. Ба ин мақсад, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2017 Комиссияи ягонаи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз-судя таъсис дода шуда, ҳайати комиссия ва низомномаи он тасдиқ гардид.

Инчунин, бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003 бо мақсади тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя, баланд бардоштани сатҳи донишу таҷрибаи касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо Маркази таълимии судяҳо таъсис дода шуд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати дастгирӣ ва таҳкими фаъолияти ҳокимияти судӣ ба ин мақомот воҳидҳои иловагии корӣ ҷудо карда шуданд. Аз ҷумла, дар 15 соли охир бо се фармони Президент шумораи кормандони соҳа ба 252 воҳиди корӣ, аз ҷумла116 судя ва 136 корманди дастгоҳи судҳо зиёд гардид.

Роҳбарияти давлат ба масъалаи ҷалби васеи занон ба мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ба мақомоти судӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ эълон кард.

Имрӯз дар низоми ҳокимияти судии мамлакат аз 485 судя 97 нафари онҳо занон мебошанд, ки ба сифати раиси суд, муовини раис, раиси коллегияи судӣ ва судя фаъолият доранд ва саҳми онҳо дар таъмини адолати судӣ хеле назаррас мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар 10 соли охир аз ҷониби мақомоти судӣ дар маҷмӯъ, беш аз як миллиону 722 ҳазор парвандаи судӣ баррасӣ гардидааст. Аз ин шумора 40 ҳазору 500 парванда ба судҳои иқтисодӣ мансуб мебошад.

Азбаски санадҳои қабулкардаи судҳо аз номи давлат бароварда мешаванд, онҳо бояд ба тамоми талаботи қонунгузорӣ мувофиқат карда, барои барқарор гардидани адолат мусоидат намоянд.

Бо вуҷуди чораҳои дар самти беҳсозии сифати санадҳои судӣ андешидашуда дар даҳ соли охир аз ҷониби судҳои болоӣ  беш аз шашуним ҳазор санадҳои судӣ бекор карда шудаанд.

Ҳарчанд ки дар баробари афзудани сарбории судяҳо бекоршавии санадҳои судӣ дар судҳои умумӣ нисбат ба соли 2009  2,3 баробар ва дар судҳои иқтисодӣ 3,5 баробар кам шудааст, вале ин нишондиҳанда ҳанӯз қонеъкунанда нест, зеро судяҳо ҳуқуқ надоранд, ки ба хатоӣ роҳ диҳанд ва парвандаҳоро бояд дар доираи талаботи қонунҳои моддиву мурофиавӣ баррасӣ ва ҳал намоянд.

Инчунин, дар давраи солҳои 2009-2019 судҳои умумӣ қариб 95 ҳазор парвандаи ҷиноятиро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Аз ин шумора 610 парванда нисбат ба 891 нафар ба тафтиши иловагӣ баргардонида шудааст, ки 466 адади онҳо аз мақомоти тафтиши пешакӣ ба судҳо бозпас фиристода нашудаанд.

Дар нуҳ моҳи соли равон аз ҷониби судҳо 635 нафар судшавандагони дар ҳабс қарордошта бо таъини ҷазоҳои ғайриҳабсӣ аз ҳабс озод карда шудаанд, ки на ҳамаи ин ҷазоҳо асоснок мебошанд.

Тибқи талаботи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда вазифадоранд, ки барои ҳамаҷониба ва пурраву холисона тафтиш кардани ҳолатҳои кор тамоми чораҳои пешбининамудаи қонунро андешанд ва ҳамзамон ҳолатҳои ошкоркунанда, сафедкунанда, сабуккунанда, вазнинкунанда ва асосҳои ҷавобгарии айбдоршавандаро муайян намоянд.

Мутаассифона, ин талаботи қонун аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ на ҳама вақт риоя мегардад. Дар баъзе мавридҳо ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон халалдор гашта, онҳо беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд ва дар натиҷа дар мурофиаҳои судӣ айби эълонгардида исботи худро наёфта, аз ҷониби судҳо ҳукми сафедкунанда бароварда мешавад.

Чунончи, дар ин давра аз ҷониби судҳо нисбат ба 121 нафар ҳукмҳои комилан сафедкунанда бароварда шудаанд, ки аз ин шумора 62 нафар бо парвандаҳои ҷиноятии аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ ба итмом расонидашуда ва 59 нафар ба парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ вобаста мебошанд.

Ҳамчунин, нисбат ба 151 нафар ҳукмҳои қисман сафедкунанда бароварда шудаанд, ки аз ин шумора 13 нафар бо парвандаҳои айбдоркунии хусусии оғознамудаи судҳо ва 138 нафар бо парвандаҳои ҷиноятии аз ҷониби мақомоти таҳқиқ ва тафтиш ба итмом расонидашуда мебошад.

Яке аз самтҳои муҳимми пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад.

Бо мақсади амалӣ намудани “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019” судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо дар ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ вохӯриҳо ташкил карда, дар рӯзномаву маҷаллаҳо хабару мақолаҳо ба нашр расониданд.

Ҳоло “Барномаи нави таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” таҳия ва барои қабул пешниҳод гардидааст, ки дар амалӣ намудани он мақомоти судӣ бояд фаъолона ширкат намоянд. Бо роҳандозӣ кардани чунин корҳо мо метавонем бисёр шаҳрвандонро аз кирдорҳои бад ва дар натиҷа аз маҳбасу маҳрумият раҳоӣ бахшем.

Ман борҳо таъкид доштам, ки вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо ба маҳбас кашидани мардум нест, балки вазифаи онҳо, инчунин, пешгирии ҷиноят, яъне аз маҳбас эмин доштани инсонҳо мебошад. Зеро дар паси ҳар як шахс як хонавода ва сарнавишту зиндагии ӯ қарор дорад.

Тақвият бахшидан ба масъалаҳои ташкилӣ, яъне таъмини шароити зарурии моддиву техникӣ, аз ҷумла бо биною таҷҳизоти муосир таъмин намудани судҳо, беҳдошти вазъи иҷтимоии судяҳо, махсусан, бо манзили истиқоматии хизматӣ таъмин кардану давра ба давра зиёд намудани музди меҳнати онҳо яке аз омилҳои таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини мустақиливу беғаразии судҳо мебошад.

Давлат барои таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ мунтазам корҳои дахлдорро, аз ҷумла бо роҳи зиёд намудани воҳидҳои кории судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, афзоиши маблағгузории ҳамасолаи мақомоти судӣ, таъмини судҳо бо биною таҷҳизоти муосир ва дигар тадбирҳоро анҷом  дода истодааст.

Инчунин, дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароит барои фаъолияти самараноки судҳо биноҳои маъмурии судҳои шаҳру ноҳияҳои Роғун, Шаҳристон, Шамсиддини Шоҳин, Кушониён, Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор, Варзоб, Ванҷ, Шуғнон, Балҷувон, Восеъ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва суди иқтисодии вилояти Хатлон аз нав сохта, қариб ҳамаи биноҳои суди шаҳру ноҳияҳои дигар таъмири асосӣ ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуданд.

Барои бунёди бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҳар сол маблағи зарурӣ ҷудо мегардад ва сохтмони он идома дорад.

Ҳоло корҳои сохтмон дар бинои судҳои ноҳияҳои Данғараи вилояти Хатлон, Синои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Дарвоз идома доранд ва дар назар аст, ки биноҳои мазкур вақтҳои наздик бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ба истифода супорида шаванд.

Аз ҷониби роҳбарияти давлат музди меҳнати судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо давра ба давра, аз ҷумла солҳои 2006 ва 2008 ба андозаи 40 фоиз, соли 2011 100 фоиз ва солҳои минбаъда борҳо аз 15 то 30 фоиз зиёд карда шуд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмати содиқона ва саҳми арзанда дар татбиқи адолати судӣ зиёда аз 50 нафар судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳозирини арҷманд!

Дар баробари корҳои анҷомдодашуда, дар фаъолияти мақомоти судӣ камбудиҳо низ ҷой доранд.

Ба ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо даст задани баъзе судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо боиси доғдор шудани мақомоти судӣ ва нигаронии роҳбарияти давлату Ҳукумат гардидааст.

Содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта аз ҷониби намояндагони ҳокимияти судӣ яке аз чунин амалҳои нангин мебошад. Амали коррупсионӣ на танҳо обрӯ ва нуфузи мақомоти судиро паст мекунад, балки эътимоди мардум ва эътибору эҳтироми давлатро коста мегардонад.

Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, аз соли 2009 то инҷониб 25 нафар судяҳо (аз ҷумла 1 нафар зан) ва 16 нафар кормандони дастгоҳи судҳо барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ба ҷазоҳои гуногун маҳкум шудаанд, ки чунин вазъ бисёр нигаронкунанда ва боиси ташвиш мебошад.

Пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар фаъолияти судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, аз ҷумла роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии онҳо, инчунин, андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти судӣ мебошад.

Дар ин самт роҳбарияти Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро зарур аст, ки дар байни кормандони мақомоти судӣ корҳои таъсирбахши тарғиботиву пешгирикунандаро мунтазам амалӣ намоянд. Инчунин, бо истифода аз роҳу усулҳои гуногун ҷиҳати тоза намудани мақомот аз шахсони ношоиставу тасодуфӣ, ки метавонанд ба шаъну эътибори мақомоти судӣ иснод биёранд, чораҳои қатъӣ андешанд.

Таъкид месозам, ки дар фаъолияти судяҳо камбудиҳо, ба монанди бо сифати паст таҳия намудани санадҳои судӣ ва дар ин замина зиёд шудани бекоршавии қарорҳои судӣ ва риоя накардани муҳлати баррасии парвандаҳо ҷой доранд, ки боиси норозигии мардум ва воридшавии арзу шикоят ба мақомоти болоӣ мегарданд.

Зеро дар доираи талаботи қонунгузорӣ баррасӣ намудани парвандаҳои судӣ ва қабули қарорҳои асоснок яке аз кафолатҳои конститутсионии  амалӣ намудани адолати судӣ ба ҳисоб меравад.

Дар фаъолияти баъзе судяҳо сифати пасти таҳияи санадҳои судӣ, риоя накардани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, беасос таҳия намудани ҳалномаҳои калонҳаҷми душворфаҳм, сари вақт ва дар муҳлати муқарраршуда баррасӣ нагардидани парвандаҳо, беасос ва бидуни баррасӣ монондани аризаҳо ҷой доранд.

Масъалаи дигаре, ки диққати кормандони мақомоти судии кишвар ба он ҷалб карда мешавад, муносибати дағалонаи баъзеи онҳо бо муроҷиаткунандагон ва дар ин замина зиёд шудани арзу шикоятҳо мебошад.

Чунин рафтор ба шаъну шарафи судя ва мақомоти судӣ иснод меорад.

Судя бояд бо фарҳанги баланд, гуфтору рафтори худ ва риояи одоби намояндаи ҳокимияти давлатӣ намунаи ибрати дигарон бошад.

Танҳо дар нуҳ моҳи соли 2019 ба Суди Олӣ 190 шикоят  44 арзу шикоят ба Дастгоҳи иҷроияи Президент доир ба амалҳои судяҳо, аз ҷумла 58 шикоят дар хусуси ба кашолкорӣ роҳ додан ҳангоми баррасии парвандаҳо ва 7 шикоят оид ба иҷро нагардидани санадҳои судӣ ва 125 шикоят доир ба беамалии судяҳо ворид гардидааст.

Ҳангоми санҷиш қисме аз ин шикоятҳо тасдиқ шудаанд. Чунин шикоятҳо нисбат ба судяҳои судҳои иқтисодӣ низ мавҷуданд.

Аз ин рӯ, раисони Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бояд ҷиҳати баланд бардоштани касбияти судяҳо чораҳои ҷиддӣ андешида, ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо шахсияти онҳоро ҳаматарафа омӯхта, дар баробари донишу таҷриба, инчунин, одобу ахлоқ, масъулиятшиносӣ ва ҷаҳонбинии онҳоро низ ба эътибор гиранд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки судя дар баробари донишу таҷриба бояд виҷдони пок, одобу ахлоқи ҳамида ва рафтору кирдори шоиста дошта бошад.

Чунин тарзи интихоби кадрҳо имкон медиҳад, ки дар оянда содир намудани амалҳои нангини коррупсионӣ аз ҷониби амаликунандагони адолати судӣ аз байн бурда шуда, мақом ва нуфузи ҳокимияти судӣ баланд бардошта шавад.

Ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки баъзе судяҳо ба қадри вазифаи пурмасъули судягӣ намерасанд, дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон беэътиноӣ зоҳир менамоянд ва бо ин амалашон ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро халалдор месозанд.

Омӯзиши арзу шикоят ва муроҷиати шаҳрвандон нишон медиҳад, ки то ҳол дар баъзе судҳо нодуруст татбиқ намудани қонун, набудани таҷрибаи ягона ҳангоми таъини ҷазоҳо, ба иҷро пешниҳод нашудани қарорҳо ва таъмин набудани назорати иҷрои онҳо дида мешавад.

Аз ҳисоботи оморӣ бармеояд, ки дар нуҳ моҳи соли 2019 аз ҷониби судяҳо муҳлати баррасии 183 парванда риоя нагардидааст. Ҳарчанд ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст, вале ҳанӯз нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Ҳолатҳои зиёди қабули қарорҳои ғайриқонунӣ ва муросокории ошкоро нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон ҳангоми баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ низ ҷой доранд.

Дар марҳалаҳои кассатсиониву назоратии судҳои болоӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 265 қарорҳои судӣ бекор карда шудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта  8 қарор зиёд мебошад.

Чунин вазъ низ боиси нигаронӣ мебошад, зеро ман борҳо таъкид кардаам, ки судя ҳуқуқи хато кардан надорад, зеро бо қарори судя тақдири инсон ҳал мешавад.

Омӯзиш ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои бекор шудани санадҳои судӣ, пеш аз ҳама, аз он иборатанд, ки судяҳо дар вақти баррасии парванда беаҳамиятӣ зоҳир намуда, ба далелҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ намедиҳанд, ҳолатҳои барои парванда аҳаммиятдоштаро ҳаматарафа намесанҷанд ва дар баробари ин, норасоии дониши касбӣ ва таҷриба, дар баъзе ҳолатҳо мавҷуд будани ғараз нисбат ба парванда боиси татбиқи нодурусти қонунҳо ва дар охир қабули санадҳои ғайриқонунӣ мегардад.

Ҳамзамон бо ин, зикр бояд кард, ки аз ҷониби судҳо таҷрибаи татбиқи ҷазо низ якхела нест. Ин ҳолат, аз ҷумла вобаста ба ҷиноятҳои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор баръало мушоҳида мешавад, зеро судяҳо дар баъзе ҳолатҳо барои миқдори ками воситаҳои нашъадор ҷазоҳои ошкоро вазнин ё барои муомилоти миқдори махсусан калон ҷазоҳои ошкоро сабук таъин менамоянд.

Ин масъаларо ман дар вохӯрии қаблӣ бо судяҳо таъкид карда будам, вале мутаассифона, чунин таҷриба то ҳол идома дорад.

Аз ин лиҳоз, ба судяҳо зарур аст, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо, махсусан, вобаста ба ҷиноятҳои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, таъини табобати маҷбурӣ нисбат ба гирифторони нашъамандӣ риояи қатъии қонунгузории мурофиавии ҷиноятиро ба роҳ монда, ҳангоми ошкор шудани ҳолатҳои ғайриқонунӣ боздоштан ва қатъ кардани парвандаҳои ҷиноятӣ, ғайриқонунӣ дастгир намудани шаҳрвандон, вайрон кардани муҳлати тафтишоти пешакӣ, истифодаи зӯроварӣ ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона ё пасткунандаи шаъну шарафи инсонӣ тамоми чораҳои дар қонун пешбинишударо андешида, адолати судиро бо дарназардошти принсипҳои қонуният, адолат ва инсондӯстӣ таъмин намоянд.

Назорати судӣ дар самти иҷрои саривақтии санадҳои судӣ беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд. Масъулияти судяҳо ҷиҳати назорати иҷрои қарорҳои судӣ бояд баланд бардошта шавад, зеро таъмин нагардидани иҷрои саривақтии санадҳои судӣ норозигии тарафҳои манфиатдори парвандаҳои судӣ ва афкори манфии мардумро нисбат ба фаъолияти судяҳо ба миён оварда, обрӯву эътибори ҳокимияти судиро коста менамояд.

Соли 2008 бо мақсади  иҷрои самараноки санадҳои судӣ иҷрочиёни суд аз тобеияти судҳо ба тобеияти Вазорати адлия гузаронида шуданд, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин иқдом натиҷаи дилхоҳ ба бор наовард ва бо ин мақсад дар назди Ҳукумати мамлакат Хадамоти иҷро ташкил карда шуд.

Ҳоло зарур аст, ки барои ташаккул ва таҳкими фаъолияти иҷрочиён тамоми чораҳо андешида шаванд.

Тибқи ҳисоботи оморӣ ҳоло кор дар ин самт рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Бо вуҷуди ин, ҳолатҳои иҷро нагардидани санадҳои судӣ кам нестанд.

Масалан, дар даҳ соли охир аз ҷониби судҳои умумӣ аз ҳисоби боҷи давлатӣ, мусодираи молу мулк, товони зарари аз тасарруфи молу мулки давлатӣ ва аз дигар ҷиноятҳо расонидашуда ба маблағи як миллиарду 35 миллион сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст. Дар судҳои иқтисодӣ ин маблағ беш аз 6 миллиарду 300 миллион  сомониро ташкил медиҳад.

Аз рӯи нишондиҳандаҳои оморӣ дар солҳои 2017-2018 ва 9 моҳи соли 2019 ба Хадамоти иҷро ва воҳидҳои сохтории он дар маҳалҳо 124 ҳазор ҳуҷҷати иҷро ба маблағи 5 миллиарду 600 миллион сомонӣ ворид шудааст. Аз ин шумора 93 200 ҳуҷҷат ба маблағи 480 миллион сомонӣ ё ҳамагӣ 8,6 фоиз ба иҷро расидааст. Яъне беш аз 90 фоизи маблағҳо рӯёнида нашудаанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асосии иҷро нагардидани санадҳои судӣ дар самти рӯёнидани зарарҳои расонидашуда дар он аст, ки дар вақти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судии парванда оид ба рӯйхат ва ҳабси молу маблағ чораҳои маҷбурии мурофиавӣ мувофиқи тартиб ва муҳлати пешбиникардаи қонунгузорӣ андешида намешаванд.

Аз ҷониби судҳо бе асосҳои зарурӣ боздоштани иҷрои санадҳои судӣ боиси рӯёнида нашудани қисми зиёди ин маблағҳо, яъне дар рӯи коғаз мондани онҳо гардидааст. Дар ин самт дар фаъолияти иҷрочиён низ камбудиҳо ба назар мерасанд.

Аз ин лиҳоз, ба Вазорати адлия ва Хадамоти иҷро супориш дода  мешавад, ки ҷиҳати таҷдиди назар кардани фаъолияти судҳо барои боз доштани истеҳсолоти иҷро лоиҳаи қонунҳои дахлдорро таҳия ва пешниҳод намоянд.

Роҳбарияти Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти Хадамоти иҷро ин масъаларо мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, барои беҳтар кардани иҷрои санадҳои судӣ чораҳои дахлдор андешанд ва ҷиҳати такмили қонунгузорӣ дар ин самт пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.

Имрӯз талаби давру замон аст, ки маърифати баланди ахлоқӣ ва дараҷаи касбиву зеҳнӣ, дониши амиқи ҳуқуқӣ, одоби муошират, адлу инсоф, беғаразӣ, адолатнокиву поквиҷдонӣ бояд меъёри асосии муайянкунандаи шахсият ва фаъолияти ҳар як судя бошад.

Судяҳо ҳангоми иҷрои вазифа дар ҳама ҳолат бояд шаъну шарафи судяро нигоҳ дошта, ваколатҳояшонро бо маҳорати баланди касбӣ анҷом диҳанд ва ба халқу Ватан содиқонаву беғаразона хизмат намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар натиҷаи зиёдшавии шумораи аҳолӣ ва рушди босуботи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа шумораи парвандаҳои судӣ сол ба сол зиёд шуда истодааст. Чунин ҳолат боиси афзоиши сарбории судяҳо шуда, барои босифат ва дар муҳлатҳои муқарраршуда баррасӣ гардидани парвандаҳо метавонад таъсири манфӣ расонад.

Бинобар ин, барои таъмини баррасии саривақтии парвандаҳо, кам кардани сарбории судяҳо ва соддагардонии мурофиаҳои судӣ мувофиқи мақсад аст, ки роҳҳои тосудӣ ва ғайрисудии баррасӣ ва ҳалли парвандаҳо густариш дода шаванд.

Чунин тарзи кор тарафҳоро ба созиш меорад ва ба ҳалли ҳарчи зудтару камхарҷи парвандаҳо мусоидат менамояд.

Барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳои дар фаъолияти судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ҷойдошта, инчунин, таъмини адолати судӣ зарур аст, ки дар мақомоти судӣ тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд:

1. Натиҷаи фаъолияти кории ҳар як судяро дар давраҳои  муайянгардида  мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, ҳангоми ошкор гардидани камбудиҳо нисбат ба онҳо чораҳои пешбининамудаи қонун татбиқ карда шаванд.

2. Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро зарур аст, ки сабабҳои тағйир ёфтан ва бекоршавии қарорҳои судиро таҳлил карда, барои баланд бардоштани масъулияти судяҳо ҷиҳати қабули қарорҳои қонуниву асоснок, беҳтар намудани сифати баррасии парвандаҳо ва роҳ надодан ба кашолкорӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

3. Ҷиҳати иҷрои «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» тавассути ташвиқу таблиғ намудани аҳолӣ ба риояву эҳтироми қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, худдорӣ аз ҳама гуна кирдорҳои номатлуб, аз ҷумла кирдорҳои террористӣ ва экстремистӣ бо роҳи гузаронидани мурофиаҳои судии сайёр, баргузор намудани сӯҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ ва истифода аз воситаҳои ахбори умум тадбирҳо андешида шаванд. Чунин тарзи кор метавонад дар пешгирии ҷиноят ва тарбияи ҳуқуқии мардум бештар таъсиргузор бошад.

4. Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррпусия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ҷиҳати пешгирӣ намудани кирдорҳои коррупсионӣ дар судҳои кишвар тадбирҳои муассир андешида шаванд.

5. Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» баррасии асоснок ва қонунии парвандаҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадорро ба роҳ монда, ба шахсони гунаҳгор бо дарназардошти хусусият ва ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунанд, ҷазоҳои одилона таъин карда шаванд.

6. Барои пешгирӣ кардани қонуншиканиҳо дар самти танзими анъана ва ҷашну маросим ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд судяҳо бояд бо аҳолӣ ҳарчи бештар суҳбату вохӯриҳо гузаронида, парвандаҳои маъмуриро доир ба ин масъалаҳо бо тартиби пешбининамудаи қонун баррасӣ намоянд.

7. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба баррасӣ ва ҳалли саривақтии муроҷиати шаҳрвандон аҳамияти ҷиддӣ дода, дар рӯзҳои муқарраршуда, аз ҷумла рӯзҳои шанбе аз ҷониби роҳбарияти мақомоти судӣ қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шавад.

8. Барои баланд бардоштани эътибору обрӯи ҳокимияти судӣ, таъмини ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ идома дода шуда, ҷиҳати такмили сохтори Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва тақвияти таъминоти моддиву техникии судҳо тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

9. Бо мақсади таъмин кардани самаранокии корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба риоя ва эҳтироми қонунҳо ва ба маълумоти мардум расонидани ҳолатҳои ба ҷинояту қонуншиканиҳо даст задани шаҳрвандон таҷрибаи дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ намудани парвандаҳо густариш дода шавад.

10. Ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу савияи донишҳои касбии судяҳо ва сайқал додани маҳорату малакаи онҳо эътибори ҷиддӣ дода, бо ҷалби мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи ҳуқуқ, донишмандон ва устодони донишгоҳу донишкадаҳо ва Академияи илмҳо барномаҳои омӯзишӣ роҳандозӣ карда шаванд.

11. Ба масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо диққати махсус дода, ҳангоми пешниҳоди номзадҳо ба вазифаи судягӣ донишу маҳорат ва сифатҳои ахлоқии онҳо мавриди омӯзишу санҷиши ҳамаҷониба қарор дода шавад.

12. Барои дар доираи талаботи қонун сари вақт ва босифат таъмин намудани иҷрои санадҳои судӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Дар охир ба ҳамаи шумо – кормандони мақомоти судии кишвар тандурустӣ ва барори кор орзу менамоям.

Умед дорам, ки шумо дар оянда дар таъмини қонуният, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва тантанаи адолату ҳақиқат бо муносибати поквиҷдононаи худ саҳми бештар  мегузоред.

Саломат бошед!

http://www.president.tj