ҲУШЁР БОЯД БУД

Падидаи номатлуби терроризм ва ифротгароӣ имрузҳо саросари кишварҳои ҷаҳон ва аҳолии кураи Заминро хеле ба ташвиш овардааст. Дар қатори давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ифротгароёну террористон аниқу мушаххас буда, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон қатъист. Дар ҳар Паёми худ доири ин падида он кас афкори хешро баён карда, аз ҷумла дар яке аз баромадашон таъкид доштанд, ки «террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад». Пӯшида нест, ки вазъи баъзе давлатҳо аз зумраи Сурия, Ироқ, Афғонистон дар ҳоли муташанниҷ қарор дошта, ин аз аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ муборизаи дастаҷамъонаро талаб дорад. Дар ҳамин радиф роҳбари кишвар дигар давлатҳоро ба муборизаи якҷоя даъват менамоянд. Осудагии мамлакат, осоиштагии ҳаёти аҳли ҷомеа тақозо мекунад, ки мо шаҳрвандон ҳамеша ҳушёр бошем ва таҳти сарварии Пешвои миллатамон муттаҳид гардем.

                                       Судяи суди ноҳияи Шаҳринав:  Шерализода Орзу Шералӣ