Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан
Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан
Дар ҳақиқат мо ҳар сол санаи 27 июн дар саросари Ҷумҳуриямон Рузи Ваҳдати миллиро ҷашн мегирем.
Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон ва ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.
Танҳо бо роҳи Ваҳдат, якдигарфаҳмии истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Танҳо дар сурати Ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуди меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.
Ба ақидаи Пешвои миллатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргис роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу Ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр мекунем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ, ба хориҷӣ кишвар баромадани тоҷикон ва ба суръат зебо гаштани ҳусни Тоҷикистони азизамонро ба миён гузошт.
Бояд иқрор кард, ки дар ба даст овардан ва ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ саҳми Комиссияи оштии миллӣ назарас буд, зеро фаъолияти он самараҳои хуб дод ва ҳамин буд, ки санаи 27- уми июни соли 1997 дар Москав дар ҳузури намояндагони мамлакатҳои ҷаҳон, аз он ҷумла Русия ва Эрон, намояндаи махсуси СММ ҳуҷҷати умумии истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ ба имзо расид. Бо ҳамин ихтилоф ва муноқишаҳои дохилии Тоҷикистон ба анҷом расид. Ба андешаи мутахассисон «Асноди ниҳоии сулҳ дар кишвари мо ба оѓози давраи нави таърихӣ бунёд гузошт.
Маҳз 27 июн аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол пур мешавад. 26 сол мешавад сулҳи деринтизор дар партави ризоияти Ваҳдати миллӣ дар саросари кишварамон тантана дорад. 26 сол боз сулҳу Ваҳдат пойдору устувор ва ба ин васила Истиқлолияти давлатӣ барқарор аст. Пойдории сулҳу Ваҳдати миллӣ ва устувории Истиқлолияти давлатиро дар ҳар қадам ва дар ҳар самт ба хубӣ эҳсос мекунем.Осудагию оромӣ, тинҷию амонӣ, шукуфоиву сарсабзӣ, ободониву фаровонӣ, рушди бомароми иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум, сол ба сол паст шудани сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти миллӣ, тақвияти рукнҳои давлатдорӣ, дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, таҳкими мавқеи давлат дар арсаи байналмилалӣ, риоя ва иҷрои талаботи Конститутсия ва қонунҳо, яъне волоияти қонун ва ба ин васила ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои миллӣ ва амсоли инҳо мафҳумҳое мебошанд, ки маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ ба даст омада, зина ба зина ташаккул ва рушд ёфта истода, Истиқлолияти давлатиро устувортар гардонида истодаанд. Имрӯз мо назар афканем кишвари азизи моро мамлакатҳои ҷаҳон бо пойдор гардидани сулҳу ороми ва ба имзо гардидани Созишномаи истиқрори сулҳ, ки аз он 26 сол пур мешавад, мешиносанд. Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, яъне гулгулшукуфон гашт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.
Хушбахтона, бо дастгириву пешниҳод, ҷаҳду талош, ҷонбозиву талошҳои фарзанди фарзонаи миллат, Сарвари мушфиқу ғамхор, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба сулҳу ваҳдат расидем ва шукрона аз ин неъмати бебаҳо мекунем
Ҷашни Ваҳдати Миллии Ҷумҳурии Тоxикистон барои тамоми мардуми кишвари азизамон муборак бошад
Раҷабзода С.А.
Раиси суди ноҳияи Шаҳринав