ЗАБОН АСОЛАТИ МИЛЛАТ

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси мавқеи забони миллат гуфтаанд: «Забони модарӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сарчашмае ҳаст, ки инсонро ба асолати миллӣ мепайвандад». Барои ҳар як ашхоси ватандӯсту худогоҳ забони миллат муқаддас аст. Бо туфайли соҳибистиқлол гаштани миллати мо забони ноби тоҷикӣ ба мақому мартабаи баланд даррасид, яъне он дар рукни давлатдорӣ нуфузи худро ёфта, коргузориву ҳуҷҷатгузорӣ, қонунҳо бо ҳамин забон мураттаб гашта, дар робитаҳои байни давлатӣ мавриди истифода қарор гирифт. Мавриди зикр аст, ки дар мақому мартабаи забони тоҷикӣ  Президентамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят хизмати барҷаста доранд. Баҳри омӯзишу рушди такомули забони давлатӣ тамоми шароитҳо муҳайё гардонида шуда, дар бобати ҳурмату эҳтироми он худи сардори давлат намунаи ибрат мебошанд. Таҷлили рӯзи забон ҳар сол санаи 5-уми октябр баҳри насли наврас ҳидоят дар роҳи қадршиносии мақоми забони давлатӣ маҳсуб меёбад.

                                                        Судяи суди ноҳияи Шаҳринав: Идрисзода Балаҷон Алиҷон