МАҶЛИСИ ПЛЕНУМИ СУДИ ОЛӢ

Рӯзи 24 июли соли 2019 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси навбатии Пленуми Суди Олӣ баргузор гардид.
Дар маҷлиси Пленум бо мақсади ҷорӣ намудани таҷрибаи якхела ва татбиқи дурусти қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— «Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба гирифтан, додани пора ва ришвадиҳии тиҷоратӣ» аз 19 декабри соли2008, № 11,
— «Дар бораи таҷрибаи судии баррасии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои ноболиғон» аз 12 декабри соли 2002, №6,
— «Дар бораи таҷрибаи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ, худсарона тарк кардани қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизмат, фирор ва саркашӣ аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи узвмаибкунӣ ё усули дигар» аз 26 июни соли 2009, №19 тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардиданд.
Ҳамчунин дар Пленум масълаҳои ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба ҳайатҳои Раёсату коллегияҳои судии Суди Олӣ, Шӯрои илмию машваратии Суди Олӣ, таҳририяи маҷаллаи «Нашрияи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва раёсатҳои судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон тағйиротҳо ворид карда шуданд.

Мавод аз сомонаи расмии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст.