ИСТИҚЛОЛИЯТ — МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТ
Мусаллам аст, ки тоҷикон дар даврони шӯравӣ бо халқҳои бародар ва бо кӯмаки ҳамдигар дар оилаи ягонаи халқҳои баробарҳуқуқ арзи вуҷуд дошта, дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ бемайлон пеш рафта, дорои саноату нақлиҳти мутараққӣ, риштаҳои густаришҳфтаи кишоварзӣ ва илму фарҳанги оламгир гардида буданд. Аммо ҷумҳурӣ ба маънои томаш мустақил набуд.
Таърих гувоҳ аст, ки истиқлолият худ ба худ ба даст намеояд. Вале истиқлолияти ба даст овардаи мо чун ҳадяи яздони пок 9 -уми сентябри соли 1991 ато шудааст. Иҷлосияи щайринавбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон (сентябри соли 1991) рӯзи 9 сентябрро чун санаи ташкилёбии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон намуд. Ин рӯз марҳалаи навест дар таърихи халқи тоҷик, ки бо хатти заррин сабт шудааст.
Тоҷикистони мустақил узви ҳамбастагии ҷаҳон буда, сиёсати берунаи он барои мустаҳкам кардани сулҳ, бехатарии ҷаҳон ва ҳамкории байни халқҳо равона карда шудааст. Халқи тоҷик эъломияро дар бораи истиқлолияти хеш бо хушнудӣ истиқбол кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд, ки «Орзӯи ба даст овардани мустақилияти миллӣ амалӣ гашт. Ва дар асл чунин осон ба даст омадани озодӣ ва истиқлолро касе ҳам тасаввур надошт. Ин истиқлолият ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он масъулияти таърихии наслҳои имрӯза мебошад».
Истиқлолият ин омили бузурги давлатдории миллӣ, кишвари ободу озод, миллати дар ҷаҳон бо дигарон баробарҳуқуқ, соҳиби забону фарҳанги хеш, хештаншиносиву худшиносист.
Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.
Мову шумо аз фарози асри бистуяк бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарастии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони ватанпарвар навишта шудаанд.
Аз ин лиҳоз, давраи бисту нуҳ солаи истиқлолияти Тоҷикистон дар умқи таърихи куҳанбунёдамон реша дорад ва ҳамеша аз он нерӯву ғизо мегирад.
Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба халқу мамлакати мо қувваи тавоное бахшида, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоиду озод фароҳам овард ва имрӯз мо дилпурона метавонем гӯем, ки Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.
Истиқлолият қадами устувору бебозгашти таърихии кишвар аст ва онро мебояд дониста, дастгирӣ кард, ба рушди минбаъдаи он саҳми эҷодкорона гирифт. Ин неъмати бебаҳо тавонист муаррифгари миллати тамаддунофари тоҷик дар арсаи байналмиллӣ гардад. Маҳз самараи ин неъмати бебаҳо буд, ки забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ касб намуда, ҳунарҳои миллии мо аз сари нав эҳё гашт. Истиқлолият барои давлати мо муждаи тозаи давлатдории ҳақиқии тоҷиконро овард. Амну осудагӣ, сулҳу ободӣ, бунёдкориву пешравӣ, навсозиву озодандешӣ ва тараққи имрӯзаи Ватан ҳама самараи истиқлол аст. Ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшиносро зарур аст, ки барои боз ҳам мустаҳкам гаштани пояҳои истиқлолияти ватани азизамон камари ҳиммат банданд, то ки нагузоранд, душманони миллат теша ба пояҳои ин неъмати бебаҳо зананд.
Раиси суди
ноҳияи Шаҳринав Саидзода М.Ш.