МАҶРОИ СОЗАНДАГӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

                                                          МАҶРОИ СОЗАНДАГӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

          Соли гузашта баҳри Тоҷикистон, чуноне, ки дар Паёми худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози нутқ қайд кардаанд …”бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, тағирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид”.

        Оре, ягонагиву ваҳдати халқи меҳнатқарини мо дар фазои сулҳу осудагӣ имкон фароҳам овард, ки дар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳо ба амал омада боиси тараққиёти иқтисодиёти мамлакат шавад. Ҳаминро зикр кардан ба маврид аст, татбиқи стратегии миллии рушди кишвар ба чандин барономаҳо дар дохили ҷумҳурӣ пояҳои принсипи адолати иҷтимоиро тақвият бахшида ба инкишофи иқтидори истеҳсолӣ ва неруҳои инсонӣ мусоидат намуд. Рушди иқтисоди миллӣ сабаби вусъатёбии ташаббусҳои созандаву ободкориҳои халқи шарифи мо хоҳад гашт, ки ин маҷро Ватани моро боз ҳам ободу шуҳратёр месозад.

      

                            Судяи суди ноҳияи Шаҳринав:  Аюбзода Наҷмиддин Садриддин