ОҚИБАТҲОИ ҲУҚУҚИИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ҚУВВАИ БАРҚ

                  ОҚИБАТҲОИ ҲУҚУҚИИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ҚУВВАИ БАРҚ

          Рушди соҳаи энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як самти муҳим ва стратегӣ дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мебошад. Тоҷикистон дорои манбаъҳои бойи энергетикӣ, бахусус манбаъҳои обӣ аст, ки дар рушди соҳа энрегетикаи сабз нақши муҳим доранд. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро барои беҳтар кардани инфраструктураи энергетикии худ ва таъмини аҳолӣ бо барқ истифода мекунад. Нерӯгоҳҳои бузург, ба монанди нерӯгоҳи барқии обии Норак, яке аз бузургтарин нерӯгоҳҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ, ба ҳисоб меравад. Бештари истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон аз нерӯгоҳҳои обӣ аст, ки аҳамияти онҳо барои таъмини аҳолӣ ва рушди иқтисод муҳим мебошад. Саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи энергетика беназир аст, соле чанд аст, ки бо ибтикори ӯ дар кишвар бузургтарин нерӯгоҳи барқии обии Роғунро сохта истодаанд.

Яке аз мушкилотҳои калон, ки ба рушди соҳаи энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад нодуруст истифода намудани қувваи барқ ва ё ғайриқонунӣ истифодаи он мебошад. Мушкилот ва проблемаҳои масрафи кувваи барқ метавонанд ба хелҳои гуногун ва омилҳои зиёде вобаста бошанд. Дар таҳлили умумӣ, онҳо метавонанд бо мушкилоти иқтисодӣ, муҳити зист ва технологӣ рабт дошта бошанд. Баъзе аз мушкилот ва проблемаҳои асосии масрафи кувваи барқ ба ҳисоб меравад. Масрафи зиёди кувваи барқ дар баъзе кишварҳо ё минтақаҳо, ки метавонад бо сабабҳои мухталиф ба мисли беқувватии инфрасохтор, таъмири кам ё норасоиҳои интиқоли барқ дар шабакаҳо иртибот дошта бошад. Тавре ки маълум аст, дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, беҳбудии истифодаи қувваи барқ ва сарфаи он аҳамияти баланд дорад, ки на танҳо сабаби коҳиш ёфтани хароҷоти иқтисодӣ, балки таъсири мусбат ба муҳити зист мегузорад.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28-уми декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, таъкид шудааст, ки вазорату идораҳои дахлдор ва шахсони масъул вазифадор мешаванд, ки ба татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии соҳа, бахусус дар самти кам кардани талафоти барқ, тадбирҳои муассир ва самаранок андешанд. Ин масъала махсусан муҳим аст, зеро талафоти барқ дар ин соҳа ба рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини устувории интиқоли энергетикӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Барои пешгирӣ аз истифодаи ғайриқонунии барқ, меъёри нав ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ворид карда шудааст, ки барои тағйир додани нишондоди ҳисобҳои барқ ва истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ҷазоҳои сахт таъин карда мешавад. Санаи 2-юми апрели соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо мақсади таҳкими ҷавобгарии шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ таҳия шудаанд, қабул намуд.

Бо мақсади пешгирӣ намудан аз чунин омилҳои номатлуб дар асоси  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз санаи 15 апрели соли 2025 таҳти №2163 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 253 иловаи 1 ворид карда шудааст, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ яъне аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи барқ, инчунин истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. Ҳамин кирдор, агар; ба миқдори калон; аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ; аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар; ба миқдори махсусан калон; аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.

Ҳамзамон дар асоси  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз санаи 15 апрели соли 2025 таҳти №2164 моддаи 382 дар таҳрири нав ворид карда шудааст, ки он ҷавобгарии ҳуқуқвайронкунии маъмуриро барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ яъне бароӣ истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима татбиқ карда мешавад.

Дахолат ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ яъне ба таври расмӣ, дахолат ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади паст кардани ҳисоб ё насупоридани маблағ қонунӣ мебошад. Истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунии дуруст ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ яъне агар як шахс ё ташкилот қувваи барқро бе пайваст шудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ истифода кунад, он ҳамчунин як амали ғайриқонунист ва сазовори ҷазо этироф карда мешавад.

Истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунии ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ дар мавридест, ки шахс ё ташкилот қувваи барқро бе васли дурусти ҳисобот ва бе истифодаи таҷҳизоти ҳисобкунӣ гирифта, истифода мебарад.

Дар маҷмӯъ, агар кирдоре, дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ дубора ба амал ояд, он дар назар дорад, ки яке аз шартҳои ҳуқуқӣ ҷиноятӣ барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан асос мешавад.

Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ метавонад таҳдидҳои ҷиддӣ ба бехатарӣ ва муҳити атроф эҷод кунад. Ҳар як фалокат ё садамае, ки бар асари вайрон кардани ин қоидаҳо рӯй медиҳад, метавонад на танҳо ба шахсиятҳо, балки ба ҷомеа низ зарар расонад.

 

                             Раиси суди ноҳияи Шаҳринав:                   Раҷабзода С.А.