МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ 25 — УМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ

Рӯзи 5 ноябр дар бинои суди ноҳияи Шаҳринав ба ифтихори таҷлили 25 – умин солгарди Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он Раиси суди ноҳияи Шаҳринав муҳтарама Саидзода М.Ш. ва кормандони дастгоҳи суд суханронӣ карданд.

Дар оғози маҷлис Раиси суди ноҳияи Шаҳринав муҳтарама Саидзода М.Ш. иброз намуданд, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми кишвар мебошад.

Конститутсияи ба давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки дар муддати хеле кӯтоҳ ба комёбиҳои назаррас ноил гарданд. Халқи тоҷик бо такя ба мероси фарҳангӣ ва маънавии миллат, ба кишваре табдил ёфт, ки дар он ҳувияти миллӣ боло рафта, мардуми шарафманди он аз захираи маънавии хеш баҳра гирифта побарҷо ва устувортар гардид. Инчунин дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикситон эълон гардид, ки Тоҷикистон давлати демократию ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҳамчунин инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф гардида, ҳаёт қадр номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии ӯ дахлнопазир эълон карда шуданд.

Сипас, котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Шаҳринав Ҳамдамзода А.Т. дар мавзӯи “Конститутсия-бахтномаи миллат” баромад намуда, иброз намуд, ки инак мо дар арафаи 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва мардуми тоҷик бо камоли ифтихор ҳамасола 6 ноябрро ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикиситон қайд менамоянд.

Боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардид. Вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат мебошад, ки Конститутсияро эҳтиром ва риоя намояд.

Дар фарҷом Раиси суди ноҳияи Шаҳринав муҳтарама Саидзода М.Ш. кормандон ва тамоми мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии санаи таърихиву сарнавиштсози миллату давлат муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар як фарди тоҷик сулҳу оромӣ, бахту иқболи нек ва ба кишвари азизамон пешрафти рӯзафзун таманно намуданд.