Моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсия шаҳодатномаи миллат аст.(Э.Раҳмон). гуфтаи зерини Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти ҶТ, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Э.Раҳмон беасос нест. Зеро маҳз Конститутсия тарзи давлату давлатдорӣ, сохторҳои асосии давлатӣ, низоми идоракунии давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими давлативу сиёсиро ба танзим медарорад. Таввассути Конститутсия тамоми муносибатҳои ҷамъятӣ танзим гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд кафолат дода мешаванд. Доштани Конститутсияи ягона яке аз аломатҳои давлати ягона ба шумор меравад. Чунки дар қаламрави давлат аз Конститутсия дида ягона санади ҳуқуқии дигари баробар эътибор вуҷуд надорад.

Таърих гувоҳ аст, ки Конститутсияи имрузаи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон дар вазъияти номутташаниҷи сиёсӣ қабул карда шудааст. Агар ба таърихи Конститутсияҳои ҶТ назар афканем ба мо маълум мегардад, ки дар Тоҷикистон то ба имруз 5 маротиба Конститутсия қабул карда шудааст. Аммо дар таърихи тоҷикон Конститутсияи имрузамалкунанда Конститутсияе мебошад, ки Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон кард.

Дар асоси Фармони Президенти ҶТ Р.Набиев аз 10.02.1992 гуруҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни асосӣ таъсис дода шуд. Охири моҳи апрели соли 1992 лоиҳаи қонуни асосӣ барои муҳокимаи шаҳрвандон дар матбуот нашр гардид. Дар ин замон вазъи сиёсии мамлакат тағйир ёфт, зеро гуруҳҳои мухолифи Ҳукумати ҳамонвақтаи кишвар пайдо гардида, оромии мамлакатро халадор намуданд ва инро ба назар гирифта бо Қарори Шурои олии ҶТ “Дар бораи вазъи сиёсӣ дар ҶТ” муҳлати муҳокима то 1.07.1992 дароз карда шуд. Вазъи ноороми сиёсии мамлакат охир ба ҷанги шаҳрвандӣ расонид ва дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид ва раванди ислоҳоти конститутсионӣ дар ҶТ ба таъхир афтод.

Моҳи ноябри соли 1992 дар ҶТ иҷлосияи таърихсоз баргузор гардид. Таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи нав пас аз баргузории иҷлосияи 16 Шурои Олии ҶТ аз нав оғоз гардид. Дар Иҷлосияи мазкур Қарор “Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Шурои Олии ҶТ аз 23.08.1990 “Дар бораи ташкили комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки дар асоси он Комиссияи конститутсионӣ таҳти сарварии Раиси Шурои Олии ҶТ( ки дар он вақт вазифаи мазкурро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти ҶТ, Ҷанобил олӣ, муҳтарам Э.Раҳмон ба зимма дошт) таъсис ёфт.

Моҳи ноябри соли 1993 Президиуми Шурои Олии ҶТ комиссияи конститутсионӣ ва гуруҳи кориро оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав ташкил намуд. Ба ҳайати ин гуруҳи корӣ олимон, кормандони амалӣ ва коршиносон шомил кардашуданд.

Дар давоми шаш моҳ гуруҳи корӣ ду лоиҳаи конститутсияро пешниҳод намуд. Тибқи лоиҳаи аввал тарзи идоракунии ҶТ шакли парлумонӣ ва лоиҳаи дуюм ба тарзи идоракунии президентӣ бахшида шуда буд.  Комиссияи конститутсионӣ дар натиҷаи муҳокима лоиҳаи Конститутсияро, ки шакли идоракунии президентиро ҳимоя мекунад маъқул дониста онро ба муҳокимаи халқ пешниҳод намуд. Лоиҳаи Конститутсияи ҶТ тибқи қарори Раёсати Шурои Олии ҶТ аз 13.04.1994 ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия гардид.

Дар давоми зиёда аз ду моҳи муҳокимаи лоиҳа аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ зиёда аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод ба Шурои Олӣ ворид гардид.

6 ноябри соли 1994 Конститутсияи ҶТ дар райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Чи тавре қайд кардем дар таърихи Тоҷикистон то ба имруз 5 маротиба Конститутсия қабул карда шуд. Конститутсияи имрузамалкунандаи ҶТ бо як қатор хусусиятҳояш аз дигар конститутсияҳои Тоҷикистон фарқ мекунад, ки аз инҳо иборат аст:

  1. Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон кард. Ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистон дар моддаҳои зерини Конститутсияи ҶТ кафолат дода шудааст. Тибқи талаботи моддаи 5 Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ ба шумор мераванд. Чӣ тавре аз мазмуни моддаи мазкур бармеояд, ки дар ҶТ аз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он дида ягон арзиши болое вуҷуд надорад. Ягон манфиат инсон ва ҳуқуқу озодиҳояшро поймол карда наметавонад. Дар Конститутсияҳои пешин бошад дар ҷои аввал манфиатҳои давлати советӣ меистод, баъд дигар манфиат ва ҳуқуқу озодиҳо. Дигар моддае, ки ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистонро мустаҳкам мекунад ин моддаи 14 Конститутсия ба шумор меравад, ки тибқи талаботи қисми 2 моддаи мазкур ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.
  2. Тарзи амалӣ гардидани ҳокимияти давлатиро тавассути таҷзияи ҳокимияти давлатӣ муқаррар кард. Принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ин яке аз нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Тибқи талаботи моддаи 9 Конститутсияи ҶТ ҳокимияти давлати дар ҶТ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ карда мешавад. Принсипи мазкур аввалин маротиба дар қаламрави ҶТ соли 1990 ҳангоми қабул намудани Эъломияи истиқлолияти давлатии ҶТ пайдо гардида дар эъломияи мазкур мустаҳкам карда шуд. Мақсади принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ин суистифода накардани ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби яке аз шохаҳои он мебошад. Принсипи мувозинат ва боздории шохаҳои ҳокимияти давлатӣ яке аз кафолатҳои амалишавии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад.
  3. Тарзи демократии ташкил ва фаъолияти мақомотҳои давлатиро муқаррар намуд. Зеро тибқи талаботи моддаи 6 Конститутсияи ҶТ дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалкӣ ва интихобот аст. Дар ҶТ масъалаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ аз ҷумла қабул ва тағйиру иловаҳо ба конститутя, интихоботи Президент, интихоботи аъзои маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, интихоби вакили маҷлиси маҳаллӣ тариқи райъпурсии умумихалқӣ ва интихобот сурат мегирад.
  4. Гуногуншаклии моликият ва фаъолияти озоди иқтисодиро кафолат дод. Тибқи талаботи моддаи 12 Конститутсияи ҶТ асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил мекунад. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Кафолати мазкурро ягон конститутсияҳои пешини Тоҷикистон пешбинӣ накарда буд. Бояд қайд кард, ки гуногуншаклии моликият яке аз воситаҳои таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи щар шахс ба шумор меравад, ки таъмин намудани онщоро дарлат тибци талаботи цисми 2 моддаи 1 Конститутсия ба зиммаш гирифтааст. Аз ҷониби дигар инкишофи иқтисодиёт ин асоси инкишофи давлат, пойдории мақомотҳои давлатӣ, таъминоти иҷтимоии мардум ба шумор меравад.
  5. Фарқияти дигари Конститутсияи амалкунандаи Тоҷикистон аз Конститутсияҳои пешинаи Тоҷикистон дар шакли қабул ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он ба шумор меравад. Тибқи талаботи моддаи 98 Конститутсияи ҶТ тағйиру иловаҳои Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад. Конститутсияҳои шуравии Тоҷикистон аз ҷониби Шурои Олӣ қабул ва бо чунин тартиб ба он тағйироту иловаҳо ворид карда мешуд. Бо роҳи раъйпурсӣ қабул гардидани Конститутсия ва ба он ворид намудани тағйироту иловаҳо яке аз омилҳои демократии давлат ба шумор меравад.

Конститутсияи амалкунандаи ҶТ бо дигар хусусиятҳояш аз конститутсияҳои пешинаи Тоҷикистон фарқ мекунад, масалан меҳнат карданро ҳамчун ҳуқуқ эътироф намуд, сиёсати сулҳҷуёнаро бо дигар давлатҳоро Тоҷикистон муайян намуд, замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ ва олами набототу ҳайвонот моликияти истисноии давлатӣ эътироф гардид ва давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқи Тоҷикистон кафолат дод ва ғайраҳо.

Муносибатҳои ҷамъиятӣ хусусияти догма (шахшуда) нестанд ва онҳо доимо дар инкишофанд. Баробари инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ меъёрҳои ҳуқуқие ки он муносибатҳоро ба танзим медароранд бояд инкишоф ёбанд. Инро ба назар гирифта ба Конститутсияи ҶТ то ба ин руз се маротиба санаҳои 26.09.1999, 22.06.2003 ва 22.05.2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Охир маротиба санаи 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи ҶТ таӯйироту иловаҳо ворид карда шуда, он ба талаботи имрузаи Тоҷикистон ҷавобгӯ гардонида шуд.

Раиси суди

ноҳияи Шаҳринав Саидзода М.Ш.